Президенти ман – ифтихори ман

Тақдими акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иштирокашон дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба Китобхонаи миллӣ.

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 -уми ноябр аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Президенти ман – ифтихори ман» роҳандозӣ гардид.

Мақсади асосии ин аксия инъикос ва арҷгузорӣ ба нақши таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, боло бурдани рӯҳияи  ватандӯстӣ ва ифтихори ҷавонон аз дастовардҳои даворони истиқлол мебошад.

Дар доираи ин аксияи ҷумҳуриявӣ, акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иштирокашон дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром, садоқат ва сипосгузорӣ ба Осорхонаҳо, Китобхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ тақдим карда мешавад.

Имрӯз ин тӯҳфаи арзишманд ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Бояд гуфт, иқдоми мазкур ҳамчун рамзи эҳтиром ба хидматҳои Пешвои миллат ва барои нигоҳдории хотираи ин рӯйдоди таърихӣ дар Китобхонаи миллӣ сурат гирифт.

Аксияи «Президенти ман – ифтихори ман» идомаи мантиқии сиёсати ҷавононпарваронаи Пешвои миллат буда, ҷавобгӯи ормонҳои созандаи насли наврасу ҷавон дар роҳи рушди устувори давлатдории миллӣ мебошад.

 

Наргис НАЗАРЗОДА

 

Теги: робита бо ҷомеа