Расул Ғамзатов дар бораи сабки эҷод. Бахши дуюм

Кулоҳи калонАЗ ДАФТАРЧАИ ХОТИРОТ. Кулоҳи калони Сулаймон Сталский, пўстини вазнини хушбўйи баррагин ва чоруқи сабуки ўро кадом доғистонӣ намедонист! Ба фикрам, мардуми ғайридоғистонӣ ҳам Сулаймонро бе чоруқу бе попох тасаввур намекарданд.

Ба Сулаймон Сталский орден медиҳанд ва Максим Горкий ўро Гомери асри ХХ меномад. Сулаймонро ба Маскав даъват мекунанд ва ўро дар он ҷо бо як вазири доғистонӣ вомехўрад.

Хай, ҳай дўсти азизам Сулаймон, -мегўяд вазир ба шоир.- Дар Масква деҳотӣ барин шуда гаштан хуб нест. Ин сару либосро дигар карданат лозим.

Бо супориши ҳукумати Доғистон ба Сулаймон костюми бостон медўзонанд, барояш туфлии нав, телпаки гўшакдор, палтои зимистонаи гиребонаш қароқўлӣ меоранд. Сулаймон ин чизҳоро як-як бодиққат аз назар мегузаронад. Палторо кушода, рост дошта мебинад, як пои туфлиро ба пои дигараш зада месанҷад ва баъд ҳамаашро бо илоҷе печонида, дар ҷомадон ҷо мекунад.

Ташаккур, чизҳои хуб, нав. Ба писарам Мусаллим бисёр муносиб. Лекин ман ҳамон Сулаймон монданӣ ҳастам. Номамро на ба костюм иваз мекунам, на ба туфлӣ. Чоруқам аз ман меранҷад.

Чунин ихлоси ҳатто ба ҷиҳати зоҳирӣ доштаи Сулаймонро падарам хеле меписандид.

АЗ ДАФТАРЧАИ ХОТИРОТ. Писарони Сулаймон борҳо кўшиш намудаанд, ки ба падари худ савод омўзанд. Сулаймон ҳар бор ба саъйи комил ба кор шурўъ менамуд, аммо баъди чанде коғазу қаламро як сў гузошта, мегуфт:

Не, намешавад, фарзандонам. Қаламро ба даст гирифтам, шеър аз ман мегурезад, чунки ман шеърро не, чӣ хел доштани ин қалами сабилро андеша мекунам.

АЗ ДАФТАРЧАИ ХОТИРОТ. Афандӣ Капиев дўсти Сулаймон Сталский буд. Шеърҳои ўро ба русӣ тарҷума мекард. Ин дўстии онҳо боиси бахилии одамони ночиз ва беҳуда мешуд. Онҳо дар пеши назари шоири машҳур обрўи Капиевро рехтанӣ ва ҳатто бо туҳмат номи ўро сиёҳ карданӣ мешуданд. Онҳо ба Сулаймон мегуфтанд:

Ту ба русӣ хонда метавонӣ, лекин мо медонем, ки Афандӣ Капиев  дар вақти тарҷума шеърҳои туро вайрон мекунад. Хоҳад, илова мекунад, хоҳад гирифта мепартояд, бисёр мисраъҳоро худсарона дигар мекунад.

Рўзе ҳангоми суҳбати оромона Сулаймон аз ин хусус гап кушод.

Ошно,- гуфт ў,- шунидам, ки ту фарзандони маро мезадаӣ.

Афандӣ таги гапро зуд пай бурд.

Шеърҳои ту фарзанди ту не, Сулаймон. Онҳо-худи ту, Сулаймон Сталский.

Ин тавр бошад, ман мўйсафедам ва назар ба фарзандҳоям эҳтироми зиёдтареро сазоворам.

Ба ту кадомаш муҳимтар, Сулаймон, шумораи мисраъҳо ё услуб ва рўҳи шеър? Масалан, дар пеши мо шароб. Агар бўяш парад, худаш кам нагардад ҳам, ба шаробе, ки ману ту нўшида, ҳаловат мебарем, монанд намешавад. Гап дар миқдори шароб не, дар бўю тамъ ва зўрии он аст.

-Гап ҳақ, инаш аз ҳама муҳим

Дар ҳақиқат, ашъори Сулаймон Сталскийро ба хонандаи рус Капиев дастрас гардонидааст.

АЗ ДАФТАРЧАИ ХОТИРОТ.

– Ба тарҷумаи шеърҳои падарат ҳеҷ калид ёфта наметавонам,-шикоят кард боре ба ман Афандӣ.

Ў шеърҳои Ғамзат Садасаро низ ба рўсӣ тарҷума мекард.

Ашъори падарат хосса қуфле дорад. Гумонам, ки ў таъриф мекунад, аммо дар амал киноя ва ҳатто тамасхур мекунад. Гумонат, ки ҷанг мекунад, аммо дар ҳақиқат вай таъриф аст. Ман ҳамаи инро мафаҳмам, аммо ҳанўз ба рўси ифода кардан наметавонам. Ман услубҳои шоирона ва мазмуни шеърҳои ўро ифода кардан метавонам, аммо ба ман худи Гамзати зинда лозим аст, Гамзате, ки мешиносамаш. Ҳамаи онҳое, ки шеърҳои ўро ба русӣ мехонанд, бояд маҳз чунин будани ўро бидонанд. Вай ба ҳамаи одамони дигар монанд барин, лекин аз ҳама фарқаш мекунӣ.

