Рухшона Ашӯрзода беҳтарин китобхони моҳи октябр эълон шуд

Рухшона АшӯрзодаШуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Китобхона ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” маҳфили навбатии “Китобхони беҳтарини моҳ”-ро ҷамъбаст намуд.

Маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” бо иштироки муовини аввали директори муассиса Раҷабзода Салима, хонандагони фаъоли шуъбаи кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ баргузор шуд. Китобхони беҳтарини моҳи октябр Рухшона Ашӯрзода хонандаи синфи 10-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 90, ноҳияи Сино бо хондани 220 асар дар як моҳ ғолиби маҳфил дониста шуд.

Рухшона Ашурзодаро муовини директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода бо ғолибият табрик намуда, барояш музаффариятҳои тоза орзу намуд. Ҳамчунин Сипоснома, медал ва дигар тӯҳфаҳои хотиравии аз тарафи Китобхона омодашударо ба ғолиби маҳфили мазкур супорид.

Дар маҳфил Рухшонаро устодаш Муниса Сайнакова ва падараш Музаффар Ашурзода ҳамроҳӣ намуданд. Дар рафти маҳфил Муниса Сайнакова Рухшонаро ҳамчун як духтараки фаъолу меҳрубон муаррифӣ намуда, қайд кард, ки ӯ пайваста дар озмунҳои гуногун ғолибият ба даст меорад ва “ман итминон доштам, ки дар ин озмун низ ӯ муваффақ хоҳад шуд”. Ҳамчунин ӯ иброз дошт, ки баргузории ин гуна маҳфилҳо ба нафъи ҷамъият буда, шавқу завқи хонандагонро ба китобу китобхонӣ меафзоянд.

Падари Рухшона, Музаффар Ашурзода, зимни суханронии худ аз Китобхонаи миллӣ ва телевизиони бачагону наврасон “Баҳористон” арзи сипос намуда, аз масъулияти падару модар ва нақши китобу китобхонӣ дар ташаккули  кӯдакон сухан кард.

Ногуфта намонад, ки Рухшона Ашурзода дар воқеъ мутолиаи китобро хеле дӯст медорад ва пайваста аз адибони классикии тоҷик, адибони адабиёти ҷаҳон ва адабиёти бачагона ба забонҳои русиву тоҷикӣ китоб мехонад. Ин аст, ки ӯ иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи адабиёти бачагона ва шифоӣ мебошад. Бештар аз осори С.Айнӣ ва М.Қаноат асарҳо мутолиа намояд ҳам, асари дӯстдоштааш “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ аст. Ҳамзамон Рухшона қироати шеърро низ дӯст медорад ва худ кӯшиши эҷод намудани шеърро дорад.

Дар анҷоми маҳфил Рухшона Ашурзода ба бачагон рӯй оварда, тавсия дод, ки вақти худро беҳуда зоеъ насозанд. Ба Китобхона омада китоб хонанду ҷаҳонбинии хешро васеъ намоянд, зеро “китоб дӯсти қарини инсон аст”  таъкид намуд ғолиби маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ”.

Махфират Муҳидинова
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.