Рӯ ба илм. Конҳои таҳшинӣ

Конҳои таҳшинӣ, кони сарватҳои табиие, ки дар қаъри дарё, ботлоқ, кӯл, баҳр, уқёнус бо роҳҳои механикӣ, кимиёӣ, биокимиёӣ ва таҳшиншавии вулканогенӣ ба вуҷуд омадаанд. Вобаста ба ҷои пайдоиш онҳо дарёӣ, ботлоқӣ, кӯлӣ, баҳрӣ ва уқёнусӣ мешаванд.

Дар навбати худ конҳои таҳшинии баҳрӣ ва уқёнусӣ аз конҳои платформагӣ ва геосинклиналӣ иборатанд. Конҳои таҳшиние, ки маъмулан дар байни ҷинсҳои дигар мавқеи муайяни стратиграфӣ доранд, қабат-қабат ё линзашакланд. Онҳо баъзан дар натиҷаи метаморфизм (тағйири сохт) ва ҳаракатҳои тектоникӣ дучори деформатсия (шаклдигаркунӣ) гардида, шакли мураккаб мегиранд.

Қабатҳои алоҳидаи конҳои таҳшинӣ ба даҳҳо километр тӯл кашида, ғафсии онҳо то 500м мерасад (кони намаки Соликамск). Сангреза, рег, гил пошхӯрдаҳои филизҳои холис (тилло, платина), сангҳои нодир (алмос), қалъагӣ, титан, волфрам, сирконий, минералҳои нодиризамин (монатсит) ва торийдор ба конҳои таҳшинии пайдоишашон механикӣ мансубанд.

Дар раванди интиқол (кӯчиш) дифференсиатсия (тафриқа)-и кимиёии компонент (қисм)-ҳо бо роҳи таҳшиншавии аввал моддаҳои дерҳалшаванда ва баъд зудҳалшаванда анҷом меёбад (оксидҳои оҳан ва манган, намаки закиси оҳан ё сидерит, карбонатҳо, намакҳои сулфат ва ҳалогенӣ). Аз ин ҷиҳат маъданҳои оҳан, манган, уран, боксит, доломит, намаксанг, намаки калий, гач ҳосил мешаванд. Дар натиҷаи зисти организмҳо ғун шудани моддаҳои органикӣ сабаби биогении ҳосил шудани маъдан мегардад. Пайдоиши нафт, ангиштсанг, газу варақсангҳои сӯзанда, оҳаксангҳои органогенӣ, бӯр ва фосфорит биокимиёӣ аст.

Дар атрофи ҳавзаҳои об (тунукобаву лагунаҳо), ки дар ҷои ҳодисаҳои дифференсиатсия нисбат ба омехташавии моддаҳо бартарӣ доранд, равандҳои босуръат ҳосил шудани таҳшинҳо рух медиҳанд. Мувофиқи ақидаи геологи шӯравӣ М. М. Страхов, ҷудо шудани лагуна ва ба он роҳ наёфтани ҷинспораҳо боиси ғун шудани (консентратсия)-и маъдан мегардад. Вобаста ба шароити пайдоиш конҳои таҳшинӣ платформаӣ ва геосинклиналӣ мешаванд. Конҳои таҳшинии платформаӣ ба тунукобаҳо (шелфҳо)-и хушкшавандаи ҳавзаи оби дохили қитъа водиҳои қадимии дарё ва ғ. вобастаанд.

Конҳои таҳшинии геосинклиналӣ ба марҳалаҳои аввал ва охири трансгрессия (хушкиро пахш кардани баҳр), фосилаи қатъ гардидани таҳшиншавӣ алоқаманд буда, бештар дар таҳнишастҳои резадонаи назди соҳили баҳр (фатсияҳо) вомехӯранд.

Конҳои таҳшинӣ барои хоҷагӣ аҳаммияти бузург доранд. Пайдоиши қисми зиёди ашёи хоми минералӣ (75-80% сарватҳои табиӣ) ба таҳнишинҳо вобаста аст.

Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 549-550.

Таҳияи Истампулод Ормонов
мутахассиси шуъбаи
библиографияи миллӣ