Рӯзи дуввуми Дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз, 5-уми сентябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дуввумин рӯзи Дарҳои боз буд. Имрӯз низ чун рӯзи гузашта даҳҳо гурӯҳ аз ҷумлаи донишҷӯёни мактабҳои оливу миёнаи махсуси пойтахти кишвар, намояндагони идораву муассисаву вазоратҳо, аз ҷумла кормандони Осорхонаи давлатӣ ба Китобхона омада, бо толорҳои хониш, осорхонаҳои китоб, намоишҳои мухталифи китоб ва шароити хидматрасониҳо дар Китобхона аз наздик ошно шуданд.

Имрӯз низ чун рӯзи гузашта дар саҳни ҳавлии Китобхона намоиши ҳунарҳои мардумӣ, рӯзномаву китобҳо, шириниҳои корхонаҳои қаннодии ”Амирӣ”, “Шоколатье”, ширкатҳои Tcell ва Мегафон  инчунин Бонки  давлатии амонатгузории “Амонатбонк” идома дошт, ки садҳо нафар аз он дидан ва аз маҳсулоташон харидорӣ карданд.

Мавриди ба ёдоварист, ки дирӯз ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иди касбии китобдорон – Рӯзи китоб дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои боз” оғоз шуд. Ин рӯзи пуршукӯҳ бо тантанаҳои идона ва намоиши китобҳои нодиру пурхонанда ва намоиши маҷаллаву рӯзномаҳои матбуоти даврӣ, намоиши маҳсулоти қаннодиву ҳунарҳои мардумӣ, намоиш корхонаҳои давлативу ширкатҳои мобилӣ дар саҳни Китобхона оғоз гашт.

Дар аввалин рӯзи Дарҳои боз 1687 нафар аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд.

Ганҷина Ҷолаева