Равшани Ҳамроҳ «Суннатгароӣ ва навпардозӣ дар шеъри Гулназар»

ГулназарДар ин рисолаи монографӣ сухан дар бораи суннатгароиҳо ва навпардозиҳои Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизан давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллии ҷумҳурӣ Гулназар Келдӣ меравад. Муаллифи рисола саъй намудааст, ки зимни пажӯҳиш хидматҳои пайгиронаи шоирро дар ривоҷу равнақи адабиёти имрӯзи тоҷик муайян намояд.

Муаллиф дар муқаддимаи китоби худ навиштааст, ки пажӯҳиш ва нақди сохтори ҳунарии ашъори шуарои варзида аз вазифаҳои муҳимми илми адабиётшиносист. Чунки нақди адабӣ ва адабиёт бо ҳам тавъаманд ва ҳамдигарро такмил медиҳанд. Бо ифодаи дигар, адабиёти хуб нақди хубро ба миён меорад ва нақди холисона ба такомули адабиёти хуб мусоидат мекунад. Зеро бисёре аз масъалаҳои воқеии адабиёти ҳар давру замон ва табиати ҳунариаш маҳз дар поэтикаи он ифода меёбад. Поэтика метавонад фарогири кулли як адабиёт бо жанри алоҳида бошад. Дар ин росто поэтикаи адиби алоҳида фарогири ин ду ҷониб ва шаклдиҳандаи мухтассоти ҳунарии адабиёти марҳилаи муайян аст.

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ аз шоирони пешоҳанги муосири мост. Агар андешаи Абунасри Форобиро ба ҳисоб бигирем, Гулназар чун шоири хуб шомили гурӯҳи дуюми шуарост, зеро ӯ аз назарияи шеър воқеан, огоҳ аст, огоҳона аз саноеъи бадеӣ истифода мебарад. Вай дорои ҷасорат ва ибтикороти шоирона буда, рисолати шоирии худро ба хубӣ дарк мекунад ва дар ҷодаи эҷод эҳсоси масъулият дорад. Ақидаҳои иҷтимоии Гулназар, ки дар Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шеърҳояш инъикос ёфтаанд, аз дарки масъулияти ӯ дар назди халқу миллат гувоҳӣ медиҳанд. Ҳангоме ки шеърҳои дар солҳои навадуми асри сипаришуда эҷоднамудаи Гулназарро мутолиа менамоед, дармеёбед, ки шумо бо шоире рӯ ба рӯ ҳастед, ки ҷасорати адабӣ ӯро ба майдони сухан овардааст ва ғами халқу миллат нафасе ӯро ором намегузорад. Чунин матлаб дар мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло таҳти унвони «Зи гулхан пираҳан бар хеш медӯз» низ матраҳ шуда буд: «Чӣ гӯям, ки вижагиҳои шеъри устод Гулназар ба сабаби хеле серпаҳлу, саршори андешаву эҳсосот, дарду ниёз, ишқ ва ормонҳо буданашон хеле зиёданд ва наметавон дар як гузориши сарироҳакӣ онҳоро фаро гирифт. Бисёр афсус, ки шеъри Гулназар ба мисли шеърҳои бисёр шоирони хуби мо ба куллӣ омӯхта нашудааст. Ҳол он ки омӯзиши ашъори Гулназар, хусусан таҷрибаҳои ӯ дар шеър, метавонад дарси хуби шоирӣ бошад барои шеършиносон ва омӯзиши шеър ва тарбияти завқи шоирона ба ҷавонон кумак кунад».

Хоҳишмандон китоби Равшани Ҳамроҳ «Суннатгароӣ ва навпардозӣ дар шеъри Гулназар» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.