Профессори физикдон Коровина Вера Михайловна
Дар Украина зода шуд, дар шаҳри Душанбе аз олам гузашт. Умре дар Тоҷикистон зисту фаъолият кард. Соҳиби унвони илмии профессор ҳам дар Тоҷикистон шуд. То охири умр дар кафедари оптика ва тайфшиносии Донишгоҳи имллии Тоҷикистон кор кард.
Коровина Вера Михайловна 8 июни соли 1937 дар Каменетс-Подолск, Украина ба дунё омадааст. Физик, дотсенти институти физика ва математика. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002). Хатмкардаи факултаи физикаи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ, 19590. Лаборант (1959), ёвар (1960), муаллимаи калон (1966), дотсент (1974) ва профессор (2004) кафедраи оптика ва тайфшиносии ДМТ.
Рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таъсири майдони самараноки мавҷи рӯшноӣ ба тайфи электронии молекулаҳои мураккаби органикӣ» (1968), дар Институти оптикии ба номи С. И. Вавилови шаҳри Ленинград, (ҳоло Санкт-Петербург) ва рисолаи докториро дар мавзӯи «Дисперсияи майдони самараноки солватохромияи ҷузвҳои вибронии тайфи электронии молекулаҳои мураккаб» (2004) дифоъ кардааст.
Таҳқиқоти илмии Коровина ба соҳаҳои гуногуни физика, таъсири байнимолекулавӣ ва зоҳиршавии он дар тайфи электронии молекулаҳо бахшида шудааст.
Муаллифи зиёда аз 80 мақолаву фишурдаҳои илмӣ ва васоити методӣ. Гирандаи гранти инфиродии Фондии байналмилалии Ҷ. Сорос.
Ў 28-уми августи соли 2012 дар шаҳри Душанбе вафот кард.
Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – 2022. – Ҷ.10. – С. 628-629.
Муаллиф: З. Исломов.
Таҳияи Гулсара Толибова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.