Рӯ ба илм: Дарё чист ва дарёҳои бузурги Тоҷикистон кадмҳоянд?

Дарё, наҳр, рўд, оби равоне, ки аз чандин ҷўю сарҷўй маҷро мегирад ва ба самте  ҷорӣ мегардад. Дар адабиёти бадеӣ, таърихӣ ва илмии ниёгон баҳр ва уқёнусҳоро дарё ном мебурданд, ки ҳоло дар гуфтору навиштори ҳамзабонони афғону эронии мо роиҷ мебошад. Дарёҳо аз ҷиҳати бисёрии об хурду бузург ва аз нигоҳи имтидод дарозу кўтоҳ мешаванд. Манбаи асосии онҳо барфу борон ва пиряхҳо буда, дарёҳои бузург аз дарёчаҳо ва чашмасорон пуроб мешаванд. Дарёҳо ҳангоми серобӣ (боронгариҳо) маҷрояшонро дигар мекунанд. Дарёҳо ибтидо ва интиҳо дорад. Дарёҳо бо амиқӣ ва дарёбоди худ фарк мекунанд. Ибтидои дарёҳо саргаҳ ва интиҳои он резишгоҳ аст. Қисми хеле ками дарёҳо резишгоҳ надоранд. Дарёҳои асосӣ аз ибтидо то интиҳо ба дарёҳои дигар ҳамроҳ нашуда, бевосита ба кўл, баҳр ё уқёнус  мерезад.

Агар оби дарё бевосита ба кўл, баҳр ё уқёнус нарехта, ба дарёҳои дигар ҳамроҳ шавад, онро шохоб меноманд.  Шохаи дарё ҳамонест, ки аз дарёҳои асосӣ ҷудо шуда, ба самти дигар меравад. Дарёҳои асосӣ бо шохобҳояш шабакаи дарёиро ташкил медиҳад ва мавҷудияти он ба иқлим, релеф ва сохти геологии маҳал вобаста аст. Масоҳати муйянеро, ки шабакаи дарёӣ оби  худро аз он ҷо мегирад, майдони обҷамъшавӣ меноманд. Майдони обҷамъшавӣ якҷо бо қабатҳои болоии Замин аз шабакаҳои дигари дарёӣ бо бахшгоҳҳо ҷудо мешавад, ки он ҳавзаи дарё ном гирифтааст. Ҳар як дарё бо дарозию паҳно, амиқӣ, фарозӣ, нишебӣ, сатҳ, суръати ҷараён, таркиби кимиёии об, инчунин бо масоҳати ҳавзаи худ фарқ мекунад. Дарё аз кўҳҳо ибтидо гирифта, дар водиҳо ҷорӣ мешавад, ки ҷойи пастарини онро маҷро ё ҷараёнгоҳ меноманд.

Тамоми дарёҳои Тоҷикистон кўҳиянд ва асосан аз пиряхҳову барфҳои доимӣ ибтидо мегиранд. Онҳо ба се ҳавзаи калон тақсим мешаванд. Ҳавзаи дарёи Ому – аз водии Ҳисор то қисми шарқии Бадахшон, ҳавзаи дарёи Зарафшон – қисми ғарбӣ ва ҳавзаи дарёи Сир – қисми шимолии Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Дарёҳои ҳавзаи Ому, Зарафшон ва Сир манбаи истеҳсоли қувваи барқ буда, инчунин барои обёрии заминҳои Тоҷикистону Ўзбекистон, Туркманистону Афғонистон ва бо об таъмин намудани шаҳру деҳот, корхонаҳои саноатӣ истифода бурда мешаванд.

Дарозии умумии дарёҳои Тоҷикистон тақрибан 30 ҳазор км аст. Аз ҷумла, дарёи Ому 1416 км, Сир – 2212 км, Панҷ – 921 км, Кофарниҳон – 1757 км, Зарафшон – 877 км, Вахш – 524 км, Ғунд – 296 км, Ванҷ – 130 км, Варзоб – 71 км.

Дарёҳои Тоҷикистон захираи калони ҳидроэнергетикӣ доранд. Дар давоми як сол аз онҳо ба ҳисоби миёна бештар аз 80 млрд м3 об ҷорӣ шуда, дар неругоҳҳои барқи обии он 527 млрд кВт/ соат неруи барқ истеҳсол мешавад. Масоҳати дарёи Вахш 38 дарсади захираи ҳидроэнергетикаи ҳавзаи дарёи Омуро ташкил медиҳад. Мувофиқи нақшаи «Гидропроект» дар дарёи Вахш сохтмони 9 неругоҳи барқи обӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки иқтидори умумии истеҳсоли солонаи неруи барқ дар онҳо 34 млрд кВт/соатро ташкил менамуд. Ҳоло дар маҷрои дарёи Вахш неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд», «Норак», «Бойғозӣ», «Шаршара», «Марказӣ», «Сангтўда – 1», «Сангтўда – 2», неругоҳҳои «Такоб», «Ҳазора – 1», «Ҳазора – 2», неругоҳҳои барқи обии хурди «Панҷхок – 1», «Панҷхок – 2», «Роғ – 1», «Роғ – 2», Кўктеппа, дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон НБО-и «Помир – 1», дар дарёҳои ноҳияи Ванҷ неругоҳҳои барқи обии хурди «Ванҷ-1», «Ванҷ – 2», «Андарбак», «Техарв» бунёд шудаанд. Сохтмони НБО – и Роғун идома дорад.

 Дар Тоҷикистон баробари сохтмони неругоҳҳо обёрии заминҳои бекорхобида низ вусъат ёфт. Иншооти бузурги обёрӣ – обанборҳо бунёд шуданд. Бузургтарин обанборҳои Тоҷикистон «Баҳри тоҷик» (собиқ Кайроққум), Норак, Бойғозӣ (қобилияти обгузароиаш 4260 м3 / с) чандин ҳазор га замини водиҳои Ёвону Обикиик обшор мешавад. Инчунин аз болои дарёи Панҷ 5 пули пуриқтидори байналмиллалӣ сохта шудааст, ки барои рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон аҳаммияти стратегӣ дорад.

Муаллиф: Н.Шарипов

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи Милии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 320-322.

 

Таҳияи Манижа Раҷабова

Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.