“Шоҳномаи Саолибӣ. Подшоҳии Баҳром писари Шопур фарзанди Шопур

Шоҳномаи СаолибӣДар кӯдакӣ Баҳромро «Кирмоншоҳ» мехонданд, чӣ падараш ӯро бар Кирмон гумошта буд. Чун афсар бар сар ниҳод, бузургон ва сарони кишвар бар ӯ гирд омаданд ва ҳамон гуна ки Худоро барои падаронаш хонданд, барои ӯ низ Худоро хонданд ва ниёиш бурданд.

Баҳром дар посухи онҳо гуфт: Худованд фарохони шуморо баровард ва моро ёрӣ дод, то аз ӯ бихоҳем, ки ба он чӣ дар бораи шумо дар дил дорем, бирасем.

Ӯ пайваста дар корҳо устувор буд. Бар душманон сахтгир ва дӯстдори мардум буд ва корҳои нек анҷом дод, ки аз он миён сохтани рӯди Кирмоншоҳ буд, ки ба тозӣ ба он Қармисин мегуфтанд. Чун ёздаҳ сол бар подшоҳияш баромад, мардумон бархе аз корҳои ӯро написандиданд ва бар ӯ шӯриданд.

Марде тире ба сӯи ӯ андохт, тир ба гулӯяш нишаст ва ӯро кушт. Куштори бист ҳазор тан натавонист ҷилави маргашро бигирад.

Подшоҳии Яздигурд пури Баҳром писари Шопур

Яздигурд ҳам ӯ аст, ки ӯро «Яздигурди базаҳкор» мехонанд. Ӯ бисёр бадхӯю тунд, беандоза худписанд ва ситамгар буд. Порсиён аз бадниҳодӣ ва палидии ӯ огоҳ буданд, вале ҷуз пазируфтани подшоҳии ӯ чорае надоштанд ва умед медоштанд, ки комёбӣ аз подшоҳи ӯро дигаргун кунад ва ба роҳи рост ва дуруст боз гардонад. Ҳамчунон ки подшоҳӣ Баҳроми дуюм ва Ҳурмуз пури Нарсиро бо ҳамаи бадхӯй ва сангдилие, ки доштанд, фарҳехта ва покиза кард ва ба роҳи рост овард.

Чун афсар бар сари ӯ ниҳоданд ва пеши ӯ истоданд, бо ин ки аз ӯ нохушнуд буданд ва аз ӯ метарсиданд, ҳамон гуна ки барои падараш Худоро хонда буданд, барои ӯ низ Худоро хонданд. Вале Яздигурд бо сарсангинӣ ба онҳо нигоҳе афканд ва худро бартар аз он донист, ки ба онҳо посух гӯяд ва танҳо ба такон додани сар ва ишораи даст басанда кард ва бо ин бархӯрд дар ҳамон нахустин ҷом ба онҳо дурдӣ (таҳшини шароб, шароби тира) нӯшонид.

Мардумон, ки аз пеши ӯ берун омаданд, саргашта буданд ва пой бар замин кашиданд ва дандони пушаймонӣ ба ҳам месуданд.

Яздигурд ҳамчунон буд ва чун ҷои пояш устувор шуд ва подшоҳияш ҳамагир гашт ва наздику дур ба фармонаш гардан ниҳоданд, тавоноӣ ӯро ба гуноҳ кашонид. Дасти ситам ва бедод гушуд, бегуноҳонро тарсонд ва нерӯмандонро хор, нотавононро аз беху бун барканд ва хунҳо рехт ва нишонаҳои додгариро аз миён бурд ва порсиёнро сарафканда кард.

