Муаррифии «Бачаи айёр» дар барномаи “Китоби нав”
Ин навбат дар барномаи “Китоби нав”-и шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афсонаи Саидмурод Искандарӣ “Бачаи айёр” муаррифӣ гашт. Ин барнома дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таҳия мешавад.
Ровии барнома – Холид Шарифов ба дӯстдорони хурдсоли китоб “Бачаи айёр”-и Саидмурод Искандариро муаррифӣ намуд. Афсона барои кӯдакони синни томактабӣ ва мактабӣ пешбинӣ шуда, аз зумраи китобҳои тозанашрест, ки соли 2024 нашр гаштаанд.
Нависанда саргузашти Муқим ном писаракро ба мо ҳикоя мекунад. Азбаски ӯ мӯи сар надошт, ҳама ӯро Калак мегуфтанд. Муқим бо модари пираш фақирона зиндагӣ мекард. Дар бисоташон гове доштанд. Шири ҳамин говро гоҳо фурӯхта ба худ орду равған мехариданд. Солҳо гузаштанду Муқим ҷавони тануманд ва баркамоле шуд, вале муомила ва рафтори аҳолии деҳот ҳамоно мисли пештара буд. Одамон ва ҳатто ҳаққу ҳамсоя аз сабаби кал буданаш Муқимро ба ягон тӯю маърака даъват намекарданд.
Рӯзе писару модар дар сари дастархон маслиҳат карда, ба хулосае омаданд, ки барои ин ҳолатро аз байн бурдан бояд чорае ҷуст…
Мехоҳед давоми афсонаро донед? Пас, барномаи “Китоби нав”-ро пайгирӣ намоед, то аз асарҳои ҷолибу тозанашри дигар низ бохабар бошед.
Зимнан, ин афсонаро дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ метавон мутолиа намуд.
Махфират Муҳидинова
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа