Сабқат дар озмуни “Фурӯғ…” миёни гурӯҳи сеюм оғоз шуд. Дар минбар донишҷӯён

Заҳро Носирзода14 уми ноябр дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” сабқат миёни гурӯҳи сеюми иштирокдорон донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ оғоз гардид. Дар ин гурӯҳ  аз рӯи 4 номинатсия адабиёти классикӣ, адабиёти  муосир, адабиёти  ҷаҳон ва эҷодӣ назму наср 106 нафар довталаб миёни ҳам рақобат мекунанд.

Бояд гуфт ки дар ин гурӯҳ аз ҷиҳати хусусияти синнусолӣ дар фарқ аз ду гурӯҳи аввал –хонандагони синфҳои ибтидоӣ (1-4) ва хонандагони синфҳои (5-11) и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз иштирокдорон донишу маҳорати бештар талаб карда мешавад.

Заҳро Носирзода донишҷӯи  соли 2 – юми Коллеҷи техникиии шаҳри Роғун яке аз аввалин иштирокчиёне буд, ки назди ҳакамон баромад намуд. Ӯ довталаб аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон аст. Заҳро  гуфт зиёда аз 150 асари адибони ҷаҳониро мутолиа кардаам. “Шоҳи футбол”-и Азиз Несин яке асарҳои дӯстдоштаам мебошад, ки дар жанри мазҳака навишта шудааст. Детективҳои Агата Кристи ва романҳои Г.Г.Маркесро хеле дӯст медорам.

Иштирокчии дигар Манзура Амирова донишҷӯи соли 4 – уми Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода мебошад. Манзура довталаб дар номитансияи хондан ва аз бар намудани адабиёти муосири тоҷик аст. Ӯ мегӯяд романи “Вафо”-и Фотеҳ Ниёзӣ бароям бисёр таъсир гузошт, ки ҷонисориҳои мардумро дар роҳи расидан ба сулҳу озодӣ бисёр хуб ба қалам кашидааст.

Номинатсияи эҷоди назму наср низ дар ин гурӯҳ нисбатан ҷиддитар ва талаботи бештар дорад. Яке аз довталабони фаъоли ин гурӯҳ Меҳрафзо Кароматзода, ки донишҷуи соли 3 – юм аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад, дар суҳбат ба мо гуфт, ки иштирокаш дар ин озмун аз рӯи меҳру муҳаббаташ ба шеър ва шеърхонӣ аст.

Бояд гуфт, ки озмун миёни иштирокчиён дар ду гурӯҳи аввал ҷамъбаст гардида, рӯзи 14-уми ноябр рақобат миёни донишҷӯён оғоз гардид. Ҳоло гурӯҳи дигар омӯзгорони ҳамаи зиннаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабиии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар идома сабқат хоҳанд кард.

Тавре қаблан ҳам иттилоъ ждода будем, озмун то 21 уми ноябр иома ёфта маросими ҷоизасупории он 23 юми ноябр дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.