Психологияи фаъолияти мусиқӣ

ПсихологияДар ин дастури таълимии В.Мирзоев мафҳумҳои асосӣ ва маълумотҳои илмии муосир оид ба самтҳои: «Психологияи просессҳои маърифатӣ», «Ҳолатҳои руҳӣ», «Хусусиятҳои фардӣ-психологии шахс», «Психологияи шахс», «Психологияи фаъолияти мусиқӣ», «Психологияи композиторӣ» ва масъалаҳои мубрами таълиму тарбияи мусиқӣ тибқи меъёрҳои нави таҳсилот, таҳқиқоти навин, таҷриба ва комёбиҳои психологияи умумӣ ва мусиқӣ таҳия шудааст.

Дастури мазкур барои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, колеҷҳои мусиқӣ, барои омўзгорон ва психологони системаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, барои роҳбарон ва ононе, ки вобаста ба соҳаи фаъолияти худ бо одамон кор мекуанд ва бояд психологияи одамонро ба назар гиранд, тавсия мегардад.

Омодагии психологӣ дар раванди мутахассисшавӣ, мувофиқи касби худ касе, ки вай набошад-омўзгор, иҷрокунанда, мусиқишинос-тадқиқотчӣ ва ғайра, нақши бениҳоят калонро мебозад. Умуман, дар сохтори таҳсилоти мусиқӣ таркиби психологӣ ба просесси мақсад ва вазифаҳои таълимӣ-таҳсилотӣ таъсир мерасонад: ташаккулёбии умумӣ ва қобилиятҳои махсус, рушди тафаккури бадеӣ-образӣ, коркарди маҳорат ва малакаҳои техникӣ ва ғайра.

Курси психология дар тамоми ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда мешавад. Бешак, донишҳои психологияи умумӣ на танҳо барои мутахассисони таҳсилоти олӣ, балки барои таҳсилоти миёна низ зарур аст. Дида мешавад, ки курси психологияи умумӣ барои ҳама мутахассисони оянда – донишҷўён бидуни алоқа ба воқеият тариқи абстрактӣ аз ҳад зиёд “умумӣ” расонида мешавад, дар натиҷа нисбат ба фанни мазкур ҳавасмандӣ кам                                                       мегардад. Мутахассисони ҷавон дар таҷрибаи ояндаи худ ҳолатҳои психологияро ба назар намегиранд ва чун анъана ба таълими фан кўшиш мекунанд.

Бевосита фаъолияти амалии хонандагон-мусиқачиён ба курси психологияи мусиқӣ алоқаманд аст. Бояд қайд кард, ки ба ҷойи курси “Психологияи мусиқӣ” курси «Психологияи фаъолияти мусиқӣ» гўем беҳтар мешавад. Дар воқеъ мо дастури пешниҳод кардаамонро барои ихчам шудан «Психологияи фаъолияти мусиқӣ» номгузорӣ намудем.

Дар асоси номгузории ин дастур мазмун, мундариҷа, самтҳои умумии дастури зеринро ба тартиб даровардем. Дастур ба донишҷўён дар ба олами мураккаб ва гуногунобразии мушкилоти мусиқӣ-психологӣ ворид шудан ва дар мустақилона дарёфти роҳи худ кўмак мерасонад. Мустақилона роҳнамоӣ шудан ба он моҳияти аввалиндараҷа дорад. Боварӣ дорем, ки ин дастур на танҳо дар доираи системаи таҳсилот, балки берун аз он-дар доираи худомўзӣ ва дар фаъолияти меҳнатӣ низ истифода бурда мешавад.

Дар китоб ақида ва мавқеи илми ашхоси шинохтаи психологияи умумӣ ва махсус гирд оварда шудаанд. Имрўз нуқтаи назари ибтидоӣ, ки психологияи мусиқӣ аз назарияи Г.Гелмголтс “Таълимот дар бораи эҳсоси шунавоӣ чун асоси физиологии назарияи мусиқӣ” (1863) оғоз меёбад, бартарӣ дорад. Дар ин соҳа саҳми калон мутахассисони хориҷӣ, рус ва мутафаккирони тоҷику форс гузоштаанд, ба монанди: хориҷиён-Г. Риман, Э. Курт, А. Келлек, Г. Решем, К. Сишоров, К. Мартинсен, Л. Маккин, рус-Б.М. Теплов, Л.С. Виготский, Л.А. Мазел, Г.М. Коган, Е.В. Назайкинский, В.В. Мадушевский, М.Г. Арановский, Мясишев, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Солиев, Қ. Яҳёзода ва дигарон.

Бешубҳа, гуфтан мумкин аст, ки психологияи фаъолияти бадеӣ-эҷодӣ, қоидаҳои асосии вай ва қонуниятҳоро мусиқачӣ-мутахассис бояд донад. Зеро омўзгори хуб шудан мумкин нест, агар салоҳиятҳои касбии психологӣ-педагогиро мутахассис надонад ва ё мусиқишинос ва иҷрокунандаи беҳтарин шудан ҳам номумкин аст. Мушкилоти мусиқӣ-психологӣ на танҳо дар ҳал намудани мушкилоти фаъолияти касбӣ муҳим аст, балки психология худ фанни шавқовар аст. Агар мусиқачӣ-аз фаъолияти композиторӣ ё иҷрокунандагӣ он қадар қаноатманд набошад, масъалаҳои назариявиро коркард нанамояд ё таълим надиҳад-ба ҷанбаҳои психологии фаъолияти худ шавқмандӣ зоҳир накунад, маълум аст, ки вай ба кори худ машғул нест.

Илми муосир тасдиқ мекунад, ки одам дар раванди фаъолият ба амалҳои эҷодӣ ворид шуда, қариб чоряки қобилиятҳои худ салоҳиятҳои интеллектуалӣ ва имкониятҳои креактивиро истифода мебарад. Бо аз худ намудани донишҳо дар бораи “сохт”, принсипҳои кории “механизмҳои психологӣ”, ки фаъолияти эҷодиро идора мекунад, самаранокии фаъолияти мазкурро афзудан мумкин аст. Ин ҳолатро рад кардан хато аст.

Китоби дарсии «Психологияи фаъолияти мусиқӣ» аз ду қисм иборат аст. Қисми якум ба фанни психологияи умумӣ бахшида шудааст, ки заминаи дигар самтҳои психологияро ташкил мекунад.

Қисми дуюум ба психологияи фаъолияти мусиқӣ бахшида шудааст. Он таърихи инкишофи психологияи мусиқӣ, самтҳои фаъолият, психологияи тарбия, таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти мусиқачиро дар бар мегирад.

Дар дастур асосҳои психологияи мусиқӣ кушода мешавад. Моҳият ва сохтори қобилиятҳои мусиқӣ ва равандҳои мусиқӣ-маърифатӣ-идрок, тафаккур, хаёл таҳлил карда мешаванд. Мавқеи диққат, ирода ва эмотсия дар фаъолияти мусиқӣ равшан карда мешавад, хусусиятҳои эҷодиёти мусиқӣ омўхта шудааст, ҳамчунин асосҳои психофизикии ташаккулёбии техникаи иҷрокунандагӣ омўхта мешавад. Тасаввурот дар бораи асосҳои мусиқитерапия (муолиҷа бо мусиқӣ) дода шудааст.

Дастур барои донишҷўёни муассисаи таҳсилоти миёна, миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии мусиқӣ пешниҳод шудааст.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки китоби мазкур барои пешбурди самараноки фаъолияти мусиқачӣ-мусиқишинос, иҷрокунанда, композитор ва омўзгор кўмак хоҳад расонид.

Фирўза Таурова, мутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.