Ашъори шоир низ бояд чунин бошад.

АЗ ЁДДОШТ. Ҳоло маро дар авуламон чун шоир Расул Ғамзатов мешиносанд. Аммо замоне буд, ки чун даҳанялаи бепарвофалак мешинохтанд. Ба коре шуғл мекардаму дар айни ҳол фикрам ба чизи тамоман дигаре банд буд. Бинобар ин куртаро чаппа пўшида, тугмаи палтоямро нодуруст мегузаронидам ва ба ҳамин аҳвол кўча мебаромадам. Банди ботинкаамро намебастам ва агар мебастам, чунон суст, ки ҳамон замон кушода мешуд. Он вақтҳо дар ҳаққи ман ин тавр мегуфтанд:

Чи хел шудааст, ки чунин падари озодаю бамаънӣ ин писари телбаи бетартиб рўидаст? Кадоми онҳо пиру кадомашон ҷавон: он, ки бастани банди пойафзолашро доим фаромўш мекунад, ё он ки ҳеҷ вақт ҳеҷ чизро фаромўш намекунад?

–  Оре,-ҷавоб медодам ман ба ин муҳокимарониҳои беҳуда.- Ман ба худ пирии падарамро гирифта, ба ў ҷавониамро додаам.

Дар ҳақиқат, падари ман то охири умраш марди озода, чусту чолок, монанди ҷавонон буд. Ў зоҳиран ва ботинан ҳамеша бетартиб, беинтизом, саҳеҳкор буд. Тамоми аҳли авул медонист, ки падарам дар ҳамон як соати муайян пўстин пўшида, болои бом мебарояд. Аз рўйи ин кори ў соат дуруст кардан мумкин буд. Як ҳамавули ҷавонамон аз хизмати ҳарбӣ ба падару модараш навиштааст. «Мо барвақт мехезем. Моро вақти бомбароии Ғамзат бедор мекунад». Агар касе ба Ғамзат вохўрданӣ бошад, медонист, ки кадом соат ва кадом дақиқа ба роҳи Хунзах баромада истад. Ғамзат ҳамеша дар соати муайян аз хона баромада ба кор мерафт. Мардум тамоми хислату одатҳои ўро медонистанд: медонистанд, ки ў аспро аз ҷилаваш то куҷо дошта мераваду баъд савор мешавад; куртаи одии сиёҳ шимигалифе, мўзаи вайро, ки худ дўхта буд ва ҳар пагоҳ худ тоза мекард, медонистанд. Онҳо камарбанд, риши доим батартибу вале ҳаргиз теғ нарасидаи ўро медонистанд, попохи вайро, ки ба як тарзи ҷиддӣ пўшида мегашт, низ медонистанд. Қароқўлии кулоҳаш чандон ҷингиладор ҳам набуду он қадар паҳмоқ ҳам. Падарам симое дошт, ки ҳар чизе пўшад, ҳар коре бикунад, ба худаш аҷаб мезебид. Ғамзатро дар сару либоси дигаре ва бо рафтору кирдори дигаре тасаввур намудан душвор буд. Худи ў низ дигаргуниро намеписандид. Агар либосаш куҳна шаваду навашро гирифтан лозим бошад, айнан ҳамон хелашро меҷуст.

Агарчанде либоси нав аз рўи андозаи либоси куҳна, монанди он дўхта мешуд, падарам рўзҳои аввал ба либоси нав одат карда наметавонист ва нороҳат мешуд. Як вақт тасмааш хўрда шуда, канд. Тасмаи нав харидан ҳеҷ гап набуд, аммо Ғамзат тасмаи кандаро сахт дўхта, боз чанд муддат баста гашт. Ў одами хасис набуд ва пул ҳам дошт, аммо дил намекард, ки аз чизи одатиаш ҷудо шавад. Оқибат тасма боз канда шуд ва падарамро лозим омад тасмаи наве бихарад. Лекин ба тасмаи нав ҳалқаи тасмаи куҳнаро дўхта баста мегашт.

РАСУЛ ҒАМЗАТОВ ДАР БОРАИ САБКИ ЭҶОД. БАХШИ АВВАЛ

Кулоҳи худро, гўё он баррача бошад, ҳамеша сила мекард. Модом ки ба қадри тасмаи куҳнааш ин тарз мерасид, пас, тасаввур намоед, ки попох барояш чӣ қимат дошт!

Тобистони соли 1994, вақти сар шудани ҷанг ҳукумати Доғистон исрор намуд, ки падарам кўчида аз кўҳистон ба Махачқалъа фурояд. Баъди кўҳистони серун шаҳр ба назараш гарм ва дам намуд. Либосе ки ба ҳавои кўҳистон мувофиқ буд, дар ҳавои гарми шаҳр вазнинӣ кард, хусусан кулоҳ. Падарам шапкаву шляпаҳои гуногунро пўшида медид, вале он калапўшҳо симои Ғамзатро якбора чунон тағйир медоданд, ки қатъи назар аз ташвиқоти мо-фарзандон, онҳоро як сў ҳаво медод.

