Луқмони Ҳаким шахсияти таърихӣ буд ё асотирӣ? (Идома)

Деҳхудо  дар  зимни  ин  маълумот  ҳикояти  аҷибе  оварда.  Аз  рўи ин ақлу  хирад Луқмон аз бандагӣ  озод гардида, чунончи, Носири  Хисрав  гуфта:

Обод ба ақл гашт гардун,

 В-озод ба ақл гашт Луқмон.

Ва боз аз Алиакбари Деҳхудо, ки овардааст:

Ҳикоят

Як рўз ҷамъе аз аз асҳоби ҳазрати Довуд назди ў буданад ва аз калимоту ақволи ҳазраташ истифода мебурданд. Сухан ҳар чизе дар миён буд ва ҳамагон сухан гуфтанд.Ҷуз Луқмон, ки сукут ихтиёр карда буд.

Довуд гуфт:

Эй Луқмон чаро чизе намегўӣ ва бо дигарон  дар сухан гуфтан анбоз нашавӣ?

Луқмон гуфт:

«…хайре нест дар сукут, магар тафаккур дар амри маод (маод –бозгашт, маҷозат охират). Марди бодиёнат чун таамул кунад, сакинаву (осудагӣ) виқор (рафтору кирдор) бар ў муставлӣ (ғолиб) шавад… Ва чун қаноат варзад, аз мардум бениёз гардад. Ва чун розӣ шавад, ба ризои Ҳақ эҳтимомаш ба умури дунё суст гардад. Ҳар кӣ аз худ муҳаббати дунё халъ (дур) кард, аз офату шар наҷот ёфт. Чун тарки шаҳват кард, дар идоди (дар қатори) мардумони озод даромад. Ва чун танҳоӣ ихтиёр кард, аз ҳузну андуҳ маҳфуз бимонад. Ва чун ҳасад  аз худ дур сохт, муҳаббати мардум дар бораи худ бияфзуд ва чун эърози (ҳазар) умури фонӣ кард, ақли ў бияфзуд. Ва чун басир ба оқибат шавад, аз пушаймонӣ эмин шамад…

Довуд фармуд:

Тасдиқи сухани ту кунам, эй Луқмон!

Рўзе Довуд ба Луқмон гуфт:

– Акнун ки пир шудаӣ, аз ақли ту чӣ миқдор боқист? (Луқмон) гуфт:

– Он қадр, ки нигоҳ намекунам, дар чизе ки кофӣ нест, ба ҳоли ман ва такаллуф (талошу кӯшиш) намесозам, дар таҳсили он чизе, ки мўҳтоҷ ба он нестам».

Луқмон соҳиби «Мавоизи ҳасана ва андарзҳои ҳакимона» аст ва дар ғолиб мавриди мухотаби вай писари ўст.

Хирадро ба имону ҳикмат бипарвар,
Ки фарзанди худро чунин гуфт Луқмон.

(Носири Хисрав).

– Эй писараки ман, бар ту бод иқбол, ба аъмоли хайру иҷтиноб аз аъмоли шар. Чӣ амали хайр хомушкунандаи шар аст. Он кас, ки гўяд, шар боиси хомўшии шар аст, дурўғ гуфта, зеро ки агар оташе  паҳлўи оташи дигаре бияфрўзанд, бар иштиоли (шуълаи) он афзунда шавад. Пас он чи шарро хомўш кунад, аъмоли хайр аст, ҳамон гуна ки хомўшкунандаи оташ об аст…

Бар мусиботу номулоимотии дунё сабр пеша кун ва аз муҳосабаи нафс ғафлат маварз. Қабл аз он ки ҳисоби туро бикшоянд, роҳи хато аз савоб бишнос, то аз лағзиш мансун (эмин) монӣ…

– Эй писараки ман, талаб кун ҳикматро, мутаваҷҷеҳ соз нафси худро сўи он ҳар замон, ки ҷомеи ҳикмат шавӣ, чашми басирати ту равшанӣ гирад, ахлоқи ту некў шавад. Ва бидон, ки ҳикмат бидуни тадбир ва тафаккур ба манзалаи матоест, ки дар дасти ҳозини (хазинадори) ў набошад ва ё гўсфанде , ки дар марбизи (ҷой, макон, оғил) худ дохил нагардад. Ва дар ин ҳол ҳар соат дар маҳалли офат аст ва дар маърази ҳалокат.

Бидон, ки изҳоркунандаи ҳикмат забон аст. То метавонӣ онро ҳифз кун, зеро ҳар гоҳ фосид гардад, забони ту табоҳ шавад… Пас, ҳар кӣ молики забони хеш гашт, мавқеи сухан гуфтан донад ва дар ҳузури ноаҳл такаллум накунад. Ва агар сафеҳе аз ў талаби ҳикмат кунад, сукут ихтиёр кунад. Пас забон калиди хайр ва шар аст. Ва сухан магў, магар дар кори хайр ҳамчунон ки муҳр бар ганҷинаи тиллову нуқраи худ мезанӣ. Хушо, ба ҳоли он кӣ ба дунё мағрур нагардид ва фиреби он нахўрд…

***

ВАФОТИ ВА ҚАБРИ ЛУҚМОН

Олими машҳури асри  VIII  Иброҳими Адҳами Балхӣ оид ба фавт ва оромгоҳи Луқмони Ҳаким гуфтааст:

«Қабри Луқмон миёни масҷиди Рамла (номи як ноҳия дар Фаластин) ва бозори имрўза аст. Илова бар қабри Луқмон қубури ҳафтод нафар аз анбиёи уззом (бузург), ки баъд аз Луқмон вафот кардан, он ҷост. Ҷиҳати он ки бани Исроил анбиёро аз назди худ ихроҷ ва дури Рамла маҳсур (иҳота) карданд ва дар онҷо будан, то ҳамагӣ аз гуруснагӣ ҳалок шуданд».

Дар «Канз- ул- ҳикмат» – тарҷумаи «Нузҳат- ул- арвоҳ» оид ба фавти Луқмони Ҳаким ҳикояте оварда шудааст, ки аз шахсияти ў шаҳодат медиҳад:

«Овардаанд, ки рўзе Луқмон бо писари хеш дар арш нишаста буд, ки осори марг бар ў зоҳир шуда, ба гиря оғозид.

Писар гуфт:

  • Эй падар, гиряи ту аз хавфи марг аст, ё ҳирси дунё?

Гуфт:

Ҳеҷ кадом. Гиряи ман барои он аст, ки пеши худ биёбони ҳавлноку ақиботи (душворгузар) тулонӣ ва бори гарон мебинам. Бо надоштани зоду (тӯша) роҳила (маркаб) ва надонам, ки ин бори гарон аз дўшам бардоранд, ё бо он ба сўи ҷаҳаннам раҳсипор гардам».

Аз Луқмони ҳаким рисолае дар ҳикмат ва тиб боқӣ мондааст.

       Манбаъ: «Кимиёи хирад», Душанбе, соли 2009.

      Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ  бихонанд.

Таҳияи  Дилафрузи  Ҳабибулло, мутахассиси шуъбаи   

Абонементи байни китобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ.