Рӯзи гиромидошти Мирзо Бедил. Шарҳи вожаи “адам” аз нигоҳи Абулмаъонӣ
…Агар бо куллияи осори Бедил амиқан муроҷиат кунем, равшан мегардад, ки шоир мавориде мухталиф худ ба шарҳу тавзеҳи вожагону таъбирот, истилоҳу мафоҳим иқдом намудааст, ки ин равиши кори вай пеш аз ҳама дидгоҳҳои хосаи суханварро аз кашфу маърифати ҳаводису воқеъ, ашёву мафоҳим ва дигар матолиб бозгўӣ мекунанд.
Барои таъйиди ин назар метавонем ба намунаҳое аз ашъори шоир руҷўъ фармоем. Аз ҷумла, ин ҷо дар шарҳи мафҳум ё истилоҳи фалсафии «адам» бо такя бар назару нигоҳи хосаи худ шоир чунин фармуда:
Адам гуфтан кифоят мекунад то Одаму Ҳавво,
Дигар, эй ҳарзадарси ваҳм, тўмори насаб макшо.
Ин ҷо назари хосаи Бедил ба тафсири мафҳуми «адам», ки дар луғат маънии нестиро дорад, ошкор мегардад. Ҳосили андешаи шоир аз дарку фаҳмиши «адам» ҳамон аст, ки онро дар оинаи дидгоҳи фалсафии хеш фосилае то Одаму Ҳавво, яъне моварои зиндагии инсон медонад.
Вақте амиқтар ба манзури Бедил биандешем, дақиқан ҳамон мафҳуми фалсафиву ирфонии адам, ки асли вуҷуди инсон дониста мешавад ва онро Мавлоно «мо адамҳоем ҳастиҳонамо» унвон карда, равшан мегардад, чун мантиқан қабл аз он ки Одам офарида шавад, ҳеҷ чизе гўё набуд ва аз ин ҳеч, ки таъбири фалсафии он «адам» аст, инсон офарида шуд.
Зимнан Бедил бо зикр ва таъкиди ин матлаб хонандаи хешро ҳам ҳидоят медиҳад, ки агар амиқ бингарем, то замони вуҷуди Одаму Ҳаво, ки асли тамоми инсоният аз эшон сарчашма мегирад, танҳо адам буда ва онон аз адам ба вуҷуд омадаанд.
Аз ин рў, аз насабу гузашта ифтихор кардан ва бо гузаштагони худ болидан шоиста нест, чун бо аслу насаб мағрур шудан ҳамонро монад, ки ба ҳеҷ чиз ва ё нобудӣ тафохур намоӣ…
Ин як порчаи хеле хурд аз сарсухани Бедилшиноси маъруф Нуралӣ Нурзод ба китоби “Сад барги ғазал” (мураттабшуда аз ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил) иқтибос шуд. Китоб соли 2018 дар нашриёти “Ноши“”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст.
Хоҳишмандон ин китобчаи хубро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.
Таҳияи Фирӯза Раҳимова,
муовини сардори шуъбаи
маълумотдиҳӣ – библиографӣ.