Рӯнамоии китоби “Чеҳраҳои бонувони номошнои мамлакат” дар Китобхонаи миллӣ 

Чеҳраҳои бонувони номошнои мамлакатДар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Шӯрои бонувони ин муассиса рӯнамоии китоби Шоҳона Одиназода “Чеҳраҳои бонувони номошнои мамлакат”доир гардид.

Салима Раҷабзода, муовини директори Китобхонаи миллӣ маҳфилро ҳусни оғоз бахшида ташрифи меҳмононро ба рўнамоии китоби “Бонувони Тоҷикистон” бо номи “Чеҳраҳои бонувони номошнои мамлакат”, ки дар ҳошияи 32-солагии “Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барпо мешавад хушомадед гуфт.

Салима Раҷабзода аз мақом ва вазифаи зани тоҷик дар ҷомеаи имрўза ва нуфузи ин қишри ҷомеа дар тарбияву тартибу низоми давлатдории Тоҷикистони азиз суҳбат кард.

Нақш ва мақоми занон ва бонувони тоҷик дар таҳкими пояҳои давлатдории навини мо хеле боризу мустаҳкам аст. Таърих гувоҳ аст, ки Зан-Модари тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳо низ бо шуҷоати ба худ  ном баровардааст. Дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик корнамоиҳои занонеро мушоҳида менамоем, ки дар баробари мардон барои марзу буми Ватани аҷдодӣ хидмат карданд. Инро мо дар мисоли Гурдофарид, Таҳмина, Рухшона дида метавонем. Дар даврони Истиқлол ба кадом соҳае назар афканем, дар он нақши Зан-Модар дида мешавад. Ҳоло Зан-Модар, Зан-Роҳбар, Зан-Ҳимоятгар, Зан-Омӯзгор, Зан-Мураббӣ мафҳумҳоеянд, ки дар ҳаёти имрӯзаи мо вохӯрдан мумкин аст. Тарбияи нахустини фарзанд, солимии оила, рушди ҷомеа ба рисолати Зан-Модар вобастагӣ дорад, иброз дошт дар идомаи суханрониаш Салима Раҷабзода.

Дар муаррифии китоб сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ҳузур дошт ва дар суханрониаш мақсади таҳияи ин китобро заҳмати шабзиндадории модари тоҷик ва бонувони муваффақе, ки имрӯз барои ободии ин сарзамин, барои ободии ин миллат саҳмгузор ҳастанд, донист.

Шоҳона Одиназода заҳамоти модари тоҷикро ситоиш карда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳар модари тоҷик агар даркор шавад, барои марзу буми ин миллат ҷони худро нисор мекунад. Рӯнамоии китоби омодакардаи маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” бори дигар арзи сипосу эҳтиром гузоштан ба хидматҳои Пешвои миллат дар ҳаққи модарон аст. Беҳуда нест, ки имрӯз Пешвои муаззами миллат ба мо фарзандон, модарон, такя доранд, бовар мекунанд ва “Бонувони Тоҷикистон”нашрияи аввалинест, ки муассисаш Пешвои миллат мебошанд, таъкид кард ӯ.

Шоҳона Одиназода ба бонувони китобхона муроҷиат намуда аз онҳо хост дар ҳамкории зич бо ин маҷалла бошанд.

-Минбари маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” минбари ҳар яки шумост, дар он аз ҳаёти осоиштаи мардум биг, аз бонувони муваффақ бигӯем. Ҳар коре мекунем барои насли оянда ва барои втани азизу ободамон бошад, гуфт дар поёни суҳбаташ сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”.

Чеҳраҳои бонувони номошнои мамлакатСипас Насиба Содиқӣ Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар мавриди китоб ва муҳтавои он андешаҳояшро изҳор дошт.

Ӯ ишора намуд, ки дар арафаи ҷашнҳои бузург қарор дорем, ва рӯнамоии китоби“Чеҳраҳои бонувони номошнои мамлакат” армуғони хубе барои ин ҷашнҳост. Ба ишораи ӯ ин китоб таърихи Тоҷикистонро дар бар мегирад, таърихи пешрафт ва араҷгузории Тоҷикистонро нисбат ба бонуи тоҷик.

Ӯ занони Тоҷикистонро занҳои хушбахт номид ва мисолҳои зиёд  овард. Ӯ мегӯяд барои мо занҳои Тоҷикистон ҳамаи имконот ҷиҳати амалӣ намудани орзуҳои хеш мавҷуд аст.

Аз аввали фаъолияти худ Пешвои миллат такя ба модарон, занони тоҷик намуданд. Дар Паёми 2 сол пешашон Ҷаноби Олӣ гуфтанд, ки ман доим ба занҳои тоҷик такя мекардам ва ҳамеша дар фаъолиятам бузургии зани тоҷикро ҳис мекардам.

Насиба Содиқӣ дастгириҳои Пешвои миллатро дар ҳаққи занҳои тоҷик масъулият донист ва афзуд, ки бояд ба бовари Пешвои муаззами миллат сазовор бошем.

Ҳамчунин Содиқӣ китобро беҳтарин сармоя гуфт ва барои исботи андешҳои хеш озмуни “Фурӯғи субҳи  доноӣ китоб аст”-ро мисол овард, ки он на танҳо барои аз худ кардани шеър, мундариҷаи китобҳост. Ин китобҳо водор мекунанд, ки ҷавонони мо ба гузаштаи худ ифтихор кунанд. Имрӯз миёни милатҳои дигар тамоюле пайдо шудааст, ки китоби гузаштагони моро ба забонҳои худ тарҷума ва моли худ мекунанд. Китобе, ки ҳоло муаррифӣ шуд, нишон медиҳад, ки мо чӣ дорем, мо занони тоҷик соҳиби фарҳанги миллати хеш мебошем, занони тоҷик фарзандонашонро дар рӯҳияи ватандорӣ тарбия мекуннад.

Садбарг Боқиева, хабарнигори маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия низ дар маҳфил ҳузур ва суханронӣ намуд. Ӯ дар баробари ибрози назар дар мавриди китоб барои табъи ҳозиринро шод гардондан чанде аз сурудаҳояшро замзама кард.

Чеҳраҳои бонувони номошнои мамлакатБузургмеҳри Баҳодур, корманди рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва адиб ва рӯзноманигор Умари Шерхон низ дар маҳфил суханронӣ намуда андешаҳояшонро атрофи китоби мазкур иброз доштанд.

Дар нишаст зикр гардид, ки башарият дар тамоми солҳои арзи вуҷудаш ба нақшу хиради зан дар рушди тамоми ҷомеа ниёз дошт ва ин рушдро бе саҳми бонувон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз зани бохирад фарзанди оқилро ба дунё оварда, онро дар руҳияи  ватандӯстӣ ба камол мерасонад. Имрӯзҳо зиёд гардидани ҷойҳои корӣ барои бонувон, баланд бардоштани мақому манзалати зан, баланд бардоштани сатҳи саводнокии занон яке аз афзалиятҳои сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, таъкид гардид дар рӯнамоии китоби “Чеҳраҳои бонувони номошнои мамлакат”.

Чеҳраҳои бонувони номошнои мамлакатДар қисми фарҳангии маҳфил ҳунарманди дастаи ҳунарии “Фалак”-и ба номи устод Одина Ҳошими Филармонияи давлатии Тоҷикистон Бунафша Муқимова ва овозхонони дигари кишвар бо сурудҳои тару тоза ва шодашон ба маҳфили рӯнамоии китоб шукуҳи тоза бахшиданд.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.