Профессори риёзидон Файзалӣ Комилиён

Файзалӣ КомилиёнКомилиён Файзалӣ Саъдулло 26 – уми августи соли 1956  дар деҳаи Қашангии ноҳияи Ваҳдат таввалуд шудааст. Олими тоҷик дар соҳаҳои информатика ва математика дар илми физикаю математика, профессори Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (соли 2010). Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000).

Хатмкардаи факултаи механикаю математикаи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ, 1978), муҳандис-барномасоз, ёвар, саромӯзгор ва дотсенти кафедраи механика ва усулҳои ҳисоббарории УДТ (1978-1992), профессори кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ (1992-1996) мудири кафедраи информатика ва эконометрия (1996-2006), декани факултаи соҳибкорӣ ва менеҷмент (2006-2007), ноиби ректор (2007-2008) ва ректори (2008-2012) Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон. Мудири кафедраи информатикаи ДМТ (2012-2016), муовини раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2016-2021), профессори кафедраи информатикаи ДМТ аз соли 2021.

Асосан оид ба татбиқи технологияи иттилоотӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва тарҳрезии компютерии низоми экологии обанбору ҳавзҳои моҳипарварӣ таҳқиқот анҷом додааст.

Муаллифи 16 монография ва тақрибан 300 мақолаҳои илмӣ, зиёда аз 40 китоби дарсӣ, зиёда аз 30 барномаи фаннӣ ва 20 дастури таълимист.

Таҳти роҳбарии ӯ 1 нафар рисолаи докторӣ ва 11 нафар рисолаи номзади дифоъ кардаанд. Бо роҳбарии Комилиён меъёр (стандарт) ва барномаҳои таълимии фанҳои информатика (барои мактабҳои олӣ) ва технологияи иттилоотӣ (барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ) таҳия карда шудаанд. Раиси гурӯҳи ҳамоҳангсозии барномаҳо ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои информатика ва технологияи иттилоотии Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”(2011), унвони фахрии “Ректори сол” (2011) сарфароз гардидааст.

Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик.  – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 397.
Муаллиф: И. Саидов

Таҳияи  Муҳаббат Киром
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