Рози “Шоҳнома” Нажод аз назари  Ҳаким Фирдавсӣ

Шоҳнома(Фирдавсиро бадсиголон шовинист хондаанд).

Дар «Шоҳнома» Рустам, Суҳроб, Ардавон, Кайхусрав, Искандар ва чанде дигарон шахсиятҳои нимаэронӣ мебошанд, зеро ки аз пайванди эронӣ бо анэронӣ пайдо шудаанд. Аммо Заҳҳок, Афросиёб (гарчанде бобокалонаш Тури Фаридун) хокони Чин, девон, туркон, тозиён ва амсоли онҳо унсурҳои анэронӣ мебошанд, ки ҳадафи ягонаашон расондани осебу зиёнҳо ба хотири вайрон кардани сарзамини аҳуроии Эрон аст. Дар «Шоҳнома» ба равшанӣ бозтоб шудааст, ки бояд озодагон, ба вижа хусравнажодон (каёнинажодон, фаррухнажодон) огоҳӣ дошта бошанд, ки чунин омезишҳо метавонад на танҳо ба шоҳ, балки ба кишвар газанд оварад.

Ин ҷост, ки мубадону хирадмандон, ҳангоми ба  гоҳи шоҳаншоҳӣ  ҷойнишин кардани яке аз шоҳзодагон, дар баробари фар(р) ба асолати  нажодии ў аҳмият медиҳанд. Ҳамон гуна, ки мубадону радон (фармондеҳон) барои ба тахт нишондани писари Нўшинравон-Ҳурмузд байни худ баҳс мекунанд, ки аз шаш писар кадоме сазовори тахти шоҳаншоҳии Эрон аст. Ҳнгоми машварати эшон пиромуни ба тахти каёнӣ сазовор будан ё набудани Ҳурмузд, ки ба модар аз туркон буд, мубадон ҳама аз ҷой бархоста мегўянд:

Ки ин туркзода сазовор нест,

  Кас ўро ба шоҳӣ харидор нест.

  Ки ҳоқоннажод асту бадгавҳар аст,

  Ба болову дидор чун модар аст.

Яъне боло (қадаш) пасту дидор (чашмонаш) танг аст ва пас аз он ки Ҳурмузд ба тахти шоҳаншоҳӣ менишинад, Баҳроми Озармеҳон асолати ноэронии ўро мазаммат карда, худ ба зиндон гирифтор мешавад.

Бад-ў гуфт, Баҳром к-«Эй туркзод,

  Бо хун  рехтан то набошӣ ту шод.

  Ту ҳоқоннажодӣ, на аз Қайқубод,    

   Ки Кисро туро тоҷ бар сар ниҳод».

Лозим медонам таваҷҷуҳи хонандаро ба ин нукта ҷалб кунам, ки Ҳаким Фирдавсӣ нажодро яке аз муҳимтарин шароити подшоҳӣ дониста, бар ҳадафи эҳтиёти кишвар аз осебу офатҳо, як идда шоҳону радони эронро огоҳона зодаи модарони анэронӣ ва ғолибон ҳамлавару зиёновари сарзамини ниёкон бозтоб кардааст. Намунаҳои барҷастаи ин омезиши зиёнбор Афросиёб, Суҳроб ва Искандари румӣ мебошанд. Афросиёб аз ниё эронӣ, Суҳроби писари шаҳсутуни пойдори кишвар-Рустам, Искандар аз нутфаи Дороб ба олам зуҳур карда, ба марзхои муқаддаси меҳани эрониён таарруз карда, харобиҳо бор меоранд.

Искандар аз нажоди каёнӣ ҳам бошад, модараш Ноҳид қайсарнажод аст. Худовандагори адаби порсӣ падари Искандарро шоҳаншоҳи Эрон-Дороб ва модарашро духтари Файлақуф- қайсари Рум донистааст. Ҳамон гуна ки пештар ишора шуд, Дороб ба ивази бож Ноҳидро ба занӣ мегирад ва Файлақус аз ин пайванд шод мешавад. Вале чун аз даҳони шоҳдухтар бўйи нохуш ба димоғи шоҳ мерасад ва ин таафуни даҳонро бо ҳурдани гиёҳи «Сикандар» наметавонанд бизудоянд, Ноҳидро ба Рум  пас мефиристанд. Аз омезиш бо Дороб духтари Файлақус обистан буд. Фарзанди таваллудшударо бо номи он гиёҳ Искандар номида, аз ҳама пинҳон медоранд, ки аз тухмаи каёниён, аз Дороб аст. Возеҳ аст, ки симои Искандар (Александр, Зулкарнайн, Мақдунӣ) дар адабиёт, таърих ва Қуръон ба гунаҳои бо ҳам мухолиф бозтоб шудааст. Искандар дар Қуръон, «Искандарнома» ва «Хирадномаи искандарӣ»-и Низомиву Ҷомӣ симои ҷаҳонгир, хирадманд ва додофарин тавсиф шудааст. (Ин нуктаро бояд таъкид кард, ки андешаварон Искандари Қуръонро шахсияти дигар донистаанд). Дар «Шоҳнома» чеҳраи Искандар чун симоҳои Афросиёбу Заҳҳок зишту аҳриманӣ нишон дода нашудааст. Ҳакими Тўс барои Искандарро аз нажоди каёнӣ донистан, достони Дороб ва Ноҳидро фароҳам оварда, бадин васила, тасхири ватанашро аз бегонагон напазируфтааст. Зеро сарзамини аҳуроии муқаддас набояд зери фармонравони бегонанажодон  бошад.

