Рози нангину нуҳуфтае, ки дар гӯши бод наҷвост

Наҷво дар гӯши бод«Дар зиндагӣ розҳое вуҷуд доранд, дарднок дилхарош, таҳқиромез, розҳое, ки каромати инсониро ба хок яксон мекунанд, розҳое, ки наметавон ба касе гуфт, магар бар гӯши бод,

то он асрорро ба дуриҳо бубарад ва дар ғорҳои тираву тор гӯр кунад.»

Инак саҳифаи охарини боз як романи ҷолибу пурэҳсос паси сар шуд. Ин асар маҳсули эҷоди нависандаи пухтакору нозукбин Соҷидаи МирзоНаҷво дар гӯши бод” буда, соли 2025 рӯи чоп омадааст. Ба тозанашр буданаш нигоҳ накарда, дар ҳалқаи дӯстдорони китоб маҳбубияти хосе пайдо карда. Новобаста аз он ки хати сужаи асар аз моҷароҳои бисёр нангину дардноки ҳаёти мо гирифта шудааст, дар мутолиа равон аст. Аз саҳифаи аввал, аз аввалин тасвири мавзеъ ва замон, тасвири образи бадеии қаҳрамонони асар ҳис карда мешавад, ки мавсуф нафарест пурдарду алам. Ҳар як ҷумлаи баъдӣ, ҳар як тасвир моро ҳарчи бештар ба сӯи худ мекашад, ғарқи ҳодисаҳо гардонида, ҳисси кунҷковии хонандаро нисбат ба тақдири қаҳрамонони асар беш аз пеш бедор месозад.

Дар қазовати аввал Санам – қаҳрамони асосии асар, шахси худхоҳу кинагир ба назар омада, Моҳистони марҳум ҳисси тараҳҳуму бечорагиро дар сина бедор месозад. Аммо… ин қазоват пешдоварист. Ҳар қадар саҳифаҳо фурӯ мераванд, ҳамон қадар атрофи моҷарои холаву хоҳарзодаро дуди асроромез ҳалқапеч менамояд. Саҳифаҳо  паси ҳам сипарӣ шуда, пеши назар филмеро падид меоранд. Гӯё нақли филми ҳунариеро мешунавӣ, ки тамошояш карда будӣ. Ончунон рангину пурэҳсос эҷод шудааст.

Даҳшате, ки Санами хурдакак эҳсос мекард, дар баробари меҳру муҳаббати холааш Моҳистон хеле гарон буд. Он на тарсу ваҳми бачагона, балки як қобусе буд, ки ҳазмаш барои як духтараки 6-7 сола бисёр сангин.

Рафтори разилонаи падархондааш – таҷовузи ҷинсӣ на танҳо ҳаёти ин духтараки наврасро шикаст, балки дар ботинаш ӯро кушт. Беэътимодиву тарс ҳамсафару ҳамрадифи зиндагии Санами 16 солаи аз хона рондашудаву аз ширинии эҳсоси модарӣ маҳрумшуда гаштанд. Инсонҳои неку бошафқат низ дар ҳаёти Санами паричеҳра ба монанди Садаф, Асал, Фавзия, Моҳбегим, Моҳтоб ва Эронгул буданд, ки дар ҳар марҳилаи зиндагӣ барои Санам кӯмакҳои равониву моддӣ мерасониданд.

Дар зимн, “Наҷво дар гӯши бод” на танҳо сарнавишти Санамро, балки мушкилоти занонро мегӯяд, хушунат нисбати зан ва қазияҳои дигареро ба ришта кашидааст. Мутолааи ин асарро метавон ба пиру ҷавон ва зану мард баробарӣ тавсия намуд, зеро ин наҷво воқеияти ҳаёт аст. Воқеият аз ҳаёти рӯзмарраи мо.

Муаллифи асар бо қалами буррову нигоҳи борикбин ва тасвирҳои хосаш: “ба мисли қанд дар чойи доғ об шудам”, “ба хотири лолоӣ хондан дар гӯши виҷдони бедоршудаам”,  ё худ “чашмонаш об гирифт ва манаҳаш аз риққат ларзид”, “сукути маргбор”, “намегузошт об дар шикамаш такон хӯрад”, “раъшае дар вуҷуд дошт, ки аз сар то ба пояш мавҷ мезад ва мӯйро дар танаш сих мекард”, “пилк ба ҳам гузошту хобаш бурд” хонандаи худро таҳти таъсир қарор медиҳад. Адиб бо ин гуна тасвирҳо пеши назари хонанда филмеро падид меорад, ки фаромӯшаш душвор асту даркаш саҳл. Дар баробари қаҳрамонони асар мегирйему механдем, аз муваффақиятҳояшон истиқбол мекунему аз бохташон дилгиру озурда мешавем. Қиссаи зиндагонии Санам дар худ чандин қиссаву тақдирҳоро фаро гирифтаасту дар қалбҳои мо оташаки меҳру ҳамбастагӣ, дастгири ҳам будану накуӣ хостанро бедор месозад. Ҳар лаҳза мехостам бо ҳамкорам ҳолатеву, розеву, нокомиеро, ки мехондам таҳлил кунам, аз ибораву ҷумлаҳои адиб ба ваҷд меомадам. Романи “Наҷво дар гӯши бод” бисёр ҳаётиву хонданист. Поёни гиреҳкушову субҳи умедбахшандааш ба мо бори дигар талқин ва исбот мекунад:

Аз ноумедӣ басо умед аст,

Поёни шаби сияҳ сафед аст.

Барои ҷустуҷӯи “Наҷво дар гӯши бод”- и Соҷидаи Мирзо заҳмате лозим нест, зеро онро метавон аз Бойгонии китобҳои электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба осонӣ дастрас намуд.

Наҷво дар гӯши бод

Муҳидинова Махфират,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа