Ӯрун Кӯҳзод: “Сухан аз боби ҳаҷв”

Ӯрун КӯҳзодИн мақолаи басо пурбору пурмуҳтавои адиби тавоно, Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Ӯрун Кӯҳзод  соли 1968 дар шумораи 7-уми маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст. Тавре аз сарлавҳаи он маълум аст, устод чун нависанда андешаи худро дар бораи ҳаҷв ва ҳаҷвнигорӣ иброз даштанд.

Мавзуъ куҳна нест, андешаҳои  қариб 60 сол пеш баёндоштаи адиби маъруф имрӯз ҳам муфиданд. Мо як порае аз ин мақола чоп мекунем ва идомаро хоҳишмандон худ метавонанд дар толори хониши матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.

Инак, он пораи интихобшуда:

Ҳадафи ҳаҷв вобаста ба шароити замон ва вазифаҳои дар пеш буда тағйир ёфта меистад. Одамон ҳам ба рафти замон нигоҳ карда, рафтору кирдорашонро дигар мекунанд. Бинобар он ҳаҷвнигорро лозим аст, ки аз бадалшавии характерҳо бехабар намонад ва харатери қаҳрамонҳои худро мувофиқи характери асарҳои хондааш, не балки тавре офарад, ки худаш дарк кардааст. Масалан, бюрокротҳои солҳои чилум бюрократии худро пинҳон намедоштанд. Баръакс, онро намоиш дода мояи фахр мешумориданд.

Дар ин рӯзҳо онҳо худро ба шароит мувофиқ карданӣ шуда, ба рӯй ниқоб гирифтаанд: зоҳиран ғамхор, ҳалим, хушмуомила менамоянд, вале ботинан бюрократ мондаанд. Вале ҳаҷвнигорони мо ҳоло ҳам бюрократҳоро тавре тасвир мекунанд, ки пештар буданд на ба тавре ки ҳоло ҳастанд. Инчунин муфтхӯрҳо ва барбоддиҳандагони моликияти ҷамъиятӣ рафтору кирдорҳои нав ба нав ёд грифтаанд, усули корашонро дигар кардаанд, вале ҳаҷвнигорон онро ҳанӯз тавре мебинанд, ки як вақтҳо буданд. Ба ин монанд мисолҳо бисёр аст.

Ҳаҷв, монанди дигар жанрҳои адабӣ, вазифадор аст, ки ботини қаҳрамонашро кушояд. Фикру зикри ҳадафашро ба тавре тасвир кунад, ки қабоњатҳо “мана ман” гуфта истанд ва хонанда бовар кунад, ки дар ҳақиқат ин рафтор бад будааст. Бадиашро, ки фаҳмид, аз кардани чунин рафтор ҳазар мекунад ва ё ба ҳоли онҳое ки чунин кирдорро раво дидаанд, механдад. Аҳмияти тарбиявӣ доштани ҳаҷв низ дар ҳамин аст. Дар замони мо мавзӯи ҳаҷв ҳамаи он чизҳо ва воқеаҳоянд, ки баҳри ба амал омадани мақсадҳои олиамон халал мерасонад, ба ахлоқи коммунистиамон мувофиқат намекунанд.

Бисёр воқеъ мегардад, ки аз забони аҳли адаб ва ходимони рӯзномаҳо мешунавем: чунин ҳодисаҳо ҳастанд, лекин гуфта намешавад. Агар ҳодисаи тасвиршаванда дар ҳаёт бошад, пас чаро онро гуфтан мумкин набудааст? Чунин ҷавоб додан аз рӯи савобдиди кор нест. Баръакс одамонро ба шубҳа меандозад. Дар ҳамин поя фикрҳои беасосу нодуруст пайдо мешавад. Беҳтар аст ки усули гуфтор ва бедеият ва мавқеи нависандаро таҳлил карда, сонӣ ҷавоб диҳем, ки ҳам ба нависандааш кӯмак расад ва ҳам ба шубҳа ҷой намонад.

Ҷавоби дигаре, ки қариб характери умумӣ гирифтааст, “мавзӯъ кӯҳна” гуфтан аст. Ин ҳам як навъ канораҷӯӣ ва худро халос кардан бояд бошад. Зеро мавзӯъ, ки аз ҳаёти одамон бармеояд, ба монанди насли одамӣ куҳнашавӣ надорад. Фақат ҷои амал, хусусияти мавзуъ, доираи ҷаҳонфаҳмии қаҳрамон куҳнашаванда асту бас. Аз ин рӯ худи мавзуъ наметавонад кӯҳна ва нав бошад. Гап дар он нест, ки нависанда кадом мавзуъро интихоб кардааст. Балки гап дар он аст ки ӯ дар мавзуи  интихобкардааш чиҳоро дидааст, аз кадом нуқтаи назар ба он наздик шудааст ва ниҳоят онро чӣ тавр ҳал кардааст. Маҳз тарзи ҳалли мавзуъ дар кадом поя истодани муаллифро нишон медиҳад. Монанд ба ҳамин мавзӯҳои тасвиршаванда низ нест. Ҳамаи ҷиҳати зиндагӣ лоиқи тасвир аст. Бинобар он ҷавобе, ки мавзӯи забонзада аст, ҷавоби хуб ё бад будани ин ё асар шуда наметавонад. Ба ҳамин ваҷҳ мавзуъ не, балки ҳолати мавзуъҳо тағйир меёбад ва забонзада он асарҳоест, ки доир ба мавзӯи баҳсаш ҷиҳати наверо дарк карда натавонистааст. Ҳар як мавзуъ ҳалли нави худро ёбад, асари нав аст. Масалан ҷӯробозӣ, ҳамшаҳрчигӣ, мулоҳиза, дурӯягӣ, ҳасуд хушомад, тарсончакӣ порахӯрӣ, бетараф будан ва ғайраву ғайраҳо мавзуъҳое ҳастанд ки дар ҳамаи давру замонҳо вуҷуд доштанд. Фарқ дар он аст, ки ин мавзуъҳо дар ҳар замон бо ҳар ранг зуҳур мекунад. Дар замони мо шакли зуҳури хислатҳои номбурда на ба он тарзест, ки масалан гӯем дар давраи феодализм буд. Ҳаҷв бояд ҳадафи худро дар зуҳури наваш ёбад, тарзу тариқи ба вуқуъ омадани ҳамин ҷиҳатҳоро меъёри ханда қарор диҳад…

Манбаъ: “Садои Шарқ”, соли 1968, №7

Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