Садриддин Айнӣ. “Мирзо Абдулқодири Бедил”

Мирзо Абдулқодири БедилКитобе, ки бо сарсухани академик Евгений Бертелс 71 сол пеш чоп шудааст, ҳамоно аз пурхонандатарин китобҳои шуъбаи нигоҳдории депозитарии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мебошад.

Устод Садриддин Саййидмуродзода Айнӣ бидуни шак аз бузургтарин чеҳраҳои адабиву илмии тоҷик буда бо ҳикову повесту рованҳо, шеърҳо ва пажӯҳишҳои илмии худ дар ёду хотираҳо боқӣ мондааст. Он ки мо устодро чун адиби маъруф ва насрнависи чирадасту муваффақ медонем, танҳо як бахши фаъолияти ӯст. Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи бузургтарин донишмандони мо буд, ки дар канори повесту ҳикояву роман ва умуман осори адабии мондагор, як силсила асарҳои пажӯҳишиву таҳқиқотӣ ба мерос гузоштааст.

Яке аз ин таҳқиқоти устод Айнӣ рисолаи хеле ҷолиби пажӯҳишӣ дар бораи Мирзо Абдулқодири Бедил мебошад.

Китобе бо ҳамин ном соли 1954 дар “Нашриёти давлатии Тоҷикистон” чоп шудааст ва нусхае аз он дар бойгонии шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ мавҷуд аст.

Ин китоб бо сарсухани Аъзо – корреспонтенти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ Евгений Бертелс мунташир шудааст.

Евгений Бертелс, ки аз маъруфтарин шарқшиносони Шуравӣ буд, дар сарсухан аз ҷумла менависад, ки “Китоби С.Айнӣ, ба фикри мо, ба адабиётшиносони тоҷик фоидаи калон мебахшад. Намунаҳое, ки ӯ аз асарҳои Бедил ҷамъ кардааст, ҳамаи он чизҳои беҳтаринеро, ки аз куллиёти азими шоир пайдо кардан мумкин буд, дарбар гирифтаанд. Акнун ба тадқиқотчиёни ҷавони мо лозим намеоя, ки барои ёфта гирифтани чунин сатрҳои дар ҳақиқат гаронбаҳо худро овора карда, ҳазорҳо байту мисраи кӯҳнашудаи нодаркор ва душворфаҳмро аз назар гузаронанд…”

Боби аввали ин китоб бо номи “Маълумоти мухтасар дар бораи замони Бедил” бо ин ҷумла оғоз шудааст: “Мирзо Абдулқодири Бедил дар солҳои 1644-1721 зиндагонӣ кардааст ва дар муддати 77-сола ҳаёти худ замони 11 подшоҳро аз сар гузарондааст, ки аз инҳо замони ду подшоҳ ба 63 соли  айёми зиндагонии ӯ рост омада бошад, замони 9 подшоҳи дигарро дар 14 соли охири умри худ дидааст”.

Қисми аввали китоб аз муқаддима ва 3 боб иборат буда, қисми дуюм намунаҳо аз осори Бедилро гирд овардааст.

Хоҳишмандон ин китоби пурмуҳтаворо метавонанд дар шуъбаи нигаҳдории депозитарии Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Нурбой НУРОВ, мутахассиси шуъбаи депозитарӣ