Профессор Худойназар Асозода: “Ҷойи устод Турсунзода холист”
Усто Турсуни қаратоғӣ нахустписарро ба он хотир Мирзо ном гузошт, ки ў мактаб хонаду «котиб» шавад, завчаи шоиртабъи усто Турсун- Холбибӣ, то ки Мирзо шоир шавад, дар гўши ў шеъри Ҳофизу Бедилро мехонд. Амаки Мирзо – Қорӣ Абдурозиқ, ки таҳсилкардаи мадрасаҳои Бухоро буд, Мирзои хурдсолро бо худ мегирифту ба ҳар куҷо мебурд ва ба ў дарси шеърофаронӣ медод, шеърҳои наврўзиашро барояш бо садои маҳину дилнишин кироат мекард. Бошандагони деҳаи Қаратог, ки зотан самарқандизод буданд, сари Мирзои кунҷковро сила менамуданд ва дасти дуо мебардоштанд, ки ў ба гузашти айём боиси ифтихорашон шавад.
Дар маҷмуъ он чи гуфта шуд сарчашмаҳои аввалияи маънавие буданд, дар шоиршавии Мирзо Турсунзода. Чаҳордаҳ соли рўзгори Мирзо дар зодгоҳаш барабас набуда, балки ўро ба ҷавони дорои дониши ибтидоии муайяне табдил дод ва сипас ҷониби пойтахти ҷумҳурӣ- Душанбе раҳнамунаш сохт, ба он ният, ки ҳама бузургон аз деҳ ба шаҳрҳои фарҳангӣ омадаанд ва ба дараҷаи бузургӣ расидаанд. Мирзо аз аввалин муаллими мактабиаш Абдурраҳмон Ғуломӣ дуо гирифту бо як рафиқаш, соли 1926 ба пойтахт омад ва ба педкомбинати Душанбе (омўзишгоҳи педагогӣ) дохил шуд. Ба истилоҳи академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ин муассисаи таълимӣ якумин ятимхона (интернат)-и Тоҷикистон дар Душанбе будааст, ки сардориашро Аббос Алиев ба ўҳда доштааст. Мирзо, ки қобилияти хуби дарсазхудкунӣ дошт, шояд боиси таваҷҷўҳи Аббос Алиев мегардаду бо чанд чавони дигар, соли 1927 барои таҳсил ба Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд фиристода мешавад. Баъд аз хатми Дорулмуаллимин соли 1930 бо роҳхати комсомол ба Сталинобод бармегардад ва фаъолияташро дар рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» идома медиҳад.
Маълум аст, ки баъд аз ин ки Ҷумҳурии мухтори шўроии Тоҷикистон, соли 1929, ба Ҷумҳурии ҳафтумини сотсиалистӣ табдил дода шуд, ин ҳодисаи тақдирсоз бозмондагони пантуркистонро ба ташвиш овард ва онон дар симои М.Турсунзода ва С. Улуғзода барин ҷавонони тоҷики таҳсилдида ва ояндабахш рақибони фарҳангӣ ва сиёсии худро шинохтанд ва аз нахустин рўзҳои ба фаъолияти рузноманигорӣ пардохтани чунин чавонон даст ба сиёҳкориҳои пинҳонӣ заданд. Дар натиҷа С.Улуғзодаро аз сафҳои комсомол ронданду ҷониби Қазоқистон фирориаш карданд ва ба муқобили М.Турсунзода мактубҳои беимзо ташкил намуда, хостанд, ки маҳкумаш созанд.
