Рӯнамоии китоби “Мавҷи садоқат аз авҷи ҳунар” – и Алимуҳаммад Муродӣ дар Китобхонаи миллӣ
Бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ маҷмуаи мақолаҳо таҳти унвони “Мавҷи садоқат аз авҷи ҳунар (аз рӯзгор ва осори Алимуҳаммад Муродӣ)” ки бахшида ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ таҳия ва нашр гардидааст, рӯнамоӣ шуд. Дар ин маҳфил олимону шоирон дӯсторони фарҳангу адаб ва наздикону пайвандони шоир иштирок карда, доир ба рӯзгор ва осори Алимуҳаммад Муродӣ андешаронӣ намуданд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз гашт. Номбурда иброз намуд, ки Алимуҳаммад Муродӣ чеҳраи ошнои фарҳангу адаб ва шеъру сухани волост ва аз даҳаи 60-70 сар карда, барои кашфи ҳақиқати оламу одам ва ифшои розҳои ногуфтаву ҳарфҳои ношунида қаламфарсоӣ менамояд. Шеъри Муродӣ аз рӯзҳои аввал ба дили хонандагон ба зудӣ роҳ ёфта, ба дарди дили ҳар хонанда марҳам мегардад. Дар ашъори ӯ бузургии инсон, ҳақиқати зиндагӣ, дӯстдории ватану модар ва васфи табиату ситоиши рӯзгори ободи ҳамватанони мо ба тасвир гирифта шудааст.
Сипас, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар аз тозагӣ ва маъниҳои нуҳуфта дар тасвирҳои шеъри Алимуҳаммад Муродӣ ва инчунин ба хонанда наздик будани ӯ ёдовар шуд. Ӯ қайд кард, ки вақте хонанда шеъри Муродиро мехонад, бе шубҳа ба жарфтарин нуктаи андеша мерасад, маъниҳо дар шеър ба гунае ҷой дода шудаанд, ки наметавон бо як хондан аз он рад шуд. Мувафақияти ӯ дар майдони назм маҳз худи ӯ будан аст, ӯ ба касе монанд нест ва шеъри ӯ мегӯяд, ки муаллифаш маҳз Муродист.
Дар идома, Ато Мирхоҷа муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ дар робита ба мазмуну муҳтаво ва маънии навиштаҳои Алимуҳаммад Муродӣ суханронӣ кард. Ӯ гуфт, ки воқеан ӯ барои адабиёти муосири мо нақши бисёр босазо дорад. Ифтихор дорем,ки шоироне чун Муродӣ ҳамасри мо ҳастанд ва овозаи шеъри эшон марзҳоро убур кардааст.
Муҳаммадюсуф Имомзода – доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики АМИТ аз муассир будани шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ ёдрас шуд. Ӯ иброз дошт, ки шеъре, ки 50 сол пеш навишта шудаву ба хонандаи
имрӯз таъсир мегузорад бешубҳа аз қалами шоире чакидааст, ки воқеан дар ин ҷода мувафақ аст. Шеъри ӯ шеъри ҳамин рӯз аст ва ин бахти бузурги шоир аст. Ҳам дар жанрҳои суннатӣ ва ҳам анъанавӣ ба нуктаи аслии мақсуд расидааст. Доштани чунин шоирони замонасаро боиси ифтихор ва хушбахтист ва таҳияву нашри маҷмуаи мақолаҳо аз рӯзгор осори ӯ айни муддаост.
Профессор Аламхон Кӯчарзода, ки маҷмуаи мазкур бо мусоидати ин адабиётшинос дар ҳамкорӣ бо шахсони масъули Китобхона аз ҷумла сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ, муҳаррири маҷмуаи мазкур Ҳадиятуллоҳи Амриддин аз чоп баромадаву рӯнамоӣ гардид, дар маҳфил суханронӣ кард. Адабиётшиноси маъруф қайд кард, ки маҷмуаи мазкур фарогири мақолаҳо оид ба рӯзгор ва осори шоир, мусоҳибаҳо бо рӯзноманигорон ва андешаҳои одамони касбу кори гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба Муродӣ мебошад.
