Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД)
Ин бемориро тоуни асри ХХ меноманд. Ба сони ҳамон ҳамагириҳои таърихи башар аст, ки то кунун миллионҳо нафарро ба коми марг кашидааст. Илм ҳамоно барои пайдо кардани ваксина ба он оҷиз мондааст. Ягона роҳи мубориза эҳтиёт ва риояи тавсияҳои муҳими тиббист.
КАЙ ВА АЗ КУҶО ОМАД ИН ВИРУС?
Соли 1981 миёни гурўҳи сокинони Сан Франсиско (ИМА) одамоне пайдо шуданд, ки ба шаклҳои аҷиб ва нодиру фавқулодаи варами шуш гирифтор буданд. Беморӣ инсонҳоро тадриҷан ба марг мерасонд. Маълум шуд, ки системаи сироятпазирии ин беморон заиф гаштааст. Одамонро микробҳои гуногун дар шароитҳои маъмулии бетобиву беҳолӣ дучори марг менамуданд. Ин касалиро БПНМ – бемории пайдошудаи норасоии масуният номиданд ва номи маъмулан дар ҷомеа паҳнгаштаи ин беморӣ СПИД аст.
Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ин сироятест, ки ба системаи иммунитети организм осеб мерасонад. Аз ҳама марҳалаи охири сирояти ВНМО ин БПНМ (СПИД) мебошад. ВНМО ҳуҷайраҳои сафеди худро нобуд мекунад, ки он боиси суст гардидани масунияти бадан мегардад. Ин ҳолат барои дар организми инсон инкишоф ёфтани баъзе бемориҳо, аз ҷумла бемории сил, бемориҳои сироятӣ ва баъзе намуди бемориҳои онкологӣ сабаб мешавад. Ҳолати фавти инсон низ аз чунин бемориҳо ба амал меояд.
Тадриҷан ин беморӣ дар сартосари олам паҳн шуд. Барангезандаи ин касалӣ – вирусҳо ҳамзамон аз ҷониби биологҳои шаҳри Монтанйеи Фаронса ва Галлои ИМА дар соли 1983 кашф гардид. Баъдан, вирусҳои БПНМ -и одам дар чор намуди маймунҳо кашф шуд. Барои инсон хатарноктарини он вируси шимпанзе (СПИД-1) ва мангобейи хокистарранг (СПИД-2) мебошад.
Вируси БПНМ дар иртиботҳои маъмулӣ (аз ҷумла тариқи дастфишорӣ, бўса) ба каси дигар сироят намекунад, аз газидани хомўшакҳо намегузарад. Он танҳо метавонад дар натиҷаи алоқаи ҷинсӣ, гузарондани хун, истифодаи сўзандоруҳои тамйизношуда, ҳамчунин аз модар ба кўдаки ширхор ҳангоми синамакконӣ сироят мекунад. Соли аввал ва ҳатто чандин соли аввал нишонаҳои он дар одами сироятшуда зоҳир намешаванд, вале вай метавонад атрофиёнро сироят намояд. Як сабаби сирояти густарда истифодаи сўзандоруҳои тамйизношуда мебошад. Масалан, дар шаҳри Элисте дар соли 1980 ба ҷурми кормандони тибби бемористон 31 кўдак ба ин касалӣ гирифтор шуд.
Ба гурўҳи таҳдидкунандаи хатари сироятӣ ВНМО мардҳои ҳамҷинсгаро (гомосексуалист), нашъамандоне, ки бо усулҳои тазриқӣ мухаддирот истеъмол мекунанд, фоҳишаҳо, ашхоси ҳамхобаи худро зуд-зуд ивазкунанда, ҳамчунин кўдакони аз модари сироятёфтаи ВНМО таваллудшуда мансубанд. Густариши БПНМ-ро метавон ба алангаи оҳиставу тадриҷии сўхтор муқоиса кард. Дар бисёре аз кишварҳои Африқо ва Амрикои Лотинӣ мубориза бо ин касалӣ аслан пеш бурда намешавад. Ҳатто маълум нест, ки чанд дарсади аҳолии ин мамолик то ҳол ба ин беморӣ сироят шудаанд. Дараҷаи хатари он ба инсониятро бисёр вақт ба тоун монанд мекунанд ва онро “тоуни асри ХХ” меноманд.
Эпидемияи (ВИЧ/ СПИД) дар шароити ҳозира дар як қатор кишварҳои ҷаҳон мусибати миллӣ гардидааст. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҷаҳон то соли 2023 зиёда аз 88 миллион одам бо ВНМО/БПНМ зиндагӣ мекард ва аз оѓози эпидемия зиёда аз 42 миллиони онҳо фавтидаанд. Ҳамарўза тақрибан 22000 одам бо ВНМО дар ҷаҳон сироят меёбад.
Аввалин ҳолати сироятшавӣ ба ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 ба қайд гирифта шуда буд. Мувофиқи маълумоти расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1-уми январи соли 2023, шумораи сироятшудагони ВНМО ба зиёда аз 11 ҳазор нафар расидааст. Аз аввали эпидемия то соли 2023 дар кишвари мо 4358 нафар сироятшудаи ВНМО фавтидааст.
Ҳамасола дар ҷаҳон санаи 1-уми декабр Рўзи ҷаҳонии мубориза алайҳи СПИД қайд карда мешавад.
То ба ҳол тиб доруи зидди БПНМ-ро кашф накардааст. Воситаҳои доруворуе вуҷуд доранд, ки танҳо инкишофи онро суст мекунанд, вале онро комил бознамедоранд. Ба назар мерасад сохтани ваксинаи зидди СПИД ба ҳадди пайдо кардани ваксина барои зуком мураккаб аст, чун вируси ин беморӣ беш аз ҳад таѓйирёбанда ва гуногун мебошад.
Барои пешгирии ВНМО риояи қоидаҳои хунгирӣ, истифодаи сўзандору ва асбобҳои тиббии тамйизшуда, мубориза бо нашъамандӣ, ба кор бурдани воситаҳои муҳофизии алоқаи ҷинсӣ (рифола) зарур мебошад.
Таҳияи Бобоҷон Шафеъ