Хар он кас, ки бошад аз нажоди каён.

  Набояд, ки аз бод ёбад зиён.

Донишманди барҷаста Ҳусайни Каримон дар боби пайванд кардани Искандар бо нажоди каёнӣ навиштааст: «Суннати эронӣ, ки аз ғурури миллӣ моя дорад, ҳамон гуна, ки сосониёнро бо каёниён муттасил (пайванд) сохт, Искандарро низ ба он хонадон пайванд дод, чун таҳаммули тасаллути бегонагони бадгавҳар бар кишвар сахт душвор менамуд». Тавре, ки худи сухансарои бузург фармуда.:

Ту хоҳӣ ки шоҳӣ кунӣ бе нажод,

  Ҳама дударо дод хоҳӣ ба бод.

Кобили таваҷҷўҳ ин ки Фирдавсӣ ҳангоми бозгў кардани лашкаркашиҳои Искандар ба ў нафрати шадид изҳор карда, вайро кушандаи ниёкон ва бедодгари гетӣ дар радифи Заҳҳоки «бедодгар» ва Афросиёби «беандешамард» донистааст. Чунончи Ардашери ҷавон пас гирд кардани лашкар ва истиқлолияти кишвар эълон кардан чунин мегўяд:

Ки нашнид, к-Искандар андар ҷаҳон,                                             

Чӣ кард аз фўрумоягони меҳон.                                                                                     

 Ниёкони моро якояк бикушт,

Ба бедодӣ овард гетӣ ба мушт.

Аммо пиёмади  пайванди эронӣ бо анэронӣ чунон  ҳам мешавад, ки кинхоҳи падарро ба дунё оварда, нигоҳбони замини падарон гардад.

Ончуноне, ки аз пайванди Сиёвуш ва Фарангис Кайхусрав таваллуд шуда, димори кушандагони падар, аз ҷумла Афросиёбро мебарорад.

К-аз ин ду нажод яке шаҳриёр,

  Биёяд бигирад  ҷаҳон дар канор.

Бад-ин тартиб,аз он чи дар ин навиштор метавон хулоса кард, он ас, ки шароити маргбори таърихие, ки эрони Фирдавсӣ қарор дошт, мунодии аслу насаби тоҷиктаборонро водор сохта буд, ки фарру нажод, шукўҳи бартарии қавми худро батаъкид ошкоро бозгў кунад, то рўҳияи миллии мардуми меҳанашро баланд бардорад. Чунон, ки дар оғози ин навиштор ёдоварӣ  кардем, ҷаҳонишавӣ ва моддигароӣ барои фарҳанги миллии мо он хатарест муҳликтар нисбат ба рўзгори Фирдавсӣ. Замири  нохудогоҳии миллӣ захмест дар пайкари миллат, ки рў ба саратон меоварад. Ба вижа ҳангоме, ки Спартак ё Искандари Макдунӣ на танҳо барои як тамошогари одӣ, балки барои як фарҳангии тоҷик қаҳрамони мусбат аст. Ин амр табиист, на дар филму театр дидааст, ки император Дороб модари Искандарро барои тааффуни (бўйи бади даҳонаш) аз Эрон бадар карда буд. Искандар шукўҳу шаҳомати Эрони бузургро дида, эронгаро мешавад ва муҷиби бадбинии навкаронаш мегардад.

Дар поёни ин гуфтор мехоҳам ёдовар шавам, ки васфи фарру нажоди эрониён боиси он шуд, ки баъзе тангназарон Фирдавсиро нажодпараст бозгў кунанд. Дар замони шўравӣ дар радифи туркгароён як идда адабпажўҳони сиёсатзада буданд, ки андешаҳои беҳамтои Фирдавсиро ба шовинизм нисбат дода, хостанд арзиши шоҳкори бемисли ҷаҳонро хурд кунанд ва ҳоло низ шумораи он бехирадон коста нашудааст…

Аз китоби Зафар Мирзоён “Офаридгори сухан”, Душанбе, 2018.

Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи ОйҷонгулДавронова,

сармутахассиси шуъбаи

 тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