Раванди омӯзиши донишҳои библиографӣ

маълумотдиҳи-библиографиЯке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи маълумотдиҳибиблиографии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қонеъгардонии эҳтиёҷоти истифодабарандагон, таҳияи дастурҳои гуногуни библиографи, таъсиси дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва донишҳои библиографӣ ба шумор меравад.

Ҳамзамон барои баланд бардоштани савияи донишҳои библиографии хонандагон кормандони шуъба бо донишҷӯёни муасисаҳои олии касбӣ машғулятҳои таълимӣ дар шакли шиносоӣ бо равандҳои фаъолияти библиографии китобхона, созмондиҳии дастгоҳи маълумотдиҳи-библиографӣ ва таҳияи дастурҳои библиографӣ баргузор менамоянд.

Чунин як машғулят рӯзи 18-уми феврал бо донишҷӯёни курси 3-юми факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” гузаронида шуд.

Дар рафти машғулият аз тарафи кормандони шуъба ба донишҷӯён оид ба самтҳои фаъолият ва вазифаҳо, низоми картотекаҳои библиографӣ, таҳияи дастурҳои библиографӣ ва фонди нашрҳои маълумотдиҳи-библиографӣ маълумотҳои муфид дода шуд.

Чунин машғулятҳо, ки донишҳои назарявии донишҷӯёнро бо донишҳои амалӣ мустаҳкам менамояд, барои мутахассиси касбӣ шудан, аз аҳаммият холӣ нест

Донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои пурра нисбати фаъолияти библиографии китобхона гирифтанд.

Ҳомидова Замира: корманди шуъбаи маълумотдиҳию библиогирафии МД «Китобхонаи миллї»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.