Равандҳои маърифатӣ ва диққат дар фаъолияти меҳнатӣ. Тафаккур

Равандҳои маърифатТафаккур тавлиди донишҳои нав, шакли фаъоли инъикоси эҷодиро ифода мекунад ва инсонро ба воқеият табдил медиҳад. Тафаккур чунин натиҷаҳоеро ба вуҷуд меорад, ки на дар ҳақиқат, на дар худи субъект ва на дар лаҳзаи мазкур вуҷуд надорад. Фарқияти тафаккур аз дигар равандҳои равонӣ низ дар он аст, ки он қариб ҳамеша бо вазъияти душвор алоқаманд буда, тағйирёбии шароити фаъол, ки зимни он ин масъала муайян карда мешавад, бояд ҳал карда шавад.

Тафаккур – инъикоси ҷамъбасткунанда ва ғайримустақими қонунияти воқеии муносибати байниҳамдигарӣ мебошад. Ин самти ҷамъбастёфтаи ҳолатҳои ҳақиқии мушаххас аст. Ба ибораи дигар, барои тафаккур ду нишона характернок аст. 

  1. Ҷамъбаст. Ин маънои онро дорад, ки дар натиҷаи тафаккур одам ахборро аз маҷмўи сершумори иттилооти объектҳои гуногун гирифта, мухтасар ҷамъбаст менамояд, ки он шакли «печонидашуд»-и хусусиятҳои муҳими ҳамаи ин объектҳо мебошад. Тафаккур аз онҳо, ҳамчун падидаи субъективии психикии танҳо ба инсон хос, образи идеалӣ месозад. Бинобар ин тафаккур на танҳо натиҷаи коркарди таҷрибаи як одам ё ҳамзамонони ў, балки таҷрибаҳои наслҳои гузашта низ мебошад.
  2. 2. Ғайримустақим. Тафаккур инъикоси ғайримустақими ҳақиқат мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки тафаккур имкон медиҳад то он чизеро ки ғайримустақим ба анализаторҳо таъсир намекунад ва ба шуур танҳо дар натиҷаи нишонаҳои бевосита дастрас мегардад, ошкор намояд ва фаҳмад. Тафаккури инсон тавассути мафҳум, ки ҳар яке аз он бо калима ё якчанд калима ифода меёбад, мегузарад. Мафҳум – инъикоси хусусиятҳои умумӣ ва асосии предмет ё падидаҳо мебошад. Масалан, барои мафҳуми «мактаббача» хусусияти умумӣ ва асосӣ – таҳсил дар мактаб мебошад.

Дар тафаккур муносибати шароити фаъолият ба мақсад, гузаронидани дониш аз як вазъият ба вазъияти дигар, табдил додани вазъияти мазкур ба ҷадвали ҷамъбастии мутобиқ, муқаррар карда мешавад.

Муқаррар намудани алоқаи умумии байнаҳамдигарӣ, ҷамъбаст кардани хусусиятҳои бавуҷудоии гурўҳҳои якхела, фаҳмиши моҳияти падидаи мушаххас ҳамчун гуногунии муайян кардани пайдоиши гурўҳ – чунинанд моҳияти тафаккури инсон.

Фаъолияти фикрӣ метавонад тавассути амалиётҳои сохторҳои гуногун таъмин карда шавад.

Тафаккури алгоритмӣ барои ҳал намудани масъалаҳои зарурии мазкур тавассути амалиётҳои одии пешниҳодшуда пай дар пай иҷро мешавад.

Тафаккури эвристӣ–эҷодкорона ҳал намудани масъалаҳои ғайристандартӣ.

Тафаккури зеҳнӣ (мулоҳизакорона)–тафаккуре, ки характери мулоҳизакорона дорад, дар асоси низоми хулосабарорӣ, ки силсилаи пай дар пайи звеноҳои мантиқӣ дорад, ҳар яке аз онҳо звеноҳои қаблӣ ва минбаъдаро муайян мекунад. Тафаккури зеҳнӣ ба азхудкунии донишҳои ҷамъбастӣ оварда мерасонад.

