Роман Корох – корградоне, ки саҳми шоиста дар тарбияи ҳунармандони театри тоҷик дошт
Корох Роман Анатлевич 6-уми феврали соли 1911 дар ш. Днепропетровск ба дунё омадааст. Коргардонии шўравии театр. Ходими хизматнишондодаи санъати театри ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС; 1937).
Саркоргардони Театри мусиқии тоҷик (аз 1940 Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ; 1937-48).
Корох драмаҳои мусиқии “Гулсара” (асари К. Яшин ва М. Муҳаммадов, оҳанги Р. Глиэр ва Т. Содиқов, 1938), “Розия” (асар Ё. Акубҷонов ва Н. Зелеранский, оҳанги С. Баласанян (1939), “Тоҳир ва Зуҳро”-и А. Ленский (1944, ҳамроҳ бо С. Саидмуродов), “Евгений Онегин”-и П. И. Чайковский (1946, ҳамроҳ бо В. Я. Рейнбах), “Моткаи қарамашшоқ”-и П. И. Чайковский (1948), “Кармен”-и Ж. Бизе (1948)-ро ба саҳна гузоштааст.
Корох дар инкишофи драмаҳои мусиқӣ, операи тоҷик ва дар санъати театри тоҷик ҷорӣ кардани услуби К.С. Станиславский, инчунин дар тарбияи ҳунарпешагони театр саҳми сазовор гузоштааст.
Соли 1949 ба Новосибирск кўчид. 26 майи соли 1969 дар Новосибирск аз дунё даргузашт.
Манбаъ: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 631.
Таҳияи: Аниса Набиева,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.