Сараввал ўро «бо хоҳиши худаш» аз рўзномаи номбурда рондаанд ва тақдири М.Турсунзодаро чунин ҳал намуданд, ки ягон рўзномаи дигар ўро барои идомаи фаъолияти рўзноманигорӣ дар Сталинобод қабул накард. М.Турсунзода соли 1934 ягона илоҷи халосиашро аз муҳити носолими фарҳангии пойтахт дар фирор сўйи Хуҷанд мебинад. Хушбахтона, ба таъбири А.Сайфуллоев ў, ки ба умеди нависанда Ҳаким Карим буд, вайро пайдо накарду ба ҳукми тақдир ба нависанда Раҳим Ҷалил шинос шуд. Ниҳоят М.Турсунзодаро Раҳим Ҷалил ва шоири ўзбекзабон Аширмат Назаро, Зариф Раҷаб ва рўзноманигор Тоҷӣ Усмон «зери қаноти худ» гирифтанд ва барояш муҳити хуби эҷодро муҳайё намуданд. Дар сўҳбате бо Раҳим Ҷалил Мирзо Турсунзода оид ба мавзўи тарки пойтахт карданаш чунин менигорад: «Шумо медонед, ки ман дар идораи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекардам. Бо фалонӣ ошам напўхта монд. Бинам, ҳар чизу ҳар гапро баҳона карда, айбу эродгирӣ мекунад, ариза дода аз кор холӣ шудам. Гумонам ин буд, ки аз ягон газетаи дигар кор меёбам. Аммо вай дили газетаҳои дигарро аз ман беҳузур карда будааст. Ноилоҷ билет харидаму рост роҳи Хуҷандро пеш гирифтам» (А.Сайфуллоев. Мирзо Турсунзода, -Душанбе Ирфон, 1983с 25). Агар ба гуфтаи рўзноманигор Теша Раҷаб бовар кардан мумкин бошад, он «фалонӣ» Назруллоҳ Бектош будааст, ки аз забони М.Турсунзода дар нишасте шунидааст.
Вобаста ба ҳамин мавзуъ назари дигаре ҳам ҳаст, ки гўё нимаи дуввуми солҳои сиввум Нарзуллоҳ Бектош ба ҳабс гирифта мешавад ва бинобар ин ки ў дар Дорулмауллимини тоҷикии Тошкант аз адабиёт дарс мегуфту М.Турсунзода ва С.Улуғзода ҳам аз дарсҳои ў баҳра бардоштаанд, аз сафҳои комсомол ронда мешаванд. Ба ҳар навъ ки буд, ҳарифони маънавии Мирзо Турсунзода гумон доштанд, ки бо ин амал боз як ҷавони ояндасози тоҷикро аз Сталинобод бадарға сохтаанд. Аммо, чунонки маълум мешавад, М.Турсунзода ба мудири қисми адабии театри Хуҷанд пазируфта мешавад ва нахустин асарҳои драмавиашро бо номҳои «Маликаи Турандот» ва «Ҳукм» ин ҷо менависад, ки дар ҳамин театр ба саҳна гузошта мешаванд. Гузашта аз ин, ҳамин солҳост, ки Мирзо Турсунзода вазифаи котиби масъули рўзномаи «Пролетари Хуҷанд»-ро бар уҳда мегирад. Метавон гуфт, ки муҳити адабии Хуҷанди солҳои сиввум ҳамчун мактаби адабии пурсамаре барои Мирзо Турсунзода хидмат кардааст. Тақдир ба рўйи М.Турсунзода механдаду дар ҳамин шаҳри бостонӣ оила барпо мекунад. Яъне, ҳангоми ба саҳна омода кардани «Маликаи Турандот» бо ҳунарпешаи театри мазкур Сабоҳат Низомиддинова, ки нақши Маликаро мебозид, ошно мегардад ва соли 1934 бо вай издивоҷ мебандад.
Сароғози эҷоди шеъри М.Турсунзодаро. агар ба саҳифаҳои варақаҳои девории Дорулмуаллимини Тошкант нисбат диҳем ва идомаи онро то ду соли аввали солҳои сиввум ба мушоҳида бигирем ва натиҷаи онро дар нахустмаҷмўъаи ў «Байроқи зафар» бубинем, пас мешавад гуфт, ки марҳаллаи дуввуми эҷоди М.Турсунзода аз соли 1935 оғоз гирифта, то айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ давом намудааст. Ин марҳалаест, ки М.Турсунзода як силсила шеърҳои хурду калон ва достонҳои манзуми ҳаммосавии «Офтоби Мамлакат» ва «Хазон ва баҳор»-ро эҷод менамояд, ки ҳамагӣ ба инъикоси воқеияти сотсиалистӣ дар ҷумҳурӣ бахшида шудаанд. Дар ин миён манзумаи «Водии Ҳисор», ки дар марказаш тасвири қаторкўҳҳои Ҳисор қарор дорад, хеле ҷолиби диққат мебошад. Ин ҷо тасвири кўҳ моҳияти ҷамъбастӣ дорад ва ба замона мувофиқ кунонида шуда, маънии ҳаётбахшии навашро ба инсон падид овардааст.
