Абуалӣ Аҳмад-сипаҳсолори аҳди Сомониён
Абуалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Музаффар ибни Мўҳтоҷ дар Чағониён таваллуд ёфтааст. Маъруфтарин амир аз хонадони Оли Муҳтоҷ. Сипаҳсолори Хуросон ва ҳокими Чағониён дар аҳди аморати Наср ибни Аҳмади Сомонӣ Соли 929 ҳокими Балху Таҳористон таъйин гардид, лекин ин вилоётро ба дасти писараш вогузошт.
Соли 930 шўриши амири Хуттал Ҷаъфар ибни Аҳмади Сомонӣ соли 934 ўро амир ва сипаҳсолори Хуросон таъйин намуд. Соли 940 Макони Кокӣ алайҳи Сомониён дар Гургон қиём кард.
Абуалӣ Аҳмад сипоҳи ўро муҳосира ва дар ҷанг Мокон кушта шуд. Абуалӣ Аҳмад Рай, баъдтар вилоёти Ҷиболу Ҳулвонро тасарруф намуд.
Аз соли 944 Абуалӣ Аҳмад барои тасарруфи мулкҳои аз дастрафтаи Сомониён иқдом кард. Бо вуҷуди талошҳои зиёди ў дар Эрони марказӣ амир Нуҳи Наср ўро аз аморати Хуросон азл намуд ва ба ҷои ў Иброҳими Симҷур ҳоким шуд.
Абуалӣ Аҳмад бо кўмаки Иброҳими Сомонӣ (амаки Нуҳи Наср) соли 946 ба тасарруфи Марву Бухоро шурўъ намуд, ки дар натиҷаи он амир Нуҳ ба Самарқанд ақиб нишаст, лекин баъд аз чанд ҷангҳои шадид барои тахту тоҷ Абуалӣ Аҳмад соли 951 султони Чағониён шуд. Амир Нуҳ бар асоси тавофуқ ва аҳдномаи тарафайн Абуалӣ Аҳмадро сипаҳсолори Хуросон таъйин карда, Райро низ бо имтиёзоти молиётиаш бар ў супурд.
Абуалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Музаффар ибни Муҳтоҷ дар Нишопур соли 955 вафот намуд.
Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1.– С. 71-72.
Муаллиф: Бойматов. Л.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова.
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