Рӯнамоии маҷмуаи мақолаҳои рӯзноманигорони тоҷик “Эмомалӣ Раҳмон-эҳёгари Роғун” дар Китобхонаи миллӣ
Бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Китобҳонаи миллӣ”- Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон муаррифии маҷмуаи мақолаҳои рӯзноманигорони тоҷик таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон–эҳёгари Роғун” (мураттиб Зинатуллоҳ Исмоилзода) доир гардид.
Зиннатуллоҳ Исмоилзода дар оғоз ҳадафи ҷамъовари нигоштаҳои ҳамқаламонро шарҳ дод ва гуфт ин иншооти муҳими стратегӣ барои зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи кишвари азизамон асрҳо хидмат хоҳад кард. Он баҳри рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар натиҷаи пурра ба истифода додани Неругоҳи барқии обии Роғун даҳҳо корхонаҳои нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, тамоми хоҷагии халқи мамлакат бо пурагӣ бо барқ таъмин мегарданд.
Вай таъкид кард, ки рӯзноманигорон ҳамеша дар ҳар сангари созандагӣ бо бунёдкорон буданду ҳастанд. Дар сангари бунёди Роғун низ аввалин пайки шодиву нахустин пайғомҳо аз қалами журналистон ба сурати хабару очерку лавҳаву гузориш метаровад ва ба ҷомеа мерасад.
Иттифоқи журналист дар росто пешгом аст. Мо борҳо корвони аҳли қаламро ба ин иншооти аср раҳнамоӣ кардаем ва журналистон аз натиҷаи диду боздидашон даҳҳо гузоришу очеркҳо навиштаанд. Аммо дар ин китоб мо танҳо бахше аз ин нигоштаҳои хубро гирд овардем.
Масрур Абдуллозода – мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз ин армуғони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорӣ хушнудӣ кард.
Вай иброз дошт, ки маҳз бо талошу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун дубора эҳё гардид ва имрӯз 2 чархаи он фаъолият мекунад. Неругоҳи Роғун бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Роғун – ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми тоҷик мебошад. Бе неругоҳи Роғун рушду тараққиёти босуръат ва ояндаи пурсаодати давлати Тоҷикистонро тасаввур кардан мушкил аст. Маҳз ба ҳамин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: – “Роғун – ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст”.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар идома суханронӣ карда, нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Роғун ва эҳёи дубораи он бемисл ва таърихӣ унвон кард. Профессор Файзализода иброз намуд, ки таҳияи китоби «Эмомалӣ Раҳмон-эҳёгари Роғун” аз иқдомҳои шоиста ва бисёр сривақтии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст, ки аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии Роғун заҳматҳои шабонарӯзии кормандони онҷо ва талошҳои Сарвари давлат барои бунёди он қисса мекунад.
Муҷибахон Ҷавҳарӣ ходими давлатӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҷмуаи мазкурро ки дар он мақолаҳои беҳтарини рӯзноманигорони ҳирфаӣ гирд оварда шудаанд ва нақши муҳими онҳо барои таърихи миллат ҳарф зад. “Нақши сарвари давлат дар омодасозии тарҳҳои бузурги иқтисодӣ ва бунёдгузории ин муъҷизаи аср неругоҳи барқи Обии Роғун бисёр бузург ва барои на танҳо Тоҷикистон балки минтақа муҳим арзёбӣ мешвад. Маҳз бо талошу заҳмати Пешвои миллат бунёди Роғун, ки солҳо бозмонда буд, дубора эҳё гардид”,- гуфт Муҷибахон Ҷавҳарӣ.
Сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Маҳмадов бо хушнудӣ изҳор дошт, ки армуғони журналистон ба ифтихори ин санаи муҳим – Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр фоли нек ва боиси сарфарозист. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи таърихист, чун шахсияте мисли Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик муъҷиза аст ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллатро бояд дар ҳар сафҳаи таърих сабт гардад.
Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода зимни суханронии худ гуфт, ки чунин китобҳо бояд дар ҳар як китобхонаи мактабу донишгоҳҳо бошанд, то насли имрӯзи мо аз Роғун ва марҳилаҳои рушду корҳои сохтмони дар онҷо огоҳ гардад. Абдураҳмон Хонзода пешниҳод кард,ки китоб дубора ва бо теъдоди зиёдтар чоп карда шуда, дастраси хонандагон карда шавад.
Бахтиёр Муртазоев пубтитсист ва рӯзноманигор аз мақолаҳои дар маҷмуаи мазкур гирдовардашуда, ки ҳар яке бо ҳарорат ва муҳаббати хоса навишта шудаанд, ситоиш карда гуфт, ки мехоҳад дар бораи ин китоб китобиёт нависад. Барои ҳавасманднамоии ҷомеаи журналистӣ ва ҳамаи он нафароне, ки бо корвони иттилоотӣ борҳо ба Неругоҳи мазкур сафар кардаанд ва як чизе аз он ба мардум иттилоъ додаанд.
“Маҳз журналистон ҳастанд, ки мардум аз иқдомҳо талошҳо ва заҳматҳои Пешвои миллат огоҳӣ меёбанд. Дар маҷмуаи “Эмомалӣ Раҳмон-эҳёгари Роғун” факту далелҳо аз рафти корҳо дар Неругоҳи барқи обии Роғун ва ба таври воқеи тасвир шудани ҷузъиёти дар ин макон бисёр хуб оварда шудаанд мартабаву мақоми Роғун барои сарнавишти миллатро тасвир кардаанд бисёр хуб ва хушоянд аст. Мардум метавонанд бо мутолиаи ин китоб ба рафти корҳо, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва талоши кормандони он барои расидан ба ин ҳадафи муҳим барои тақдири халқи тоҷик ошно гарданд”,- гуфт Сангин Гулов мудири кафедраи талевизион ва радиои факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зимни суханронии худ.
Муаллифи яке аз мақолаҳои ин китоб, нависанда Маҷид Салим нависанда низ дар ҳамоиши мазкур аз сафарҳои худ ба Роғун ва бардоштҳояш аз ин сафарҳо ҳарф зад. “Ман борҳо сафар кардам ва ба табиату рафти корҳои онҷо ошно гардидам. Релефи Роғун барои коргоҳи зеризаминӣ худ муъҷизаи аср аст. Вақте онҷо 17 ҳазор нафарро мебинӣ дар болои кӯҳ зиндагӣ мекунад” – Маҷид Салим.
Ҳамчунин, рӯзноманигрон Далер Абдулло, Бахтиёр Рашидзода, Ворис ва дигарон дар иртибот ба Корнамоии Пешвои миллат ва мазҷуаи мазкур суханронӣ карданд.
Гуфтанист, ки дар ин ҳамоиши муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.
Дар маҷмуа очерку мақола ва лавҳаҳои журналистоне ҷойгир шудаанд, ки ҳар кадом маҳсули корвонҳои иттилоотии журналистон ба маҳалли сохтмони неругоҳ ва мулоқоти аҳли эҷод бо сохтмончиёни қаҳрамони Неругоҳи барқии обии Роғун мебошанд.
Китоб дар нашриёти “Балоғат”-и шаҳри Душанбе бо теъдоди 200 нусха ба чоп расида, барои доираи васеи хонандагон, кормандони ҷавони Воситаҳои ахбори омма ва донишҷуёну пажӯҳишгарон маводи муфиду фаровонеро пешниҳод месозад.
Наргис НАЗАРЗОДА