Ба ҳамин монанд Мирзо Турсунзода дар чанд соли ҷанги ҷаҳонӣ аз воқеъият сўҳбат менамояд ва ҳамеша инсонро дар мадди назар мегирад ва ўро дар рўҳияи ватандўстӣ ба риштаи назм мекашад. Яъне, то хатми ҷанги ҷаҳонӣ Мирзо Турсунзода дар байни шоирони насли комсомол аз ҳама беш маъруфият пайдо мекунад. Бо вуҷуди ин, чеҳраи воқеии Мирзо Турсунзода ҳамчун адиб маҳз аз соли 1946 оғоз мегирад, ки ин пеш аз ҳама ба мавзуи ба раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудани ў иртибот пайдо менамояд. Дар ин ҷода, нақши котиби аввали ҳизби коммунистии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ниҳоят бузург мебошад. Яъне, Б.Ғафуров бо ин таъинот М.Турсунзодаро воқеан кашф намуд. Албатта, барои сарвари аввали Тоҷикистон симои нависанда Сотим Улуғзода ҳам маълум буд, зеро маҳз Б. Ғафуров соли 1944 ўро аз ҷабҳаи ҷанг ба Тоҷикистон бармегардонад ва раисии Иттиҳодияи нависандагонро ба ўҳдаи мегузорад. Ба ин маънӣ, С.Улуғзода ҳам яке аз бозёфтҳои Б.Ғафуров буд ва ҳамеша нисбати С.Улуғзода назари хуб зоҳир мекард.
Дар моддаи шашуми қарори барои Кумитаи марказии ҲК Тоҷикистон аз 2 октябри соли 1946 чунин омадааст: «С.Улуғзода мувофиқи хоҳишаш аз вазифаи раиси Итифоқи нависандагони Тоҷикистон озод карда шавад». Пайваста ба ҳамин мавзўъ бояд гуфт, ки муносибати С.Улуғзода бо М. Турсунзода ҳеҷ гоҳ бад нашудааст ва он чи баъзан мешунавем, ҳарфҳои бозору кўча ҳастанду бас. Масалан, солҳои 70-ум дар арафаи Анҷумани нависандагони Тоҷикистон нашриёти «Ирфон» мақсад мегузорад, ки «Албоми адабӣ» чоп кунад. Роҳбарони нашриёт ба кормандонаш супориш медиҳанд, ки ба назди Мирзо Турсунзода рафта савол кунанд, ки «Оё варақаи тарҷумаи ҳоли С.Улуғзода чоп кардан мумкин аст?» Дар ҷавоб М.Турсунзода мегўяд: «Шумоён дар албоматон Улуғзодаро чоп накунед, киро чоп мекунед…» Ё, вақте ки С. Улуғзодаро барои писараш Азиз, ки кишварро тарк карда буд, аз ҳизб меронданду ба ў фишорҳои маънавӣ ворид менамоянд,. М.Турсунзода монанди баъзе дигарон аз С.Улуғзода рўй нагардонда, балки ҳамчун сиёсатмадори варзида ба ў маслиҳат медиҳад то ки асаре эҷод намояд, ки бегуноҳ будани нависандаро собит созад. Ҳамин маслиҳати бародаронаи М.Турсунзода буд, ки С. Улуғзода соли 1974 қиссаи «Ривояти суғдӣ»-ро навишт ва ба ҳамагон фаҳмон, ки писари ў хоин нест. Ё ин ки, вақте ки 24-уми сентябри соли 1977 устод Турсунзода вафот мекунад, С.Улуғзода мегўяд; «Якболу пари халқи тоҷик шикаст. У буд, ки тоҷиконро бо ном ва корҳои худаш ба ҷаҳон машҳур мекард, ба туфайли ў Тоҷикистонро ҷаҳон мешинохт ва эътироф мекард. Миллат бе фарзанди бузургаш бе болу пар аст...»
(Давом дорад)
Манбаъ: Худойназар Асозода: “Воқеият, сиёсаиӯт ва С.Айнӣ”. Душанбе, соли 2010.
Хонандагон метавонанд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова