Рўзи дуввуми Рўзи “Дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ

Дарҳои-бозРўзи дарҳои боз имрўз низ дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон идома дорад.  Чуноне пештар ҳам хабар дода будем, дар Рўзи дарҳои боз аз ҷониби КВД ТС “Китоб” намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриётҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон “Адиб”, СИ “Энциклопедияи миллии тоҷик”, “Ирфон”, “Адабиёт ва бачагона” ва нашриётҳои дигари кишвар баргузор шуд

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази касбомўзии шаҳри Душанбе» номгўи ихтисосҳоеро, ки омода менамояд, пешниҳод намуд: дурудегар, рўзноманигор, заргар, харрот, дӯзанда, қаннод ва ғайра.

Шуъбаҳои рисолаҳои илмӣ, библиографияи миллӣ, матбуоти даврӣ, адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, адабиёти техникии Китобхонаи миллӣ бо ташкили намоиши китоб ба меҳмонон дар бораи фаъолияти шуъбаҳои худ ва китобҳои он маълумот пешкаш карданд.

Хонандагон имкон доштанд бо қомусҳо ва луғатҳои гуногун, ки бо забонҳои мухталиф дар вақту замони гуногун дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он чоп шудаанд, шинос шаванд.

Сайёҳати китобхона низ дар ин рўзҳо ҳам ба роҳ монда шуда аст ва роҳбаладон бо руҳияи идона ва сару либосе, ки бояд корманди китобхона буданашон шинохта шаванд, меҳмононро бо китобхона ва шароиту имконоти он ошно менамоянд.

Ҳамзамон дари осорхонаи шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхона, ки осори пешгузаштагони моро дар худ хифзу нигоҳдорӣ менамояд имрўз ба рўи мардум боз аст. Китобҳои нодире, ки ҳамагӣ як нусха доранд, низ ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамзамон китобҳоеро ҳам дар намоишҳои китоб метавон дид, ки аз пурхонандатаринҳо мебошанд. Аз ҷумла, китобҳои академик В. В. Бартолд «Сочинение» қисми 2 ва «Таджикско-Памирская Экспедитсия 1935 года», ки аз ҷонииб хонанадагон бисёр дархост мешавад, дар намоиши имрўз гузошта шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Рўзи дарҳои бози Китобхонаи миллӣ аз 4-уми сентябри соли 2023 оғоз шуда рўзи 5-уми снтябр то соати 17 давом меёбад. Китобхонаи миллӣ соле ду маротиба ин чорабиниро баргузор месозад.

Раҳима Аъзам,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.