Ширкат дар семинари фосилавии “Китобхонаи муосир дар муҳити мутобиқгардонии байникасбӣ”  

Онлайн-семинарРӯзҳои 12-13 август дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ семинари дурӯзаи таҷрибаомӯзи баргузор гардид, ки ҳадафи он навсозии фаъолияти китобхонаҳо ҳамчун иштирокчиёни ҳамкориҳои байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ташкили муҳити мутобиқгардонии байникасбӣ: созгорию ҳамсозии шахсони маъюб дар  коллектив буд.

Ин семинар аз ҷониби Китобхонаи вилоятии махсуси афроди нобинову камбини Новосибирск ташкил карда шуд.

Барои баррасии масъалаҳои ташкили муҳити мутобиқшавии байникасбӣ, ду тарзи баррасӣ пешниҳод мешавад. Аввалӣ ба  китобхонаҳои гуногуншакл дахл дорад, ки ба ҳалли масъалаи ҷалби мутахассисони маъюб ба фаъолияти худ мепардозанд. Тарзи дуюм бо мавқеъгирии аллакай муқарраршудаи бисёре аз китобхонаҳо ҳамчун марказҳои иттилоотии аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим алоқаманд аст. Вазифаи онҳо умдатан аз чамъоварӣ ва густариши таҷрибаи нодири соҳаҳои гуногун ва муассисаҳо иборат мебошад.

Дар семинар аз шӯъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон махдуди Китобхонаи миллӣ дар шакли онлайн сардори шӯъба Саодат Набиева иштирок намуда, дар бораи фаъолияти шӯъба,  таҷрибаи кор бо маъюбон, кумаку дастгирии ин гурӯҳ нақл кард.

Аъзоёни шуъба Нарзуло Рафизода ва Акбар Каримов низ бораи таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҶТ  ба ҳимояи  иҷтимоии маъюбон, рушди инфиродӣ, амалисозии имконияту қобилиятҳои эҷодию истеҳсоли онон изҳори назар карданд.

Саодат Набиева, сардори шӯъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон махдуд