Чакидаҳои хомаи Алимуҳаммад Муродӣ аз миёнаҳои солҳои 70-уми садаи ХХ, аз айёми дар матбуоти даврӣ ба табъ расидани шеърҳои аввалинаш таваҷҷуҳи мутахассисон ва оммаи хонандагонро ҷалб намуд ва баробари чопи маҷмуаҳояш оид ба мундариҷа, муҳтаво ва сохтори ашъораш тақризҳо, мақолаҳо ва мусоҳибаҳо рӯйи кор омадан гирифтанд. Интернет ва фазои маҷозӣ боис гардид, ки ашъори баргузидаи шоир тавассути мухлисони собитқадам ба форсизабонони дунё дастрас гардад ва эшон низ таассуроти хешро бо муҳаббат аён доштаанд.
Бо ҳамин далелҳо мо тасмим гирифтем бахшида ба 80-солагии шоир қисмате аз мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва меҳрномаҳои донишмандон, суханварон ва мухлисони эҷодиёти Алимуҳаммад Муродиро ҷамъ оварда, чун армуғон ба эшон пешкаш намоем.
Дар ҷараёни маҳфил дигар шоирони шинохта, олимон, адабиётшиносон ва алоқамандони шеъри устод Алимуҳаммад Муродӣ ба шеъри ӯ баҳои баланд дода, ӯро шоири баркамол ва шеърӣ ӯро ҷовидона унвон карданд.
Адабиётшиноси маъруф Ҳафиз Раҳмон тасвирҳои шоирро ҳамчун мусавваррасозӣ дар шеър ва дорои вижагиҳои хоси худ баён кард. Ҳафиз Раҳмон таъкид кард, ки шоир бо табиат ва набзи он шеърро ҳамоҳанг сохтааст, ки хеле муаасир ва ҳадафррас гардиддаст:
Инсоф бубояд аз замин омӯхтан,
Як дона бигираду ҳазорат бидиҳад…
Намунаи дигар аз тасвирҳои шоир …
Ғаматро дар замини сина парвардам,
Дилам боғи шукуфон шуд,
Одатан, ғаму дард синасӯз аст, ки решаи дарахти умеди касро ковок ва билохира аз по меафтонад. Аммо ғами шоир, азбаски ғами муҳташами васлу ёди каси ба ҷон баробари ӯст, қалби шоирро ба боғи шукуфоне табдил додааст, иброз дошт Ҳафиз Раҳмон дар идомаи суханронии худ.
Шеъри Муродӣ аз рӯзҳои аввал ба дили хонандагон ба зудӣ роҳ ёфта, ба дарди дили ҳар хонанда марҳам мегардад. Дар ашъори ӯ бузургии инсон, ҳақиқати зиндагӣ, дӯстдории ватану модар ва васфи табиату ситоиши рӯзгори ободи ҳамватанони мо ба тасвир гирифта шудааст.
Дар ҳамоиш ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, адабиётшинос Мубашшир Акбарзод, шоир ва пажӯҳишгари маъруф Салими Хатлонӣ ва дигрон суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом шоир ба тамоми иштирокдорон барои андешаронӣ ва ба гирдоварандагони маҷмуаи мақолаҳо изҳори миннатдори кард.
Ширкатдорон бори дигар Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродиро ба 80-умин баҳори умр самимона шодбош гуфта, барояшон умри дарози бобаракат ва қалами ҳамеша сабзро орзу намуданд.
Китобхонаи миллӣ дар партави сиёсати фарҳангпарварона ва арзишгузориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҷиҳати таҳия ва нашри осорномаҳои шоирону нависандагон ва олимону донишмандони соҳаҳои гуногуни илм дар асоси нақшаи чорабиниҳо тадбирҳои муассир меандешад. Нашри маҷмуаи “Мавҷи садоқат аз авҷи ҳунар (аз рӯзгор ва осори Алимуҳаммад Муродӣ)”, ки ба муносибати 80-солагии шоир аз ҷумлаи чунин тадбирҳо буда, минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо дигар шоирону нависандагон идома хоҳад ёфт.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа