Александр Дун. Сухане чанд дар бораи Ҳофиз
Маълум аст, асарҳои Кримский дар бораи адабиёти классики форсу тоҷик боиси норозигии арбобони калисо шуда буд. Баъдҳо Кримский навишта буд, ки “соли 1909 ба ногувориҳои сиёсӣ дучор гардидам. Сензураи калисо дар таълифоти шарқшиносии ман даҳригӣ, куфр ва худоношиносӣ ёфта маро ба суд дод” (Кримский, “Осори мунтахаб”, саҳ 11).
**** **** *****
Дар мақолае, ки бо ҳамин ном 57 сол пеш дар “Садои Шарқ” чоп шудааст, муаллиф талош кардааст дар бораи кӯшишҳои аввалини тарҷумаи ғазалҳои Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ба забони украинӣ маълумот диҳад. Барои ин ба тарҷумаҳои Кримский ном донишманди украинӣ рӯ овардааст.
Мо асли мақоларо дар даст надорем, тарҷумаи он аз нигоҳи забонӣ хеле таҳрирталаб аст. Маҷалла ҳам нагуфтааст, ки мақолаи мазкурро кӣ ва аз куҷо тарҷума кардааст. Ҳарчанд ишораҳои парокандае ба “Осори мунтахаб”-и тарҷумон шудааст, вале муаллиф А.Дун ба ин назар аст, ки ин мақола нотамом мондааст. Ва чун нотамом аст, маълум ҳам нест, ки академик Кримский ашъори Ҳофизро ба кадом забон хондаву тарҷума кардааст.
Назари Кримский низ ба ғазалҳои Ҳофиз сатҳиву рӯякианд, маълум мешавад, ки бо осори Лисонулғайб ошноии комил надорад. Ва ё хондаву ба маънии асл нарасидааст. Александр Дун ҳам кӯшидааст мақолааш дар рӯҳи замон бошад, яъне аз Ҳофиз сохтани як чеҳраи зидди дин, мубаллиғи майнӯшӣ, муборизи зидди уламои динии замони худаш. Услуби ба мо ҳам шинос, чун мақола дар замоне таълиф шуда, ки “Дин афюн” номида мешуд.
Аммо чаро мо хостем ин мақола бо ихтисор ҳам бошад чоп шавад. Гап сари он аст, ки ин аввалин кӯшиш барои ошноии хонандаи украин бо ғазалиёти оламшумули Ҳофиз мебошад.
Инак, мақолаи А.Дун (бо ихтисор):
Академик И.Ю. Крачковский соли 1924 дар маҷаллаи илмии «Шарқ» ба асарҳои оид ба шарқшиносӣ навиштаи олими машҳури украинӣ баҳои баланде дода навишта буд: «Таълифоти Кримский барои таърихи илм дар Украина бешубҳа давраи наверо ташкил медиҳад. Ў аввалин украин аст, ки бевосита ба манбаъҳои шарқӣ даст зада, материалҳои бозёфтаашро ба забони модарии худ баён кардааст. Асарҳои вай барои мо низ холӣ аз фоида намебошанд, азбаски ин қабил хулосаҳои умумӣ дар Россия тақрибан вуҷуд надорад».
Ин суханони Крачковскиий ба тадқиқоти Кримскиий оид ба Ҳофиз низ шомил мебошад.
Мероси хеле бои Кримский ҳанўз бояду шояд омўхта нашудааст. Як қисми асарҳои вай ҳанўз чоп нашудаанд, ки яке аз онҳо мақолаи дар бораи Ҳофиз навиштаи вай мебошад.
10 (22)-уми сентябри соли 1890 Кримский аз Москва ба М. Павлик навишта буд: «Ман ба шумо таҷримаи шеърҳои туркиро фиристода будам, гирифтаед? Ба ғайр аз ин аз форсӣ низ баъзе тарҷимаҳо дорам».
Дар мактубе ки Иван Франко 9 декабри соли 1980 ба Кримскиий навиштааст, аз чӣ иборат будани «баъзе тарҷимаҳо» маълум мешавад: инҳо ашъори Ҳофиз буданд.
