Роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ Паёми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мешунаванд

Паёми муҳтарам Эмомалӣ РаҳмонАз субҳи имрӯз роҳбарон ва кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шунидани Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар толори калони Муассиса ҷамъ омаданд.

Кормандони Китобхонаи миллӣ бо таваҷҷуҳи хоса Паёмро мешунаванд ва суханҳои Пешвои азизи миллатро, ки худ як таҳлили густардаи вазъи иқтисод, иҷтимоъ, илм, фарҳанг, маънавият, сиёсати дохиливу хориҷист, дар лавҳи хотир сабт мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ аз ҷумла иброз доштанд, ки барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад. 

Президенти Тоҷикистон ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои  тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳукуқии дахлдорро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

  • Роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ
    Роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ
  • Роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ
    Роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ
  • Роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ
    Роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ
  • Роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ
    Роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ
  • Роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ
    Роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ
  • Роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ
    Роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ

Маврид ба таъкид аст, ки ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони бинои наву пуршукӯҳи Парлумони кишвар зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 оғоз ёфт.

Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шурои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, тоҷирону соҳибкорони фаъол ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум ҳузур доранд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян менамоянд.