Профессор Асозода: Шогирде аз мактаби адабии устод Айнӣ. Бахши охир
Ба ақидаи С. Табаров боз садсолаҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик сипарӣ мешаваду шахсияте чун С. Айнӣ дар соҳаи адабиёт зуҳур нахоҳад кард. С. Айнӣ ба монанди А. С. Пушкин дар адабиёти рус шахсияти нотакрор мебошад. Ба таъбири академик Д. С. Лихачёв барои шеъри ду асри охири русро шинохтан кифоя аст, ки шеъри А. С. Пушкинро мутолиа намоем, зеро шеъри баъдии рус ба сатҳи шеъри А. С. Пушкин расида натавонист.
Муболиға намешавад агар бигӯем, ки насри нави тоҷик баъд аз сари С. Айнӣ ҳамон насрест, ки мавзӯъҳои осори устод Айниро ба таври худ инкишоф додааст. Ҳарчанд, ки ду шогирди устод- С. Улуғзода ва Ҷ. Икромӣ дар соҳаи насри тоҷик мақоми хоса доранд, боз ҳам мешавад гуфт, ки онҳо ҳарфҳои нотамоми устодашонро вобаста ба саҳифаҳое аз таърихи дуру наздики миллат ба тамомият расониданд. Яъне, афкори адабиву эстетикии С. Айнӣ қодир аст даҳсолаҳои дигар адибони наслҳои ояндаи тоҷикро бо маводди назариву амалӣ таъмин намояд. Ин воқеиятро С. Табаров ҳанӯз овони аспирантӣ дарёфт, ба омӯзишу таҳқиқи осори С. Айнӣ даст зад ва аз нахустин қадамҳо дар ҷодаи айнишиносӣ ба дифои ӯ бархост, бо далелу таҳқиқи айниёна ба аввалин муқарризи С. Айнӣ- Нарзулло Бектош, ки дар заминаи ғараз ва нодидагирӣ ба фаъолияти эҷодии устод Айнӣ, соли 1933, баҳои манфӣ дода буд, зарба зад.
Ҷолиб он аст, ки дар боби дифоъ аз устод Айнӣ С. Табаров, пеш аз ҳама, ақидаҳои адабиву эстетикии худи С. Айнӣ кор мегирад ва ба воситаи ду мақолаи С. Айнӣ- “Эзоҳ” ва “Ҷавоби ман”, ки ҷавобан ба мақолаи “Садриддин Айнӣ ва адабиёти инқилобии тоҷик”-и Н.Бектош ва китобчаи ҳамон муаллиф “Садриддин Айнӣ ва эҷодиёти ӯ” як қатор масъалаҳои адабӣ, эстетикӣ, назарявӣ ва таҷрибаи эҷодии С. Айниро ошкор месозад ва омӯхтани онро барои муҳаққиқони эҷодиёти устод ҳатмӣ мешуморад. Чунин ба назар мерасад, ки С. Табаров соли 1966 барои навиштани чунин мақолае маҷбур мешавад. Зеро ӯ ба сифати яке аз нахустин муҳаққиқони рӯзгор ва эҷодиёти С. Айнӣ мебинад, ки таҳқиқгарон осори мансури С. Айнӣ дар баррасии эҷодиёти устод ба афкори назариявӣ ва адабиву эстетикии С. Айнӣ, ки дар ду мақолаи номбурдаи вай- “Эзоҳ” ва “Ҷавоби ман” омада дақиқона мутаваҷҷеҳ нашудаанд. С. Айнӣ устоди сухане буд, ки асрори эҷодиашро пинҳон нигоҳ намедошт, балки ошкоро онҳоро баён месохт ва хурдтарин ҷузъиёти бадеиро олимона меомӯхт, даҳҳо маротиба мувофиқати онҳоро бо воқеият месанҷид ва баъд ба хонанда пешкаш менамуд. Устод аз адибоне буд, ки вақти дар ҳаёт будан оид ба лабораторияи эҷодиаш маълумот пешниҳод кард, ҳол он ки чунин амамлро баъд аз вафоти адиб тагу рӯ кардани бойгонии ӯ анҷом додан мумкин мешуд. Ҳарчанд ки С. Айнӣ дониши назарияи адабиёти аврупоӣ надошт, аз муҳтавои ду мақолаи мазкур бар меояд, ки вай донандаи хуби масъалаҳои назарияи адабиёт будааст. Бузургии С. Айнӣ дар он аст, ки ба воситаи он ду мақола назарияро ба амалияи адабиёт омезиш дода, Н.Бектоши то ҷое аз назарияи адабиёти аврупоӣ воқифбударо огоҳ месозад, ки назариядонӣ ҳоло чунин маъниро дода наметавонад, ки ӯ ба омилҳои пайдоиши адабиёти бадеӣ воқиф мебошад. С. Табаров бар ин ақида аст, ки барои эҷодиёти С. Айниро баррасӣ намудан муҳаққиқро зарур аст, ки бо афкори адабӣ, эстетикӣ ва фалсафии устод ошно бишавад, дар акси ҳол таҳқиқи осори С .Айнӣ аз нуқтаи назари адабиётшиносӣ ба ӯ муяссар нахоҳад шуд.
