Проофессор Файзализода: Гӯшаи Китобхонаи электронии Китобхонаи миллӣ дорои 329 ҳазору 800 номгӯ китоб мебошад

Проофессор-ФайзализодаСоли гузашта 16 ҳазору 743 нафар хонандагон ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд ва шумори умумии аъзои китобхона ба 258 ҳазору 887 нафар расид. Тӯли сол 223 ҳазору 489 нафар вориди толорҳои хониши Китобхона шуда, 240 ҳазору 598 адад китоб дархост кардаанд.

Дар ин бора рӯзи гузашта директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода иттилоъ дод.

Директори Китобхонаи миллӣ, ки дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти муассиса дар соли гузашта дар ҳузури меҳмонон ва кормандон суханронӣ мекард, иброз дошт, ки дар соли 2022-ум ба фонди Китобхонаи миллӣ 54308 нусха адабиёт ба маблағи умумии 1148429 сомонию 28 дирам ворид карда шуда, мавриди коркард қарор гирифтааст. Ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ 1856 нусха китоб ба маблағи умумии 32671 сомонӣ ва бенавишт дар шуъбаҳо 36 нусха ба қайд гирифта шудааст.

Профессор Файзализода дар идомаи суханронии худ аз ҷалби хонандагон ба мутолиаи китобҳои электронӣ ҳарф зад ва гуфт, ки Китобхонаи миллӣ барои таъмини хонандагон бо китобҳои электронӣ пайваста мекӯшад. Дар айни замон гӯшаи Китобхонаи электронии Китобхона дорои 329 ҳазору 800 номгӯ китоб мебошад. Соли гузашта дар қиёс ба як соли пеш кормандони КМТ 1500 номгӯ бештар китобҳоро дар шакли электронӣ манзури хонандагон кардаанд.

Дар ҷаласа Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ширкат ва суханронӣ намуд.

Матни комили суханронии Директори Китобхонаи миллӣ пешкаш мешавад.

ҲИСОБОТ ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ»-И ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2022