Худраъйӣ пеша кард ва бозори суханчиниро равнақ дод. Сахттарин шиканҷаҳоро бар дӯши мардум ниҳод ва ҳеч кас, агар ҳам аз наздиконаш мебуд, наметавонист аз ситамдидае пуштибонӣ ё барои ӯ хоҳишгарӣ кунад, ё дар бораи андӯҳрасидае  сухан бигӯяд. Ва агар ҳам густохӣ мекард ва ба умеди подоши онҷаҳонӣ аз ӯ мехост, ки дар кори зиндонӣ ё дармондае аз сари некӣ бинигарад, мегуфт: чи чиз гирифтаӣ? ва чанд ситонидаӣ? Бо ин кор дари хоҳишгариро бибаст ва ҳар рӯз бар бадӣ ва газанди мардум афзуд.

Саргузашти Баҳроми Гӯр писари Яздигурди базаҳкор

Камтар бачае аз Яздигурд зинда мемонд. Чун Баҳром зода шуд ва Яздигурд хушдидорӣ ва зебоии ӯро дид ва нишонаҳои поксириштии ӯро, ки аз ҷоҳи волои ӯ огоҳӣ медод, нигарист, ӯро дӯст дошт ва дар нигоҳдории вай кӯшид ва аз ситорабинон хост, ки толеи ӯро бубинанд ва дар ситорааш бинигаранд.

Ситорабинон ҳамаи хушбахтиҳо ва хушиҳоро дар ӯ диданд ва ба Яздигурд пешниҳод карданд, ки ӯро дур аз худ дар ҷое хушобу ҳаво парвариш диҳад.

Яздигурд Баҳромро ба устондори худ, Мунзир ибни Нӯъмон писари Имруулқайс – подшоҳи Ҳира супурд ва ӯро гиромӣ дошт ва фармон дод, ки дояе барояш баргузинад ва ба хубӣ ба хӯроки ӯ расидагӣ кунад ва ӯро дар созгортарин ҷой парвариш диҳад. Мунзир фармон пазируфт ва ӯро ба ҷойгоҳи фармонравоии худ дар Ҳира бурд, ки дар Ироқ ҷое ба покиву хушӣ ва гувороии обу ҳавои он ҷо нест. Барои доягии ӯ се зани тандуруст ва боҳуш ва некпарварда аз нажоди бузургон гузин кард, ду тозӣ ва яке ғайри тозӣ. Ин се зан ба навбат ба ӯ шир доданд ва занони худи Мунзир ба ӯ хидмат ва меҳрубонӣ карданд. Сипас Мунзир кохҳои Хаварнақ ва Судайро, ки аз беҳтарин сохтмонҳои Араб буд, дар беруни Ҳира сохт ва Баҳромро дар он ҷой дод ва ӯро гиромӣ дошт ва аз ҳеҷ кӯшише дар бузургдошти вай фурӯ нагузошт. Чунонки ба тунди ва некӣ меболид ва оинҳои тозиёнро фаро мегирифт ва ба расоӣ ва накӯӣ ба арабӣ сухан мегуфт ва хубиҳои фарҳанги арабро фаро гирифт. Ҳанӯз ба синни рушд нарасида буд, ки дар асбсаворӣ ва тирандозӣ ва силаҳшӯрӣ ба ҷое расид, ки ангуштнамо гардид.

Мунзир фармони Баҳромро дар ҳама дороияш равон гардонид, то он ҷо ки асби ягонаашро, ки дар араб ҳамто надошт, ба ӯ бахшид.

Баҳром аз Мунзир хост, ки некиҳои худро барои ӯ ба камол бирасонад ва баҳраварӣ аз духтарону ромишгаронро барои вай фароҳам кунад, то ширинии зиндагияш бо онҳо комил шавад.

Мунзир аз ин ки рӯи Баҳром бо ӯ боз шудааст, шод гашт ва ҳамаи духтарони зебои хушхӯи бемонандро пеши ӯ овард ва дасти ӯро дар боданӯшӣ боз гузошт.