«Ҳамин ҳоло номаи шуморо гирифтам ва зуд ҷавоб менависам. Хеле шодам, ки шумо ба тарҷимаи шоирони Шарқ машғул шудан мехохед. Вақте ки дар гимназия мехондам ва баъзе порчаҳои ба немисӣ тарҷимашударо мутолиа мекардам, борҳо ба ҳасрат дар ин бора фикр карда будам. Намедонам, ки мақолаи дар бораи Ҳофиз навишта шударо маҷаллаи «Народ» чоп мекунад ё на. Ба чоп карданаш шубҳа дорам, чаро ки шароити моддии маҷалла ҳоло хеле сахт аст ва ба ғайр аз ин бо сиёсат саргарм мебошад, аммо бо вуҷуди ин шумо тарҷима карда фиристонед, ман тарҷимаҳои шуморо ҳеҷ набошад ба ҳисоби худам дар серияи нашри «Китобхонаи адабӣ-илмӣ» чоп мекунам» (Франко, Асарҳо, ҷ. XX, ба забони украинӣ, саҳ. 415).
Кримский дар мактубҳояш ба Франко бисёр вақтҳо дар бораи назми Шарқ нақшаҳои эҷодии худ асарҳои ба завқаш форамро нақл мекунад ва нишон медиҳад, ки дар навбати аввал бо осори кадом шоирони Шарқ хонандаи украиниро шиносо кардан мехоҳад. Вай дар номаи 6 (18)-уми апрели соли 1891 ба Франко навиштааш боз аз мавзўи Ҳофиз гап мезанад: “Чи навъе ки ба шумо пеш аз ин хабар дода будам, бо тарҷимаи Ҳофиз машғулам ва хеле чизҳо тарҷима кардаам, умедворам, ки осори Ҳофиз ба шумо маълум бошад… Ба назарам ба шумо ҳам мисли ман шеърҳои ишқии Ҳофиз не, даъватҳои вай ба базму сафо не, балки ҳуҷумҳои вай ба зоҳидону рўҳониён маъқул мешавад. Шоир дар ин қабил шеърҳояш дар пояи умумибашарӣ меистад ва дар басо мавридҳо фикрҳои бисёр амиқ баён менамояд. Ман хостам аз ин қабил шеърҳои вай се ғазал ба шумо фиристам, шояд дар маҷаллаи “Народ” чоп кунед” (А. Кримский, Осори мунтахаб, 1965, саҳ. 561).
Баъде аз чанде Кримский як мақола ва се порча шеъри Ҳофизро барои чоп ба Франко мефиристад. Аммо чунон ки Франко пешбинӣ карда буд, чоп кардани ин материал дар маҷалла мумкин намешавад, фақат чор сол баъд дар маҷаллаи “Ҳаёт ва сухан” тарҷимаи ин се ғазал чоп шуда мебарояд. Вале мақола, ки нусхаи нопуррааш дар архиви Франко боқӣ мондааст, нашр намешавад. Эҳтимол меравад, ки ин як мақолачаи муқаддимавӣ ба тарҷимаи ғазалҳои Ҳофиз будааст. Кримский дар ин ҳолати нотамоми худ низ барои тадқиқкунандагони эҷодиёти Ҳофиз аз аҳамият холӣ нест ва дар омўхтани муносибатҳои адабии халқҳои тоҷику украин мавқее дорад.
СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ ҲОФИЗ
Ба қарибӣ Франко дар бораи Шевченко сухан ронда гуфт, ки мазмуни назми вай ташнагӣ ба зиндагист. Ман ҳам дар тавсифи Ҳофиз ҳаминро гуфта метавонам.
Зистан, зистан, зистан, ба сухан ва гуфтори ҳар гуна мунофиқон эътиное накарда зистан! Ба ҳадди имкон ба табиат наздиктар, мувофиқи қонунҳои он зиндагӣ кардан- ин аст шиори Ҳофиз.
Аз муҳаббат баҳравар шавем! – мегўяд вай ва хушбахтии дилро бо рангҳои хеле зебое тасвир мекунад. Дар айни замон қалами вай сурати маҳбубаро мекашад, ҳасрати ишқи худро хеле бо назокат тараннум менамояд ва дар ин боб аз шиорони ҳамасри мо, ки ба ғайр аз ин мавзўи дигареро намедонанд, поёнтар не, балки ба маротиб болотар меистад…
Ҳофизо, май хуру риндӣ куну хуш бош, вале
Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.