Дар инкишофи таърихии тафаккур ва инкишофи тафаккури кўдакон се давраро фарқ мекунанд – намудҳои тафаккур:

1) образӣ-амалӣ (сенсорӣ-моторӣ);

2) аёнӣ-образӣ;

3) мантиқӣ-абстрактӣ.

Якчанд намуди тафаккурро ҷудо менамоянд:

Мафҳумҳои назарявии тафаккур – ин чунин тафаккурест, ки одам ҳангоми истифодаи он дар раванди ҳалли масъалаҳо ба мафҳумҳо рўй меорад, амалро дар зеҳн иҷро мекунад, бевосита ба таҷриба робита надошта, бо ёрии узвҳои ҳис онро ба даст меорад. Ў масъаларо муҳокима ва роҳҳои ҳалли онро аз аввал то ба охир дар зеҳн ҷустуҷўй карда, дар шакли фаҳмо мулоҳизаронӣ ва хулосабарорӣ мекунад. Мафҳумҳои назариявии тафаккур барои таҳқиқоти назариявии илмӣ характерноканд.

Тафаккури назариявӣ-образӣ бо он фарқ мекунад, ки шахс маводро дар ин ҷо барои ҳалли вазифаҳо истифода мебарад, на мафҳум – муҳокима ё хулосабарорӣ, балки образҳо мебошанд. Онҳо ё бевосита аз хотира зудуда мешаванд, ё эҷодкорона бо хаёл мепайванданд. Чунин тафаккурро намояндагони соҳаи адабиёт, санъат, умуман одамоне, ки меҳнати эҷодӣ мекунанд ва бо образҳо сарукор доранд, истифода мебаранд.

Аёнӣ-образӣ – раванди фикриест, ки одам ҳақиқати муҳити атрофро бевосита дарк мекунад ва бидуни одам бояд анҷом дода нашавад. Одам ба шакли аёнӣ, образӣ фикр карда, ба ҳақиқат наздик мешавад, хамаи образҳои барои тафаккур зарурӣ дар хотири фаврӣ ва кўтоҳмуддат ҷамъ мегардад (дар муқоиса ба образҳои назариявии тафаккур аз хотираи дарозмуддат гирифта шуда, сипас аз нав сохта мешаванд).

Аёнӣ-амалӣ – ин раванди тафаккур фаъолияти амалӣ, азнавсозиест, ки одам бо предметҳои ҳақиқӣ ба анҷом мерасонад. Ин намуди тафаккур ба одамоне, ки ба меҳнати воқеии истеҳсолӣ машғуланд, тааллуқ дорад, ки натиҷаи он сохтани ягон маҳсулоти мушаххаси моддӣ мебошад.

Мафҳумҳои назариявии тафаккур ва тафаккури назариявӣ-образӣ ҳарду дар ҳақиқат вуҷуд доранд. Онҳо якдигарро пурра мегардонанд. Мафҳумҳои назариявии тафаккур ҷамъбасти воқеии аниқро медиҳанд, тафаккури назариявӣ-образӣ бошад, имкон медиҳад, ки идроки субъективии мушаххаси онро ҳосил намоем. Бе ин ё он намуди тафаккур идроки мо дар ҳақиқат чунин амиқ ва гуногунпаҳлў, аниқ ва бойи гуногунранг, чунон ки дар ҳақиқат аст, буда наметавонад.

Фарқияти намудҳои назариявӣ ва амалии тафаккур аз он иборат аст, ки онҳо бо роҳҳои гуногун ба таҷриба пайваст шудаанд. Кори тафаккури амалӣ асосан барои ҳалли вазифаҳои мушаххас равона карда шудааст, кори тафаккури назариявӣ бошад, асосан барои дарёфти қонуниятҳои умумӣ равона шудааст.

