Чанд Абуабдуллоҳи донишманд дар таърих
АБУАБДУЛЛОҲИ МАЪСУМӢ. Абуабдуллоҳи Маъсумӣ соли таваллудаш номаълум, файласуф ва фақеҳи форс-тоҷик. Шогирди Ибни Сино. Илмҳои замонашро дар зодгоҳаш аз худ карда, пас аз шиносоӣ бо ибни Сино донишу маҳораташро назди ў такмил дод.
Ибни Сино дар бораи Абуабдуллоҳи Маъсумӣ гуфтааст, ки ў дар назди ман бад-он мақомест, ки Арасту дар назди Афлотун буд.
Абуабдуллоҳи Маъсумӣ дар илмҳои табииёт, илоҳиёт ва фиқҳ дониши амиқ ва ҳарҷониба дошт.
Пас аз вафоти Ибни Сино ў дар Исфаҳон ба таълиму тарбия машғул шуда, шогирдҳои бисёреро ба камол расондааст. Аксари муҳаққиқон муътақиданд, ки вақте Берунӣ ба Ибни Сино 18 савол фиристод, Шайхурраис ҷавоби он саволҳоро ба ихтиёри Абуабдуллоҳи Маъсумӣ вогузоштааст.
Абуабдуллоҳи Маъсумӣ масъалаҳои мухталифи ҳикмати назарӣ ва амалиро таҳқиқ карда, асарҳои бисёре таълиф намудааст. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо ў роҷеъ ба ақл, нафс, маод (охират) ва афкори файласуфони пешин асарҳо эҷод кардааст.
Мутаассифона, ҳатто номи онҳо то ба мо омада нарасидаанд. Ибни Сино «Рисолаи ишқ»-ро дар ҷавоби саволҳои ў нигоштааст.
Соли 1059 дар Исфаҳон вафот кардааст.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 69-70.
Муаллиф: У. Султонов
АБДУАБДУЛЛОҲИ НАВОЕҲИИ МАРВАЗӢ
Абдуабдуллоҳи Навоеҳии Марвазӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва донишманди форс-тоҷик (асри Х).
Бино ба маълумоти Муҳаммад Авфии Бухороӣ фаъолияти шоириаш ба замони салтанати Сомониён (асри Х) рост меояд. Аз мероси адабии вай то замони мо ҳамагӣ як байт дастрас гардидааст, ки дар ҳақи мақоми баланди Кисоии Марвазӣ ва Абуабдуллоҳи Рўдакӣ суруда шудааст. Ин аст он байт:
Зебо бувад, ар Марв бинозад ба Кисоӣ,
Чун он ки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 70.
Муаллиф: У. Тоиров
АБУАБДУЛЛОҲИ НОТИЛӢ
Абуабдуллоҳи Нотилӣ, риёзидон, табиатшинос, файласуфи форс-тоҷик (асрҳои X–XI), устоди Абуалӣ ибни Сино.
Абуабдуллоҳи Нотилӣ дар Бағдод таҳсил карда, дар фалсафаю адаб машҳур мегардад, пас ба Бухоро меояд.
Бо ёрии Абуабдуллоҳи Нотилӣ Ибни Синои ҷавон асари Порфирий «Муқаддимаи мантиқ», «Усули»-и Уқлидус, муқаддимаи асари Батлимус «Алмаҷастӣ»-ро меомўзад.
Асарҳои зеринро ба Абуабдуллоҳи Нотилӣ нисбат медиҳанд: «Вуҷуд ва шарҳи исмиҳи» («Вуҷуд ва шарҳи номи он»), «Илми иксир» (кимиё). Ин асарҳо то замони мо боқӣ намондаанд.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 70.
Муаллиф: М. Султонов
Таҳияи: Аниса Набиева,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.