Дар фош кардани роҳиб, зоҳид ва сўфиён Ҳофиз ба дараҷаи пайғамбарӣ мерасад, вай хонандаашро ба як дини умумиинсонӣ даъват мекунад. Шеърҳои бар зидди зоҳидон гуфтаи Ҳофиз беҳтарин шеърҳои вай мебошад ва ўро ба қатори шоирони умумиҷаҳонӣ баланд мебардорад. Тамоми осори Ҳофиз ҳам барои замони ҳозир қимати худро гум накардааст. Он манзараҳои думаънодор ва шаҳватангез, ки дар ғазалиёти Ҳофиз дида мешаванд, дар таҳти шиои мазмуни куллӣ ва маънои асосии ашъори вай мемонанд. Зебоиҳои бадеӣ ва лиризми олии ин қабил шеърҳои Ҳофизро низ набояд фаромўш кард. Агар дар асарҳои давраи Юнони қадим ягон чизи ғайриахлоқӣ намедида бошем, инро дар шеърҳои Ҳофиз ҳаргиз нахоҳем дид.
Аҳамияти шеърҳои Ҳофизро ба эътибор гирифта ман барои тарҷимаи онҳо ба забони украинӣ хеле бо диққат кор мекунам ва умедворам, ки аҳли фикру мулоҳизаи мо ба ин кор хайрхоҳона менигаранд. Дар оянда як сарсухани муфассале навишта кўшиш мекунам, ки аҳамияти таърихии Ҳофизро равшан кунам, фикрҳои дар бораи вай гуфташударо баён намоям, ба масъалаҳои тасаввуф истода, фаҳмидани ғазалҳои Ҳофизро барои хонандаи умумӣ осонтар кунам. Ман ҳоло дар ин ҷо якчанд ғазали Ҳофизро оид ба масъалаҳои дин меоварам ва гумон мекунам, ки бо ҳамин чанд ғазал ҳам дар бораи тамоми ашъори вай тасаввур пайдо кардан мумкин мешавад. Шеърҳои Ҳофизро ба таври сўфиёна, маҷозӣ маънидод ва шарҳ карданӣ шудаанд, баъзе аврупоиён низ пайрави ҳамин фикранд.
Ман дар ин ҷо имкони исбот кардани нисбат ба тамоми ашъори Ҳофиз нодуруст будани чунин назариётро надорам. Дар ин бора дар мақолае, ки соли гузашта навишта будам, қадре изҳори ақида карда будам… (дар ин ҷо мақолаи Кримский қатъ мешавад).
Ин мақолаи Кримский бо вуҷуди ҳаҷман хурд буданаш чандин ҷиҳатҳои эҷодиёти ин сарояндаи бузургро дар бар мегирад. Чунончи: ҷахонбинии Ҳофиз, мавзуъҳои асосии ғазалиёти вай, баҳодиҳиҳои гуногун ба эҷодиёти Ҳофиз, Ҳофиз ва асри ҳозир. Муаллиф барои ҳамчун як шоири даҳрӣ нишон додани Ҳофиз ҳаргиз кўшиш накарда арз намудааст, ки дар эҷодиёти вай фош кардани мавҳумоти динӣ мавқеи муҳимеро ишғол менамояд….
Ин мақола маҳсули шиносоии бевоситаи муаллиф бо эҷодиёти Ҳофиз ва бо осори дар бораи вай навиштаи дигарон мебошад. Мавзўъи диссертатсияи номзадии Кримский “Тасаввуф ва Ҳофиз” буда, ў соли 1891 дар сари ин мавзўъ кор кардааст. Суханони Ҳофиз бар зидди аҳкоми ислом, ба муқобили зўҳдфурўшӣ ва риёкории динӣ махсусан диққати Кримскийро ба худ ҷалб намудаанд. Ў дар мактуби худ, ки 27 марти соли 1891 ба бародараш навиштааст, аз ғазалҳои Ҳофиз чандеро нақл намуда зимнан менависад: “Воқеан шеърҳои хеле хубе ҳастанд. Ба муқобили зўҳдфурўшӣ ва риё чун раъд ғурридани Ҳофиз ба ман аз тараннумҳои ишқии вай маъқултар аст”.
