Рӯзӣ Аҳмадов: “Маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ”

Рӯзӣ АҳмадовКитоби Рӯзи Аҳмадов “Маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ” соли 2007 чоп шудааст ва ба он донишмандони маъруфи кишвар Аламхон Кӯчарзода, Сайфиддин Назарзода ва Дилшод Раҳимӣ тақриз навиштаанд.

Адиб, пажӯҳишгар ва олими шинохта Расул Ҳодизода дар сарсуханаш ба китоб аз ҷумла овардааст, ки дар чанд соли охир бо вуҷуди душвориҳои иқтисодӣ ва аз равнақу ривоҷ боз мондани тадқиқоти илмӣ олимиони фолклоршиноси тоҷик чандин рисолаҳои илмӣ ва осори адабиёти шифоҳии тоҷик ва тоҷикони Афғонистонро ба табъ расониданд. Дар ин ҷабҳаи фидокоронаи илм, махсусан, хидмати фолклоршиноси моҳир Рӯзӣ Аҳмадов шоистаи таҳсину тақдир аст.

Инак, ҳоло китоби пурарзиши донишманди собиқадори соҳаи фолклори тоҷик Рӯзӣ Аҳмадов дар  дастраси мо қарор дорад. Рисолаи олими мо, ки «Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ» ном дорад, ба таҳқиқи  яке аз проблемаҳои  муҳимтарини илми фолклоршиносии ҷаҳон ва аз ҷумла фолклоршиносии тоҷик бахшида шудааст. Аҳамият ва моҳияти ин масъаларо Рӯзӣ Аҳмадов дар пешгуфтори китоб бо камоли диққат ва покизакорӣ дар асоси осори фолклоршиносони номдори ҷаҳон ва маводи ниҳоят ғании адабиёти шифоҳии тоҷик ба исбот расонидааст.

Китоби Рӯзӣ Аҳмадов: “Маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ”-ро хоҳишмандон дар Китобхонаи миллӣ мутолиа карда метавонанд.

Меҳрангез Собирова,
мутахассиси шуъбаи
нигоҳдории китоб