Вобаста ба характери тафаккур асосан ду типи одамонро ҷудо мекунанд:

  1. Типи беихтиёрона. Бо бартарӣ доштан дар мантиқ ва бартарӣ доштани нимкураи рости мағзи сар бар чап тавсиф ёфтаанд.
  2. Типи зеҳнӣ. Ба онҳо боақлӣ ва бартарӣ доштани нимкураи чапи мағзи сар бар нимкураи рост, афзалият доштани мантиқ бар гувоҳии дил (интуитсия) ва ҳиссиёт хос аст.

Ба сифати меъёри ҳақиқии типи беихтиёр, дурустии эҳсосу амалия ва барои меъёри дурусти типи мутафаккир бошад, озмоиш ва мантиқи комили хулосаҳо баромад мекунанд. Типи зеҳнӣ одатан ба чизи нав манфиатдор буда, робитаи мантиқиро байни ҳодисаҳое, ки типи беихтиёр ба муайян кардани прагматика барои босамар истифода бурдани дониш, новобаста аз ҳақиқат ва мухолифатҳои мантиқӣ барқарор менамояд, муқаррар мекунад. Ҳақиқат он чизест, ки муфид аст – ин аст нуқтаи назари он.

Ба сифати махсус, намуди тафаккури эҷодиро ҷудо мекунанд. Нишонаҳои асосии он чунинанд:

  1. Бесобиқагӣ, беҳамтоӣ, хусусиятҳои ғайриоддии ақидаҳо, кўшиши ифодаи равшани навовариҳои зеҳнӣ.
  2. Эҳсоси чандирӣ, ки дорои қобилияти дидани объект аз нуқтаи назари нав аст, зоҳир гардидани истифодаи нави он, васеъ намудани тағйироти функсионалӣ дар амал.
  3. Шабеҳи фасеҳии адаптатсия, қобилияти тағйир додани дарки объектҳо ба тарзе, ки тарафҳои нави он, пинҳон аз мушоҳида мебошанд.
  4. Фасеҳии худ ба худи семантикӣ (маъноӣ), яъне қобилияти ба вуҷуд овардани ғояҳои гуногун дар вазъияти номуайян.

Тибқи қонунҳои умумии тафаккур одамони гуногун бо хусусиятҳои инфиродӣ фарқ мекунанд: дараҷаи мустақилият, интиқоднокӣ, пайдарҳамӣ, тағйирпазирӣ, амиқӣ ва босуръатӣ, таносуби гуногуни таҳлил ва синтез – тафаккури таҳлилӣ ё синтезии инфиродӣ.

Тафаккур – ин баҳамтаъсиррасонии субъекти зеҳнӣ бо объекти маърифатӣ мебошад. Ин баҳамтаъсиррасонӣ ҳамеша бо мақсади ҳалли ягон проблема ба анҷом дода шуда, дар асоси анализ ва синтез ифода гардида, ҷамъбасти натиҷаи нави худро дорад. Ҳамин тариқ, метавон қайд намуд, ки масъалаҳои ҳаётан муҳим, таҳлил-синтез ва ҷамъбаст қонунияти умумипсихологии тафаккур мебошад.

Бознашр аз китоби “Психологияи идоракунӣ”. Китоби донишманд, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзализода Ҷумахон Хол, соли 2018, дар матбааи “ЭР-граф” ба табъ расидааст. Дар китоб масъалаҳои методологӣ ва умуминазариявии идоракунии стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастовардҳои идоракунии давлатӣ инъикос гардидааст. Воситаи таълимӣ мутобиқ ба талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омода намудани ихтисосҳои «Иқтисод ва идоракунӣ» таҳия гардида, барои донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод шудааст. Аз он олимон, омўзгорон, муҳаққиқон инчунин дигар мутахассисоне, ки нисбат ба назарияи психологияи идоракунӣ ва психологияи иҷтимоӣ тавваҷуҳ доранд, истифода бурда метавонанд.

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