Ҳамин тариқ Ғамзат дар Махачқальа попох ба даст мегашт. Гоҳ ба сар мепўшид, гоҳ аз сар мегирифт, аммо ягон дақиқа аз даст намемонд.

Одам ҳатто ба ҷанг барин офат одат мекунад ва зиндагӣ ба ҷараёни худ – бигзор ҷараёни нав, ҷараёни ҷангӣ бошад-медарояд. Падарам боз дам ба дам ба кўҳистон баромада мерафтагӣ шуд. Ў дар он ҷо чӣ озодона нафас мекашид, попохи худро бемалол пўшида мегашт! Падарам он рўзҳо ба шахсе монанд буд, ки чанд вақт боз хумории томоку асту ё тамоку надорад, ки бикашад, тамокукаширо барояш манъ кардаанд; дар ин вақт якбора имконе пайдо мешавад, ки аз тамокуи баланди хушбў печонида, бафурсат ва болаззат оташ гиронад, ҳамчунин чанд қуллоби чуқуре кашад.

Падарам тамокукаш набуд, аммо лаззати эҷодӣ, меҳри кишвари азиз барин шодиву хурсандиҳои бузурги ҳаёт як сў истад, ҳатто аз чизҳои майдатарини зиндагӣ, монанди тамокукашӣ, басе лаззат мебурд.

Аз дафтарчаи хотироти падарам.

«Агарчи Раҷаб дўсти ман аст, аз душмат ҳам бадтар рафтор кард. Бар зидди ман покуро ба кор андохтааст»- падарам рўзе дар дафтарчаи худ чунин навиштааст. Воқеа ин тавр шудааст. Соли 1934 падарам ба Маскав, ба Анҷумани якуми нависандагон меравад. Он вақт нависандаи авар Раҷаб Динмагамаев зинда буд. Ў падарамро ба ҷону ҳолаш намонда сартарошхона мебарад, ки мўйсар ва ришу мўйлабашро андаке ба тартиб орад. Ё Раҷаб қасдан мефармояд, ё сартарош нафаҳмида риши сап-сафеди ягон бор теғ нарасидаи падарамро покиза тарошида мепартояд. Падарам яке бохабар мешавад, ки кор аз кор гузаштааст. Дар оина афти одами тамоман бегона ва ҳатто ношиносро дида, фарёд мезанад, ду даст ба рўй мекашад ва аз сартарошхона бадар меравад. Дигар ба маҷлисҳои анҷуман ҳам намеравад, аз ғояти хиҷолат ба чашми одамон пайдо наметавонад.

Ман рўйи худро дар зиндагӣ дигар карда натавонистаму,-мегуфт баъдҳо падарам,-дар шеър симои худро чи хел тағйир медиҳам?

Падарам чӣ дар зиндагӣ ва чӣ дар эҷодиёти худ карру фар ва муғлаққориро намеписандид, агарчанде як вақтҳо қариб буд ба рафтори каси бегона одат кунад.

 ЁДДОШТ. Ба хонаи падарам ба Махачқалъа ҳамавулонамон меҳмонӣ омаданд. Онҳо вақти суҳбат пай бурданд, ки Ғамзат Садаса ҳангоми суханронӣ дар як ҳолати ғайритабиӣ ва ғайриодӣ, яъне бо се ангушт манаҳ дошта менишинад. Яке аз меҳмонон Ғамзатро пурсид:

Мо пештар бо се ангушт манаҳ дошта нишастани туро намедидем. Ин одатро кай пайдо кардӣ, ба ту чӣ даркор ин кор? Намезебад. Ин одати ту не, Ғамзат.

Гапи ҳақ,-гуфт падарам.- Тарк кардан лозим. Ҳамааш айби рассом Муҳиддин Ҷамол. Гап дар сари он, ки ў се моҳи дароз сурати маро кашид. Се моҳ дар наздаш наҷундида, бо се ангушт манаҳамро дошта нишастам. Ҳаминро фармуд ва мебоист ба рассом итоат мекардам.

Душвор буд ин кор?

Нишастан не, ҳамин ҳолат душвор буд! Баъзан дар назарам чунин менамуд, ки се ангушти каси дигаре манаҳи маро дошта истода аст. Се моҳ ҳар рўз ба ҳамин тарз нишаста, оҳиста-оҳиста одат кардам. Соатҳо дар ин вазъият нишастанам кайҳо ба охир расида, сурат тайёр шуд ва ба девори хона овезон аст, лекин мебинед, ки ман ҳанўз манаҳамро бо се ангушт дошта менишинам. Баъзан одами дарди дил ҳангоми дард наёфтани дилаш ҳам аз рўи одат якбора даст ба дил мебарад. Ғам нахўред, ман илоҷе ёфта, ин одатамро тарк мекунам.

МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.

Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.