“Раҳнамои пажӯҳиши осори Пешвои миллат”

Мураттиб ва муаллифи пешгуфтори ин китоб номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Ғуломзода. Муҳаррир номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода. Китоб соли 2023 чоп шудааст.

Дар китоби мазкур кумакфеҳристҳои мавзуӣ, ҷуғрофӣ ва ашхос ба силсиламаҷмуаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” пешниҳод шудааст, ки ба хонанда барои дарёфти фаврии маводи лозима мусоидат менамояд.

Китоб ба доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.

Дар пешгуфтор мехонем: Имрӯз дар Тоҷикистон омӯзиши мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва арҷгузорӣ ба хидматҳои шоистаи ин шахсияти шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ тавассути як қатор ниҳодҳои илмӣ роҳандозӣ мешаванд. Масалан, аз соли 2020 дар назди Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” таъсис ёфт, ки ҳадафи он таҳқиқи корномаҳои наҷибона ва дастовардҳои фаъолияти гуногунпаҳлуи Пешвои миллат дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ мебошад. Ҳамзамон соли 2021 дар Академияи мазкур шуъбаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ифтитоҳ ёфт.

Дар баробари ин бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат” ба фаъолият оғоз намуд, ки дар самтҳои гуногуни илм: таърих, сиёсатшиносӣ, дипломатия, ҳуқуқ, публитсистика, адабиёт ва дигар соҳаҳо таҳқиқотҳои илмӣ доир мегарданд.

Сарчашмаҳои асосиву арзишманд ва боэътимоди омӯзиши мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, осори пурмуҳтавои худи Пешвои миллат маҳсуб меёбад ва бештари таҳқиқотҳои судманд маҳз дар заминаи асарҳои Пешвои миллат навишта шудаанд.

Асарҳои Пешвои миллат дар шакли суханрониҳо, маърузаҳо, мақолаҳо, мусоҳибаҳо, муроҷиатномаҳо ва паёмҳои табрикотӣ шуруъ аз моҳи ноябри соли 1992 дар силсиламаҷмуаи “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” ҷамъовариву гурӯҳбандӣ шуда, соли 2002 аз ҷониби нашриёти “Ирфон” ба табъ мерасанд. Дар маҷмуъ то имрӯз 22 ҷилди ин силсила чоп шудааст, ки дар онҳо матни 1558 маърӯзаву суханронӣ, изҳороту паём, мақолаву мусоҳибаҳои Пешвои миллат ворид шудаанд.

Муассисаи нашриявии “Ирфон” тасмим гирифт, ки барои таъмини дастрасии ниҳодҳои илмӣ ва кулли хонандагон ба осори пурғановати Пешвои миллат ва барои осон намудани кори пажӯҳандагон кумакфеҳристҳои мавзуӣ, ҷуғрофӣ ва ашхосро ба 22 ҷилди силсиламаҷмуаи “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” тартиб диҳад.

Хоҳишмандон метавонанд бо муҳтавои китоби “Раҳнамои пажӯҳиши осори Пешвои миллат” дар Китобхонаи миллӣ шинос шаванд.

Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова,
сармутахассиси Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон