Профессор Муллоҷонов: “Тоҷикон” барои миллати мо фаротар аз як китоб аст (Видео)

Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ маҳфили “Тоҷикшиносӣ”  зери унвони “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон” бо ширкати доктори илмҳои таърих, профессор Сайфулло Муллоҷонов доир гардид.

Нахуст  директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи Миллӣ” –и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода  чорабиниро оғоз  намуда, доир ба Маркази “Тоҷикшиносӣ” –и Китобхонаи миллӣ ва мақсад аз баргузории маҳфили  “Тоҷикшиносӣ”  суханронӣ намуд.

– Бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва дар замири ҷавонон рушд додани ифтихори миллӣ вазифаи ҳар яки мост. Ифтихор аз гузаштаву имрӯзи хеш тақозо менамояд, то мо таърихро ҳарчи бештар омӯзем ва таҷрибаҳои онро истифода кунем.

Меҳмони маҳфили “Тоҷикшиносӣ”- доктори илмҳои таърих, профессор Сайфулло Муллоҷонов  дар идома аз китоби “Тоҷикон” ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон, шахсияти Бобоҷон Ғафуров, муҳтаво ва консепсияи китоби ”Тоҷикон”  маърӯзаи пурмуҳтавое кард.

Дар мавриди номи маҳфил донишманди тоҷик гуфт китоби «Тоҷикон» фаротар аз як китоб аст, балки як сарнавишт аст барои мо ва дар воқеъ барои мо хидмати зиёде кардааст.

Академик Бобоҷон Ғафуров  дар китоби “Тоҷикон” таърихи халқи моро аз давраи қадимтарин то ибтидои асри XX таҳқиқ карда, қаламрави пайдоиш ва зисти пешгузаштагони тоҷиконро дуруст муайян намуда давраҳои асосии ташаккул ёфтани ин халқро дар асоси сарчашмаҳои хатии қадимӣ, ҳафриёти зиёди бостоншиносӣ, рисолаҳои илмию мақолаҳои муаррихону фарҳангшиносони маъруфи Ғарбу Шарқ мавриди пажуҳиш  қарор додааст.

Дар замони Шуравӣ Тоҷикистон дастовардҳои беназире дошт, аммо ҳама фазо фазои русӣ буд. Дар ҳама шаҳрҳо Кӯлоб, Қурғонтеппа ҳатто минтақаҳои Рашт то водии Вахш ҳама муҳити русӣ ҳукмрон буд. Ҳатто роҳбарони он замон аз ҷомеа тоҷикии мо кам андар кам буданд. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо китоби “Тоҷикон” падид омад. Замоне ки мо воқеан ниёз доштем ба чунин як шиносномаи миллат, ки моро воқеан ҳамчун давлати соҳибтаърих ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Навиштани китоби “Тоҷикон” ниёзи ҷомеаи он рӯзи Тоҷикистон буд. Бобоҷон Ғафуров он замон директори институти Шарқшиносии Масква буданд ва аз он ҷо истода барои миллати худ китоб навиштанд. Ин китоб ҷавоб ба ҳамон русгароён буд. Китоби “Тоҷикон” дар бедории тоҷикони  Афғонистон низ нақши бениҳоят бузурге гузоштааст.

Сайфулло МулоҷоновПрофессор Сайфулло Мулоҷонов дар идома аз ватандӯсту хештаншинос будани Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахсияти таърихӣ ёдовар шуда, гуфт, ки Ғафуров дар замони Шуравӣ чунон мақому мартабае доштанд, ки ниёзи зиёд ба Тоҷикистон надоштанд, аммо дар ҳар як вохӯриҳо бо сарони давлатҳо дар сарашон тоқии тоҷикӣ буд. Ин нишони он аст, ки Ғафуров худро як шуравӣ нишон медод, аммо як шуравии тоҷик муаррифӣ мекард.

Давлатҳое, ки то соли 1924 доштем, давлатҳое буданд, ки бо номи миллат ё қавми мо набуданд, ё бо номи шаҳр буданд, мисли Бухоро, Қуқанд, ё бо номи сулолаҳои Ғазнавиву Темурӣ. Ин ҳодисаи соли 1924 ба мо номи этникӣ дод. Ин маънои онро надорад, ки мо то он замон давлат надоштем, тоҷикон ҳамеша давлат доштанд, аммо дар сари ин давлат мардумони бегона буданд. Яъне мардуми гўшаву канори тоҷик худашро муаррифӣ кард, яъне оғози худшиносии мо шуд.

Нуктаи дигаре, ки дар худшиносии мо бо ҳарфи заррин навишта мешавад, ба назари профессори тоҷик Сайфулло Муллоҷонов падид омадани китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» будааст.

– Дар асри 20 мо тоҷикон ду китоби бисёр муҳим навиштем, ки яке «Намунаи адабиёти тоҷик» аст ва дигаре «Тоҷикион».

Зимни суҳбати пурмўхтаво Сайфулло Муллоҷонов дар мавриди хидматҳои шоёни дигари Бобоҷон Ғафуров низ қисса кард. Соли 1951 бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ин Академия дар давоми 70 сол барои мардуми мо ин қадар хизмат кард.

Бузургии дигари Ғафуровро Сайфулло Муллоҷонов дар он донист, ки ў шахсият ё авторитете мисли Айниро, ки дар Самарқанд зиндагӣ мекард, ба Душанбе овард ва унвони академикӣ дод, раҳбари Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин намуд.

-Аз баркати ин кор ҳам бунёди илми академӣ гузошта шуд ва ҳам имрўз мо хушбахтона мазори Айниро дар Душанбе дорем. Агар ин кор намешуд, устод Айнӣ ғарибгур мешуданд.

Дар қисмати дигар миёни иштирокдорон аз ҷумла донишҷўёни донишгоҳҳову донишкадаҳо ва меҳмони маҳфил ва доктори илмҳои таърих, профессор Сайфулло Муллоҷонов табодули афкор сурат гирифта, муаррих ба суолу пешниҳодҳои ҳозирин посухҳои мушаххас ва судманд гуфт. Дар ин нишаст бо ҳузури фаъоли худ донишҷўёни Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон маҳфилро ҷолибтар гардонданд.

Дар маҳфили “Тоҷикшиносӣ”, ки бо ташаббуси маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ ташкил ва баргузор гардид, ҳамчунин овозхонҳо ҳунарнамоӣ намуда,бо суруду оҳангҳои хеш хотири ҷамъомадагонро шод намуданд.

Дар назар аст, минбаъд низ ин гуна маҳфилу чорабиниҳо бо иштироки коршиносону муҳаққиқон баргузор шавад.

Наргис Назарзода,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.