Сабринае, ки орзуи нависанда ва коргардон шудан дорад
Хонандаи синфи 10-и гимназияи шаҳри Конибодом Сабрина Турдиева дар озмуни ҷумҳриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китот аст” дар номинатсияи эҷоди назму наср иштирок варзида аз ҷониби нависандагони маъруфи кишвар, ки ба сифати довар навиштаҳои ӯро баррасӣ намуданд, маслиҳатҳои хеле хуб гирифт. Ӯ гуфт метавонам бо ин маслиҳатҳо беҳтар аз пештар хубтар нависам ва оянда комёб шавам.
Шояд то ҳадде ҳаяҷонзада ҳам буд, ки мегуфт, намедонам чӣ тавр посух додам. Дар дараҷаи баланд буд, ё миёна. Аммо сипос сарнавиштро, ки ҳамааш хуб гузашт.
Ӯ соли аввал дар даври ниҳоии озмун ширкат мекунад ва ин бахшро интихоб карданаш ба он хотир будааст, ки ҳамон тавре ҳаёти ҳамзамононашро мебинад, ба риштаи тасвир мекашад. Намехоҳам аз дигар чизҳо истифода барам, мехоҳам ҳамон тавр, ки зиндагиро мебинам ва менависам, ба ҳамсолонам пешниҳд намоям.
Маҳсули эҷоди ин навраси соҳибистеъдод, дар нашрияҳои “Маориифи Суғд, “Садои Конибодом” ва дигар нашрияҳои минтақавӣ рӯи чопро дидааст.
Сабрина аз тавсияҳову пешниҳодҳои ҳакамон, аз ҷумла Нависандаи халқии Тоҷикисон устод Абдулҳамид Самад ва барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Юнус Юсуфӣ миннатдор аст ва онҳоро барои пешрафти эҷодаш дар оянда ба кор мебарад.
Нависандаи маъруф Абдулҳамид Самадов маслиҳат дод, ки он чизеро навис, ки ба синат мувофиқ аст, аз дунёи наврасиат берун нашав, тарзе навис, ки ҳамсолонат онро бифаҳманд. Зеро хонандаи ту на танҳо олимону донишмандонанд, хурдсолон ҳам ҳастанд.
-Ин эрод бамаврид аст, зеро ман наврас ҳастам ва тасвири дунёи бузургсолон бароям мушкил аст ҳоло. Устод Абдулҳамид Самад гуфтанд, ки китобӣ фикр мекунӣ ва китобӣ менависӣ. Ин ҳама таъсири мутолиаи асарҳои классикӣ аз қабили “Гулистон”, “Бустон”, “Баҳориёт”, “Бадоэъ-ул-вақоеъ”…. аст. Бештар ба адабиёти классикӣ ишқу ҳавас дорам. Аммо асарҳои адибони ҷаҳон низ аз мадди назарам дур нест, охирин китоби хондам “Кимёгар”-и Пауло Коэло аст.
Шояд мутолиаи ин асар буд, ки ба ӯ таасуроти дигаре бахшид ва бовараш ба хеш беш шуд.
Гирудорҳои дунё, қаҳрамонҳое, ки ба Сабрина писанд меоянд ва воқеаҳои ҳаётӣ, ки мешунавад ё мебинад, мавзуи навиштаҳояш ҳастанд.
Ӯ озмунро шаффоф ва боадолат дидааст.
Ин ширкаткунандаи озмун ҳанӯз аз синфи 6 ба эҷодкорӣ рӯ овардааст ва ҳикояи аввалашро маҳз дар синфи 6-ум эҷод кардааст .
Ӯ ба озмун бо 8 ҳикоя, 8 эссе, 6 афсона, 1 очерк, 1 повест, 2 драма ва 2 латифа омадааст.
Авазхон Ҷӯраев устодаш аст, ки то даври ҷумҳуриявӣ ҳидоят намудааст ва ӯро дар ин озмун ҳамроҳӣ кард. Ҳамзамон директори гимназияи шаҳри Конибодом низ бо онҳо омадааст.
– Чизҳои барои худ фоидабахшро аз сабқат гирифтам, ки дар оянда аз онҳо истифода бурда худро мукаммал мегардонам, гуфт ӯ.
Ду соли ширкат дар бахши адабиёти классикии озмун ва комёб нашудан ӯро ноумед накард ва ӯ худашро аз ҷанбаи дигар кашф намуд ва ба ҳадаф ҳам расид, то даври охирини озмун роҳхат гирифт.
Ҳунари нависандагӣ барояш касби пурифтихор аст ва дар оянда низ нигорандагиро идома медиҳад, аммо коргардон мешавам мегӯяд.
Ширкат дар озмун буд, ки ӯ дӯстони зиёде пайдо намуд, яке аз онҳо истеъдоди шоирӣ дорад ва шеърҳои хуб ҳам менависад. Аз он ошнояш низ бисёр чиз омӯхт.
Дар суҳбат бо мо аз Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Саъдии Шерозӣ ва Садриддин Айнӣ чун нависандагони дӯстдоштаи худ ном бурд.
Нависанда бояд воқеъбин бошад. Он чизеро нависад, ки мебинад, нависад бо либоси бадеият.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.