Профессор Камолиддинов ва мавқеи ҳарфи “Ӯ” дар навишт
Бояд иқрор шавам, ки ба ҳайати кории ислоҳоти нави қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, аввалан, ягон нафар мутахассиси илми фонетика (овозшиносӣ) шомил нашуда буд, шояд аз ҳамин сабаб ҳангоми муҳокимаи баъзе қоидаҳои имло ба як хулосаи дақиқи илмӣ омадан душвор мегардид. Аз ҷумла, дар бобати бо ҳарфи «ў» навиштани калимаҳои арабӣ.
Сониян, дар ҷараёни баҳс чунин нуқтаи муҳим ба назар гирифта нашуд, ки ҳар забон соҳибихтиёр аст, калимаи бегонаро мутобиқи қонуну қоидаҳои ҳазорон сол амалкардаи худ қабул намояд. Ҳар забони миллӣ вожаҳои иқтибосиро ба қоидаҳои овозии худ мутобиқ менамояд, дар натиҷа баъзе вожаҳо ба андозае зада ва таркиби овозии худро тағйир медиҳанд, ки соҳибзабон вожаи худро базўр мешиносад. Ин як ҳолати табиист. Ба ақидаи мутахассисони таърихи забони форсӣ, то зуҳури ислом қариб ду ҳазор калимаи форсӣ ба забони арабӣ ворид гардидааст. Барои намуна чанд мисол меорам: гавҳар – ҷавҳар, гиребон – ҷирибон, попўш – бобуш, пиёда – байдақ (шакли ҷамъи он: баёдиқ), обрез – идриқ, калид – иклид. Аз калимаи бўса шаклҳои феълии бавсан, бавсот, боса, ябусу, мабусун, босаҳу (ўро бўсид) сохтаанд.
Дар «Луғати имлои забони адабии тоҷик» (1974) омадааст:
«Ҳарфи ў дар мавридҳои зерин навишта мешавад:…б) дар ҳиҷоҳои баста пеш аз ҳарфи ҳ ва аломати сакта (ъ): анбўҳ, бўҳтоне, Зўҳра, мўҳлат, сўҳбат, шўҳрат, мўътабар, мўътаъдил, мўъҷиза ва ғайра».
Муаллифи луғат Я. И. Калонтаров ва муҳаррир Н. А. Маъсумӣ ҳангоми ба тариқи намуна овардани калимаҳои андўҳ, бўҳтон, Зўҳра, мўҳлат, сўҳбат ва шўҳрат ба назар нагирифта буданд, ки онҳо арабианд ё тоҷикӣ, зеро калимаҳои иқтибосии арабии бўҳтон, мўҳлат, сўҳбат ва шўҳрат кайҳо тоҷикӣ шудаанд.
Дар қоидаи нави имло ин нуқта зикр нашудааст. Вале дар банди – 12-уми имлои ҳамсадоҳо, дар қодаи навишти ъ ҳамин қадар хотирнишон шудааст, ки «ҳарфи ъ дар байн ва анҷоми иқтибосҳои арабӣ ва ҷойи айн ва ҳамза навишта мешавад: аъло, баъзе, ҷамъ, мавзўъ, навъ, матбўъ, масъул, масъала, таърих ва ғ.»
Бояд хотирнишон кард, ки дар қоидаҳои имлои соли 1998 ҳам он нукта фурўгузор шуда буд, вале дар давоми 13 соли охир касе ба он қоида риоя накард. Шояд бо таъсири ҳамин равия бошад, ки мутасаддиёни имлои нав дар нашри нахустини қоидаҳои имло дар саҳифаҳои рўзномаҳо, саҳван, дар қатори калимаҳои дигар сўҳбаткунон, маҷрўҳ, мавзўъ ва матбўъро низ намуна оварданд.
Муаллифи луғати «Бурҳони қотеъ» калимаи тоҷикии «бўстон»-ро мисли калимаи арабии (буҳрон) бе ҳарфи «ў» (вови маҷҳул) навишта, чунин шарҳ додааст: «бар вазни бурҳон; гулзор ва гулистонро гўянд ва мухаффафи бўстон ҳам ҳаст ва ҷоеро низ гўянд, ки меваҳои хушбўй дар он ҷо ба ҳам расад» (Муҳамадҳусайни Бурҳон. Бурҳони қотеъ. – Душанбе: Адиб, 1993. – Ҷ. 1. – С. 178). Вале дар саҳифаи – 198-уми ҳамин луғат калимаи бўстон дар таркиби бўстонафрўз ва бўстони гулнамой бо ҳарфи «ў» (вови маҷҳул) навишта шудааст.
Имрўз аз калимаи бўҳрон, ки арабӣ буда, табиист ки, арабизабон онро бўҳрон талаффуз накардааст (шояд барои ҳамин ҳам «ў»-ро вови маҷҳул (номаълум) номида бошад), бо садоноки «у» буҳрон нависем ва мисли арабҳо талаффуз кунем, фардо навбати бўстон хоҳад расид, зеро, ба қавли муаллифи «Бурҳони қотеъ», калимаи бўстон замоне вови маҷҳул дошту ҳоло мухаффаф шудааст. Ба ҳамин минвол умри «у»-и дароз, яъне «ў»-ро пайгирона кўтоҳ кардан мегирем.
Мушкили дигаре ҳам пеш меояд: Оё гумон мекунед, ки ҳамаи тоҷикони рўйи олам осон фарқ карда метавонанд, ки бўстон вожаи тоҷикию бўҳрон арабист ва бояд калимаи аввал бо ҳарфи «ў» навишта шавад, калимаи дуюм бо «у»? Онҳое, ки калимаҳои арабиро мешиносанд (аз нишонаи он, ки «буҳрон»-и арабӣ бо ҳамсадои ҳои ҳуттӣ навишта мешавад), вале то имрўз он калимаро бўҳрон менавиштанд, акнун садҳо чунин калимахоро бояд бо ҳарфи «у» нависанд ва талаффуз кунанд.
Бар замми ин, ҳамаи китобҳои дарсӣ, лўғатномаҳо, асарҳои бадеӣ, ҳўҷҷатҳои расмӣ, ба хусус асноди ҳуқуқӣ ва ғайра, бояд аз сари нав нашр гарданд. Он китобҳои дарсии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки бо маблағи мамлакатҳои хайрпеша тоза аз нашр баромада, дастраси хонандагон гардидаанд, бояд баргардонида, баъди ислоҳ аз сари нав чоп карда шаванд.
Ба ақидаи ман, забони тоҷикӣ мисли дигар забонҳои қудратманди дунё ёрои онро дошт ва дорад, ки калимаҳои бешумори забонҳои дигарро иқтибос карда, онҳоро ба қонуну қоидаҳои овозии худ мутобиқ намуда, комилан ҳазм карда тавонад. Бинобар ин ҳоло эҳтиёҷе нест, ки дар навишти калимаҳои иқтибосии арабӣ (инчунин талаффузи онҳо) ба қоидаҳои имлои забони арабӣ такя намояд.
Аз китоби Баҳриддин Камолиддинов
«Сухан аз баҳри дигарон гӯянд»,
таҳияи Фарзона Раҳмонова
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.