Як саволи бисёр аҷиб мебарояд, ки Кримский тарҷимаи ғазалҳои Ҳофиз ва ин мақолаи худро чаро ба журнали “Народ” фиристодааст? Аввалан Кримскиий тарҷимаҳои худро дар қисми ба подшоҳии рус тобеъи Украина чоп кунонда наметавонист, чунки Ҳукумати подшоҳӣ соли 1870 бо фармони махсус дар империяи Россия нашри асарҳои ба украинӣ тарҷимашударо манъ карда буд. Бинобар ин Кримский бо нависандаи машҳур, инқилобӣ-демократи украин Иван Франко, ки дар Лвов зиндагӣ мекард (Лвов он вақт ба давлати Австрия – Маҷористон медаромад) ва бо ҳамкору дўсти вай Михаил Павлик робита дошта ва бо журнали прогрессивии “Народ”, ки онҳо нашр мекарданд, ҳамкорӣ кардааст. Мақола дар бораи Ҳофиз дар рўҳи ғояҳои интернатсионалӣ навишта шуда буд ва бо роҳе, ки ин журнал тарғиб мекард, мувофиқ ва созгор буд.
Сарфи назар аз манъ будани нашри тарҷимаи шаеърҳо чоп шудани мақолаи Кримский ба рўҳи зиди динӣ доштанаш ҳам дар Россия мумкин набуд, ҳарчанд ки гап дар бораи як шоири панҷсад сол пеш зиндагӣ кардаи миллати дигар мерафт.
Маълум аст, асарҳои Кримский дар бораи адабиёти классики форсу тоҷик боиси норозигии арбобони калисо шуда буд. Баъдҳо Кримский навишта буд, ки “соли 1909 ба ногувориҳои сиёсӣ дучор гардидам. Сензураи калисо дар таълифоти шарқшиносии ман даҳригӣ, куфр ва худоношиносӣ ёфта маро ба суд дод” (Кримский, “Осори мунтахаб”, саҳ 11).
Баъдҳо Кримский дар мавзўъи “Ҳофиз ва ғазалҳои вай дар зодгоҳаш Эрони асри XIV ва дар Аврупои нав” асари бисёр мукаммале навишт, ки ин мақола бояд аз марҳалаҳои аввалини омўхтани эҷодиёти Ҳофиз бошад, аз ин мебарояд, ки Кримский дар муддати тамоми фаъолияти эҷодиаш бо масъалаи омўхтани Ҳофиз машғул будааст.
Ҳамин мақолаи хурд нишон медиҳад, ки дар осори ҳанўз чопнашудаи академик Кримский бисёр мавзуъҳои муҳим мавҷуд мебошанд. Ҳоло дар Украина масъалаи нашри тамоми осори то ҳол ба табъ нарасидаи Кримский ба майдон гузошта шудааст.
Олимони советӣ бисёр мавзуъ ва масъалаҳои солҳои пеш аз ин ба майдон гузоштаи ин донишмандро бо муваффақият давом дода, инкишоф медиҳанд. Чунонки И.С. Брагинский дар “Дувоздаҳ тасвир” ва М. Занд дар “Шўҳрати шашасрӣ” ном асарҳои худ эҷодиёти Ҳофизро аз нуқтаи назари имрўза омўхта, бисёр масъалаҳоеро ки аз тарафи асосгузори илми шарқшиносии Украина А.Е. Кримский дар солҳои 90-ўми асри гузашта ба майдон гузошта буд, инкишоф медиҳанд.
Манбаъ: “Садои Шарқ” соли 1968, №11.
Таҳияи мутахасси шуъбаи
матбуоти даврӣ Фараҳнози Тоҳирхон.
ШАРҲИ МО: Агафангел Ефимович (Юхимович) Кримский – муаррихи украинӣ, нависанда, тарҷумон, шарқшинос, арабшинос, исломшинос, туркшинос, эроншинос ва сомишинос (семитолог)-и аҳли Украина. Поягузори Академияи илмҳои Украина дар замони гетман П.П. Скоропадский. Бо лақабҳои адабии А. Хванко, Хванко Кримский, Евхиметс, Панко Рогач, Мирзо-Ҷаъфар низ шинохта мешавад. Солҳои 1871-1942 зистааст.