ПРОФЕССОР АСОЗОДА: ШОГИРДЕ АЗ МАКТАБИ АДАБИИ УСТОД АЙНӢ. БАХШИ 1
Метавон гуфт, ки сархати ҳар мақолаву гузоришҳои илмии С. Табаров бо исми С. Айнӣ ва мақому манзалати умумиҷаҳонии ӯ оғоз меёбад. С. Табаров бештар ба саҳифаҳои дар торикимондаи эҷодиёти С. Айнӣ муроҷиат менамояд ва ҳамеша дар навиштаҳои ба С. Айнӣ бахшидааш аз проблемагузорӣ истифода менамояд, ки сарчашмаашон ин ё он асари алоҳидаи устод С. Айнӣ мебошад. Масалан, С. Табаров баъд аз таҳқиқи адабиётшиносии романи “Ғуломон”-и С. Айнӣ, тақрибан ба баррасии асарҳои калонҳаҷми устод монанди “Дохунда”, “Ёддоштҳо”ва ғайра машғул нагардида, балки ба асарҳои номашҳур ва то ҷое фаромушшудаи С. Айнӣ монанди “Заруриёти диния”, “Тартил-ул-Қуръон”, “Таҳзиб-ус-сибён”, “Духтарбача ё ки Холида” ва ғайра муроҷиат менамояд. С. Табаров ақидаҳои адабӣ- эстетикӣ ва педагогии устод Айниро, пеш аз ҳама, дар ҳамин навъ асарҳои ҳаҷман хурди адиб ҷустуҷӯ кардааст, зеро ин афкор барои падид омадани асарҳои калонҳаҷми С. Айнӣ ёрӣ расонидаанд. Як сирри эҷоди С. Айнӣ дар он зоҳир мегардад, ки асарҳояш давоми мантиқии якдигаранд. Ба ибораи дигар, асари аввалӣ барои асари баъдӣ мавзуъ медиҳад ва дуввумӣ ба сеюмиву чорумӣ ва гайра. Сарчашмаи ҷанбаи маърифатӣ ва панду ахлоқии ҳама асарҳои калонҳаҷми устод монанди “Одина”, “Дохунда”, “Ғуломон”, “Марги судхӯр”, “Ятим” ва “Ёддоштҳо” ҳамон асарҳои “ноаёни” ӯянда, ки дар боло аз онҳо ном бурдем. Ба ин маънӣ, осори бузургҳаҷми С. Айниро бидуни донистани китобчаҳои моҳияти таълимиву педагогидошта ба таҳқиқ гирифтан нашояд. Дар ин ҷода аввал бояд “Алифбо”-и С. Айниро омӯхт ва сипас ба таҳқиқи “Абҷад”-и ӯ даст бояд зад. Афсус, ки айнишиносон ба чунин ҷиҳати масъалаи айнишиносӣ камтар мутаваҷҷеҳ мешаванд, балки якбора аз “ҳарфи калон”-и устод оғоз менамоянд ва дар натиҷа ба умқи эҷодиёти С. Айнӣ расида наметавонанд. Ҳар коре, ки С. Табаров дар боби айнишиносӣ анҷом додааст, муҳаққиқони С. Айниро огоҳ сохтааст, ки осори адабиву илмӣ ва эстетикиву педагогии устодро олимона, бо овардани далелу бурҳонҳои адабие, ки кашфи худи устоданд, ба таҳқиқ бигиранд, зеро кам адабиётшиносе пайдо мешавад, ки масъалаҳои назариявии адабиёти бадеиро аз С. Айнӣ хубтару бештар донад. Бинобар ин, дар таҳқиқи филологии осори С. Айнӣ дониши худи ӯро сараввал бояд мадди назар гирифт. На ҳар соҳибқалам