Садриддин Ҳасанзода: “Рабудани калид”
Ибни Халдун менависад: «Ҷумлаи улуми шаръия ва аҳлия ва асҳоби фунун ва бадоеъ ҳамагӣ аз эрониҳо буданд ва бо собиқаи қадимӣ, ки онҳо дар тадвину таълифу улум ва китобҳо доштанд, ихтирои ин хат (хатти насх ) аз тарафи онҳо шудааст. Дар замонҳои аввали ислом муаллифон, гарчи забонашон арабист, вале ҳасби ҳолашон эронист ва тарбияташон низ эронист. Арабҳо ба иллати он ки мардумоне сода ва бадавӣ буданд, бад ин ҷиҳат аз фунун ва саноеъ бехабар буданд, илми хат ҳам монанди дигар саноеъ буд ва ҳисоб намеомад. Эрониҳо буданд, онро ба авҷи камол расониданд, монанди Иброҳим ва Юсуфи Саъдӣ ва ибни Мукла ва ибни Баввоб ва Валии Эронӣ, ки ҳамаи онҳо аз Эрон зуҳур карданд, буданд».
Хатти куфии нахустин бо хатти насх ва таълими форсӣ ҳеҷ муносибату қаробат надорад ва он ду хат аз хатҳои дигар ба вуҷуд омаданд, хатти кадӣ (шояд аккадӣ) аз хатти суриёнӣ ибтидо гирифта бошад, эрониён хатти таълиқро дар асоси хатти пиромўзи форсӣ эҷод кардаанд. Он бенуқот ва душворфаҳм буд, аммо хатти пиромўзӣ ва таълиқу насхи форсӣ мисли хатти монавӣ нуқта доштанду осонхон буданд. Ва ба хатти куфии қадим халқҳо кишварҳои ишғолкардаи арабҳо аломатҳо илова карданл : Кўфӣ се навъ аст: сода (китобҳои динниро менавиштанд), ороишӣ (дорои гулу баргу шохаҳо), маъқилӣ ё банноӣ (ҳарфҳо кунҷдору мураббаъ) кашида мешаванд. Боз хатти муҳаққақ ва райҳон аст, онро ихтирои Ибни Муқла меҳисобанд, дар аҳди Хилофати Аббосиён роиҷ буд. Хатҳои сулс ва насхи таълид низ ба шакли доира, давр ва дигар шаклҳо тамаддунӣ буда, хоси мардуми эронист.
Хулоса, омили муҳимтарини шинохти арзишҳои тамаддуни башарӣ хат мебошад, заминаҳои фикрӣ ва иҷтимоӣ ба пайдоиши хату алифбо алоқамандии зич доранд. Дар ин раванд ҷомеаи пеш аз хатро ҷомеаи қабл аз таърих ва пас аз пайдоиши онро давраи таърих ном мебаранд. Ориҳо чандин хат доштанд: Нахустин ихтирои хат ба давраи Хаҳоманишиён рост меояд, он хат дар заминаи алифбои бобилӣ ва эломӣ пайдо гашт, лекин шакл ва теъдоди аломатҳояш тафрика дорад, хатти мехии ин давра фақат барои забони форсии бостон забони модарии Хаҳоманишиён ва мутобиқ ба савтиёти онҳо пайдо гашт ва ба онҳо катибаҳо ва нигоштаҳои забони форсии қадим, мансубанд. Он як инқилоби фарҳангӣ ҳисоб меёфт дар сиёсати давлатдории шоҳон, аз ҷумла Дориюши I. Маҳз онҳо боиси дар саҳифаҳои таърих монанди ёдгориҳои бебаҳои эронӣ, бобилӣ, эломӣ ва оромӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, аз чумла дар замони Хаҳоманишиён ба як ҳисоб то асри V милод забони коргузории давлат забони оромӣ буд, бо сабаби надоштани суннату собиқа хатту забони ориёӣ мавриди истифода нагашт. Дар аҳди Сосониён катибаҳо бо забони форсии қадим ва миёна навишта мешудаанд. Нишонаҳои истифодаи забони эломӣ дар лавҳаҳои гилини соли 1933- 1934 ёфт шуда дида намешаванд.
Аммо ниёзи мо айни ҳол ба алифбои ниёгон чун калиди дари ганҷи нуҳуфта хеле зиёд аст. Масъалаи гузаштан ба алифбои ниёгон, ба назари мо, бозгаштани роҳ ба омўзиши баҳри беканори таърих ва илму фарҳанги қадимаи гузаштагонамон мебошад. Агар мо сари вақт ин мушкилиро ҳал насозем, китобҳои нодир оҳиста-оҳиста фарсуда гашта, рў ба нестшавӣ меоранд. Агар мо ватандўст бошем, бояд дар ин самт бетарафӣ нишон надиҳем, алифбои ниёгонамонро биомўзему соҳиби хату забонамон шавем.