Баҳром аз онҳо баҳра мебурд. Ва аз шодмониҳои вежаи шӯри ҷавонӣ баҳраманд шуд. Ӯ рӯзҳоро миёни ишқ, ромиш, шикор ва бозӣ бахш карда буд. Рӯзе хост, ки ҳамаи хушиҳо шикор, хунёгарӣ ва шаробу дилбаронро якҷо гирд оварад. Барои ин хоста бар беҳтарин шутури мода нишаст ва Озодвори ромишгарро бар тарки (пушти сари савор дар рӯйи маркаб) худ нишонид ва машке аз бода ва ҷоме заррин баргирифт ва ба шикоргоҳ рафт. Менӯшид ва ба овоз гӯш медод, ногоҳ галаи оҳуе бар ӯ гузашт.

Аз Озодвор пурсид: кадом якро барои ту шикор кунам? Гуфт оҳуи наре шикор кунӣ, ки чун мода бошад ва модаоҳуе, ки монанди нар бошад!

Баҳром гуфт: дархости душворе кардӣ! Пас тире, ки пайкони он чун ҳилоли моҳ хамида ва душох буд, ба сӯи оҳуе афканд, ки ҳар ду шохашро аз ҷо канд ва бе он ки осебе ба сараш расида бошад, монанди модаоҳуи бешохе шуд. Пас, ду тир бар модаоҳуе афканд, ки чун ду шохи истода, дар сараш ҷо гирифтанд ва ба гунаи оҳуи нар даромад. Озодвор гуфт: дастат марезод, сарварам. Инак, танҳо мондааст, ки дасту пои ин модаоҳуро ба ҳам бидӯзӣ. Баҳром аз афзунхоҳии ӯ ба хашм омад ва тире бар сари модаоҳу афканд ва чун ҷонвар хост, ки бо пои худ сарашро бихоронад. тири дигаре афканд, ки сару дасташро ба ҳам дӯхт. Ва чун аз ин тирандозии шигифту ҳунарнамоии шигарф бипардохт, духтаракро ба зери пои шугур афканд ва ба ӯ носазо гуфт ва афзуд, ки ту бо ин афзунхоҳӣ мехостӣ маро сарафканда кунӣ. Духтарак зери пои шутур поймол шуд ва то замоне дароз беҳбуд наёфт. Бархе гуфтаанд, духтар бо афтодан ва поймол шудан, ҷон супурд.

Чун Мунзир аз ин рӯйдод огоҳ шуд, Баҳромро аз осеби чашм захм ба Худо супурд ва фармон дод, ки чеҳраи вай ва духтари ромишгар ва модашутуру оҳувон ва чигунагии достонро бар девори базмгоҳи кохи Хаварнақ бинигоранд.

Фардои он рӯз чун Баҳром омодаи рафтан ба шикор шуд, Мунзир низ шодӣ намуд, ки бо ӯ ҳамроҳӣ кунад. Баҳром ба асби сурхе, ки Мунзир ба ӯ бахшида буд, барнишаст ва ҳар ду бо ёрон ба роҳ афтоданд. Дар сари роҳ ба галаи гӯрхаре бархӯрданд. Баҳром ба сӯи онҳо тохт ва ногоҳ дид, ки шере бар гӯрхаре парид ва чанголро дар тани гӯрхар фурӯ бурд. Баҳром тире ба сӯи шер афканд, ки аз пушт ва шиками гӯрхар гузашт ва бар замин нишаст ва шеру гӯрхар ҳар ду мурда ба замин афтоданд.

Мунзир гуфт: агар ман худ инро аз касе мешунидам ва ба чашми худ намедидам, ҳаргиз онро бовар намекардам.

Пас фармон дод, ки нақши ин достонро низ дар паҳлуи достони ромишгару оҳувон бинигоранд. Гӯянд барои ҳамин кор ба номи «Баҳроми гӯр» баландовоза шуд.

Баҳром он рӯзро то поён бо Мунзир ба шикор гузаронд ва чунон шигифтиҳое ба Мунзир намуд, ки дилашро аз ҷой бурд ва бар дӯстдориву гиромидошти ӯ афзуд.

Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.

Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.

Таҳияи Сабрина Акрамова, мутахассиси
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”.