Рӯ ба илм. Конҳои тафтавӣ

Конҳои тафтавӣКонҳои тафтавӣ, кони сарватҳои табиие, ки дар қишри Замин ҳангоми сардшавию шӯшабанди (кристаллбандӣ)-и тафта (магма)-и асосӣ ё ишқории таркибаш аз консентратсияи моддаҳои маъданӣ ғанӣ ба вуҷуд меояд. Ҳангоми сардшавии магма филизҳо ва пайвастаҳои онҳо ҷудо шуда, алоҳида шӯша мебанданд. Дар натиҷа, конҳои шакл ва ҳаҷму таркибашон гуногун пайдо мешаванд. Вобаста ба таври пайдоиш конҳои тафтавиро ба сегрегатсионӣ (аккумулятивӣ), ҳистеротафтавӣ (фузивӣ) ва ликватсионӣ ҷудо мекунанд.

Конҳои сегрегатсионӣ дар давраи аввали шӯшабандии тафта пайдо мешаванд. Ҳангоми хунук шудани тафта аз таъсири ҷараёни конвексионӣ филизҳои вазнин нисбат ба дигар маъданҳо пештар таҳшин шуда, шӯша мебанданд. Дар натиҷа коҳои хром, титан, маъдани оҳан ба вуҷуд меояд.

Конҳои ҳистеротафтавӣ дар охири давраи шӯшабандии тафта пайдо мешаванд. Аз боқимондаи гудохтаи тафтавии сергаз моддаи сарвати табиӣ ҷамъ ва сахт шуда, ин гуна конҳоро ба вуҷуд меоварад (конҳои титану мегнетити кӯҳи Качканари Урал, хромити Урали Ҷанубӣ, апатити нимҷазираи. Кола; конҳои тантал, ниобий ва ғайра).

Конҳои ликватсионӣ дар натиҷаи аз тафтаи ҳарораташ паст ҷудо шудани ду моеи ба ҳам омехташаванда (силикатӣ ва маъдандор) ҳосил мешаванд. Моеи маъдандор нисбат ба моеи силикатӣ дертар шӯша мебандад. Бо ҳамин роҳ дар ҷинсҳои кӯҳии асосӣ – габброноритҳо, конҳои мису никел пайдо мешаванд. Онҳо аз минералҳои пентландит, халкопирит, пирротин ҳосил шуда, баъзан дар чунин конҳо пайвастаҳои платина ва кобалт низ вомехӯранд.

Конҳои оҳан, титан, ванадий, хром, платина, мис, никел, кобалт, апатит, алмос, ниобий ва тантал, сирконий ва гафний муҳимтарин конҳои тафтавӣ мебошанд.

Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 549.

Таҳияи Шаҳноза Садирзода,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.