Охирҳои давраи Шўравӣ донишмандони мо ба баррасии луғатномаи нави забони тоҷикӣ шурўъ карданд. Мо аз меҳнат, заҳмату эҷоди олимони таҳиякунандаи «Таджикско-русский словарь», ки зери таҳрири М.В. Успенская ба таб расид (соли 1954 аз тариқи нашрияи Москва чоп гашт), ношукрӣ намекунем. Ҳайати таҳририя С.Ҷ. Арзуманов, Н.Н.Ершов, В.Л. Неменова, А.К. Писарчук, А.З.Розенфелд, Я.И.Калонтарова дигарон, ки аслан мардуми ғайри тоҷик буданд, маънии зиёди вожаҳоро дарҷ накарданд. Ибни Қурбон роҷеъ ба ноқисиҳои фарҳанги мазкур менависад: «Албатта, дар бузургии иддае аз онон, ки аз ҷумлаи уламои машҳури вақт буданд, шубҳа нест ва ҳам ба вуҷуди онон дар ривоҷу раванди илми тоҷик ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ моро ифтихор аст, аммо чун вуҷуди тинати эшон аз ҷавҳари хамирмояи миллати тоҷик набуд, хоҳу нохоҳ ба ҳади як нафар намояндаи ҷибиллии ин миллат барои забону луғати он дилсўзу ҷонсупор буда наметавонанд ва ин амри табиист» (Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. – Душанбе, 2003,с 36).
Соли 2013 ба хотири ислоҳи хатоҳои рафта бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон комиссияи имло ташкил гардид ва китоби имлои нав ба табъ расид. Аммо масоили баҳсталаб, нофаҳмоиҳо дар луғатномаи мазкур ҳоло ҳам зиёданд:
а) мавқеи ҳарфи «Ъ» дар калимасозӣ, дар вожаҳо номаълум аст, чаро дар вожаи таъйин, фаъол ҳарфи ъ меояду дар дигар калимаҳо не.
б) мушкилот дар истифода ҳарфи « Ў» ( вови маҷҳул),
в) то ҳол овози « Э» бо ду ҳарф навишта мешавад: Э ва Е.
г) дигар саҳв дар дарки мафҳуми хатти арабиасоси форсӣ мебошад.
Чӣ тавре дар боло зикр шуд, дар ҳудуди сукунати аҷдоди мо то зуҳури ислом дасти кам 28 навъи равиши хатнависӣ маълум буд ва олимони мо буданд, ки чандин навъи хатти арабии форсиро ихтироъ карда, корбаст намуданд. Дар воқеъ дар Кўфа – наҳри бузурги эронитаборон, маркази тамаддуни эрониҳо хатти ба ном арабӣ ихтирои олимони мо аст. Найири Нурӣ менависд: «Муҳаққиқон ҳамин эрониён буданд, ки дар давраи исломӣ низ аз рўи собиқаву суннати қадими худ анвоъу ақвоми хати арабиву форсиро ихтиро карда буданд, Албатта, инҳо бештар аз табақаи дабэрон буданд» (Абдулҳамид Найири Нурӣ. Саҳми арзишманди Эрон дар фарҳанги ҷаҳон, ҷ. 2. – Теҳрон, 1377 ҳ.ш., с. 640).
Яке аз донишмандони маъруф, ки дар ташаккул ва таҳаввули хати кўфӣ аз ҳама бештар саҳмгузор аст ва бечуну чаро соҳиби хатти арабиасос аст, Ибни Муқлаи Шерозӣ мебошад, ки 6 хатро ихтироъ кардааст: сулс, насх, муҳаққак, райҳон, тавқеъ, виқоъ ҳамчунин нахустин шахсест, ки дар алифбои арабӣ гузоштани аломати нуқтаро ҷорӣ кард. Ҳамин меҳнатпарастии ў боиси борҳо зиндонӣ, таъқиб ва бурида гаштани дасту забонаш гардид, Дигар пайравони ў Зайнаби Абевардӣ, Маҷди Ҳамгар, Юсуфи Машҳадӣ, Аҳмади Мароғаӣ, Мир Алии Табрезӣ, Муҳаммад Бадруддин ва дигарон дар такмили хатти арабиасос ва навъҳои дигари хат саҳм гузоштанд. Ба андешаи Ибни Қурбон ин мавзуъро хатм мекунем: “ва ин нуктаро бояд дар хотир дошт, ки хатти арабӣ форсиасос буда, баромади он то андозае аз хатти кадимаи авастоист». (Ибни Қурбон, ҳамон китоб, саҳ. 39).
Ба андешаи олим мувофиқем ва мегўем, ки ин хат моро ба оламиён ошно сохт, имрўз ҳам танҳо бо ба рўи кор омадани он мо ба оламиён боз ҳам хубтару бештар муаррифӣ мешавем, комилтар мегардем.
Агар гузаштан ба алифбои ниёгон мувоҷеҳи ягон мушкилоте бошад, пас мактабу маориф вазифадоранд, ки таълими алифбои ниёгонро беҳтар ба роҳ монанд, то шогирдон минбаъд ҳама бо ин хат чун бо хатти криллӣ хуб хондаву навишта тавонанд.
Аз китоби Садриддин Ҳасанзода “Иморати сухан”. Душанбе, “Балоғат”, соли 2028.
Китоб зери назари профессор Баҳриддин Камолиддинов нашр шудааст ва чун воситаи таълимӣ ба хонандагон пешкаш гардидааст.
Ин китобро хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Таҳияи Ҷамила Гирдакова,
сармутахасси Маркази забони тоҷикӣ.