Кисоӣ: Дареғи фарри ҷавонӣ, дареғи умри латиф…
Осори Кисоӣ ва Дақиқӣ ҳалқаи пайванддиҳандаи миёни осори суханварони рўзгори Сомониён ва шеърҳои мадҳиясароёни гирди Fазнавиён будааст. Менамояд Абулҳасани Кисоии Марвазӣ аз он чакомасароёни Сомониён бошад, ки дар вопасин солҳои ҳастии дудмони онон ба хидмати фармонравоёни Бухоро даромада буданд.
Аз зиндагии ў огоҳие дар даст нест. Худаш ёдоварӣ мекунад, ки рўзи панҷшанбе ҳангоме, ки се рўз аз моҳи шаволи соли 341 монда буда зода шудааст, яъне 17 марти соли 953 (дувоздаҳ сол пас марги Рўдакӣ). Гумон намеравад Кисоӣ тавониста бошад ҷойи камобеш намоён дар дарбори Сомониён ба даст оварда бошад, зеро пеш аз солҳои 70 садаи даҳуми масеҳӣ яъне дар солҳое, ки тахти Сомониён рў ба фурў рехтан буд, ў наметавонист пешрафте карда бошад.
Бегумон Кисоӣ дар нигоштани зердостонаи «Васф» устоди бузург будааст. Ин яке аз намунаҳои вижаи устодии ўст.
Нилуфаре кабуд нигаҳ кун миёни об,
Чун теғи обдодаву ёқути обдор.
Ҳамранги осмону ба кирдори осмон,
Зардиш дар миёна чу моҳи даҳу чаҳор.
Чун роҳибе, ки дўзахи ў солу моҳ зард,
В-аз мутрифи кабуд ридо кардаву изор.
Дар ин байтҳо то андозае латофат мебинем, аммо дар ин росто Кисоӣ дар шеъри зер гом фаротар мениҳад:
Гул неъматест ҳадя фиристода аз биҳишт,
Одам каримтар шавад андар наъими гул.
Эй гулфурўш, гул чӣ фурўшӣ барои сим,
В-аз гул азизтар чӣ ситонӣ ба сими гул.
Пайдост шоир бахубӣ медонад, ки боғбони тиҳидаст бо фурўши гул чӣ чизе мехоҳад бихарад. Ў мехоҳад бо пурсиши худ нишон диҳад, ки харидори гул ба шукўҳи девонавор хў гирифта ва ҳатто дар сараш намегунҷад, ки инсон битавонад ба чизе ҳам ниёзманд бошад. Аз он ҷо, ки Кисоӣ дар солҳои хурўшони сарнагунии Сомониён, тохту този қарахониён ва фароз рафтани ғазнавиён мезист, метавон андешид, ки солҳои пирии ў набояд чандон ором буда бошад. Аз ин рў равшан аст, ки назди ў низ ҳамчун Рўдакӣ мўяе аст сахт бар ҷавонӣ, ки мебинем:
Ба сесаду чиҳилу як расид навбати сол,
Чаҳоршанбаву се рўз боқӣ аз шаввол
Биёмадам ба ҷаҳон то чӣ гўяму чӣ кунам,
Суруд гўяму шодӣ кунам ба неъмату мол.
Сутурвор бад-ин сон гузоштам ҳама умр,
Ки барда гаштаи фарзандаму асири аёл.
Ба каф чӣ дорам з-ин панҷаи шумурда тамом,
Шуморномаи бо сад ҳазор гунаву мол.
Дареғи фарри ҷавонӣ, дареғи умри латиф,
Дареғи сурати неку, дареғи ҳусну ҷамол.
Куҷо шуд он ҳама хубӣ, куҷо шуд он ҳама ишқ?
Куҷо шуд он ҳама неру, куҷо шуд он ҳама ҳол?
Гузоштему гузаштему буданӣ ҳама буд,
Шудему шуд сухани мо фасонаи атфол.
Аё Кисоӣ панҷоҳ бар ту панҷа гузорад,
Биканд боли туро захми панҷаву чангол.
Ту гар ба молу амал беш аз ин надорӣ майл,
Ҷудо шав аз амалу гўши вақти хеш бимол.
Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.
Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025 зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.
Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.