метавонад даъвои айнишиносӣ кунад. Барои С. Айниро шинохтан ба китобхонаҳои марказҳои фарҳангӣ сар задан нашояд, балки “китобхона”-и устодро бояд хонд ва бойгониашро тагу рӯ кард. С. Табаров айнишиносест, ки дар мутолиаи адабиётшиносии осори С. Айнӣ маҳз аз “махзани адаб”-и ӯ фаровон истифода менамояд ва монанди устод ҳар лаҳзаву падидаи адабиро даҳҳо маротиба месанҷад, муқоиса мекунад, боварӣ ҳосил менамояд ва сипас ҳамчун саҳифаи таҳқиқие дар китобеву рисолае устодро ба таҳқиқ мегирад. Баъд аз мутолиаи чандсолаи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии С. Айнӣ С. Табаров ба чунин хулоса меояд, ки Садриддин Айнӣ нависандаест, ки мероси бадеии ҳазорсолаи тоҷикро бо сарвати бадеии пешқадами башарият сахт пайвастаст ва методу равияҳо ва услубҳои бадеи миллиро бо хусусиятҳои адабиёти олам ва пеш аз ҳама, адабиёти рус алоқаманд намудааст ва бо ҳамин барои адабиёти ҷаҳонӣ мақоми ба худ хос пайдо кардани адабиёти тоҷик саҳми бузурге гузоштааст.
Ҳамин навъ афкори адабӣ ва илмии С. Табаровро дар мавриди мақом ва нақши С. Айнӣ дар китоби адабиёти ҷаҳонӣ аз ҳар мақолаву рисолаи эшон ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. С. Табаров дар ҷодаи айнишиносӣ дигаронро такрор накарда, балки фикру мулоҳизаи илмии худро дорад, ки китобе аз назарияи адабиётро дар заминаи устод осори устод Айнӣ ташкил дода метавонад. Боби айнишиносии С. Табаров хеле серсоҳа буда, устодро ҳамчун нависандаи забардаст, шоири оташинсухан, забоншиносу луғатшиноси моҳир, муаррих, донандаи назарияи адабиёт ва ғайра муаррифӣ менамояд. Чунон ки гуфтем, дар ин боб С. Табаров аз тарзу услуби таҳқиқи айниёна истифода менамоянд ва худро ҳамчун муҳаққиқи навъи С. Айнӣ мешиносад. Умуман, мавзӯи айнишиносии С. Табаров барои наслҳои баъдии муҳаққиқони осори С. Айнӣ маводи фаровоне дода метавонад, умед аст, ки ин боби адабиётшиносии тоҷик дар оянда муҳаққиқони худро хоҳад ёфт. Тавре ки афкори адабии С.Айнӣ барои С.Табаров маводи назариявиву амалӣ ато намудааст, афкори айнишиносии С.Табаров ҳам бори чанд рисолаи илмиро бардошта метавонад.
Поёни матлаб.
Ноябри с 2004.
МАНБАЪ: Худойназар АСОЗОДА: “”Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ”. душанбе, соли 2010.
Хоҳишмандон ин китоби пурмуҳтавои профессор Х.Асозодаро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон