Рӯ ба илмҳои табиӣ ва риёзӣ: Харбузаи ороишии дастанбўй. Дастарбош
Дастанбўй (Cucumis melo var microcarpus), дастанбўя, зому, як навъ харбузаи худрўй ва ороишӣ. Палакаш то 15 см дарозӣ дорад. Баргаш сабзи тира, панҷпарра, дилшакл. Мевааш шалғамшакл, баъзан байзашакл зард ё ҷигарии доғдор, гоҳе сафед, гулобии пурнақш, бетўр.
Баъди пухтан банд медиҳад. Мағзаш пур, зард ё сафед, туршмазза (хўрданбоб нест). Дастанбўй бештар дар Амрикои Шимолӣ, Осиёи Хурд, Паси Қафқоз ва Осиёи Марказӣ мерўяд.
Дастанбўйро дар Тоҷикистон чун рустании ороишӣ мекоранд. Меваи дастанбўй хушбўй аст. Бинобар ин замонҳои пеш онро барои бўидан ба даст гирифта мегаштанд. Хусрави Деҳлавӣ гуфтааст:
Ба дастам номае, к-аз дилситон дод,
На нома, балки дастанбўи ҷон дод.
Муаллиф: М. Саидов
Дастарбош
Дастарбош (Tanacetum pseudoachillea) зарпоша, як навъ рустании бисёрсола. Решааш кўтоҳи хазанда, пояаш (як ё чандто) рост, сахти қиррадор, бешох (аз 30 то 140 см қад мекашад). Баргаш дарозрўя, дандонадор. Гулаш зард, моҳҳои июн – август шукуфта, август – октябр дон мебанданд.
Дастарбош дар канори ҷангалзор, байни буттаҳо, соҳили рўд, қад-қади ҷўйборҳо, ҷойҳои соя, марғзор, нишебиҳои санглох ва регзор (дар баландиҳои 1600–3000 м аз с. б.) мерўяд. Дар мавзеҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва навоҳии набототии ҷанубию шарқии ҷумҳурӣ вомехўрад.
Дастарбош рустании доруӣ аст. Барои муолиҷа гулу барги дастарбошро ҷамъоварӣ намуда, мехушконанд (онро то 3 сол нигоҳ доштан мумкин). Дар таркиби дастарбош равғани эфир (0,1 % – 0,48%), моддаҳои даббоғӣ (6,3–11,2%), алкалоидҳо (0,12–0,31%), флавоноидҳо, сапонинҳо, кумарин, витамини С, асидҳои органикӣ ва ғайра мавҷуд аст.
Табибони халқӣ нақеъ ё ҷўшобаи баргу гули Дастарбошро барои илоҷи дарди санги талхадон ва зардпарвин тавсия медиҳанд. Чойи гулу барги онро ҳангоми бемориҳои меъдаю рўда, дилзанӣ, асабоният, саръ, ҳорӣ, ниқрис, иллатҳои ҷигару гурда, сили шуш, обхўра, бавосир, киҷҷасорӣ, серарақӣ ва исҳол менўшанд. Дастарбош сабўсаки сарро рафъ месозад.
Доруи «Танатсин», ки аз хўшагули дастарбош тайёр карда шудааст, давои дарди санги талхадон мебошад.
Муаллиф: М. Саидов
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 341.
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.