Сафар ба қалби Русия. Таассуроти кутоҳ аз ширкат дар як ҳамоиши омӯзишии байналмилалӣ

Сафар ба қалби РусияАз 6 то 19 –уми октябри соли 2025 дар Китобхонаи давлатии Русия лоиҳаи байналмилалии “Ҳамкориҳои омӯзишии китобхонаҳои кишварҳои Иттиҳод” баргузор гардид, ки дар он се нафар аз Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва як нафар аз Китобхонаи кӯдаконаи ВМКБ ширкат карданд.

Ин конфтронс аслан дар ду давра гузашт. Даври аввали он аз 6-ум то 12-уми октябри соли 2025 онлайн баргузор шуд. Ин иқдомро Китобхонаи давлатии Русия дар ҳамкорӣ бо Агентии Федералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанон дар хориҷа ва ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ (Россотрудничество) дар доираи барномаи “Насли нав” доир намуд. Дар он аз 8 кишвари дунё 50 нафар аз ҷумла намояндагон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Абхозистон, Белорусия, Осетияи Шимолӣ, Арманистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар сафари 6-рӯза онҳо Китобхонаи давлатии Русия, Китобхона-толори хониш ба номи И. С. Тургенев ва Китобхонаи давлатии Русия барои ҷавононро тамошо карданд.

Сафар ба қалби РусияРӯзи 15-уми октябри иштирокдорони лоиҳаи байналмилалии “Ҳамкориҳои омӯзишии китобхонаҳои кишварҳои Иттиҳод” аз сайёҳат дар дохили Китобхонаи давлатии Русия оғоз шуд. Ин бузургтарин махзани китоб на танҳо дар Русия, балки Аврупо буда, як намоди ифтихорӣ барои сокинони Русия ба шумор меравад.

Китобхона 19 июни (1 июли) соли 1862, дар Осорхонаи оммавии Маскав ва осорхонаи Румянтсева ташкил ёфтааст. Рӯзи  24 январи соли 1924 Китобхонаи Русия ба номи В.И.Ленин номгузорӣ шуд. Аз 6 – уми феврали соли 1925 Китобхонаи давлатии ИҶШС ба номи В.И.Ленин ва аз 22 – уми январи соли 1992 онро Китобхонаи давлатии Русия номиданд.

Сипас барнома ифтитоҳ гардид ва намояндагони Агентии федералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанон дар хориҷа ва ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ (Россотрудничество) ва Китобхонаи давлатии Руссия суханронӣ намуда, меҳмононро хушомадед гуфтанд. Дар идома барои ширкатдорон ҷаласаи оянданигарӣ (форсайт-сессия) бо номи “Китобхонаи худро созмон бидеҳ” оғоз гардид. Он ба шакли бозӣ сохта шуда, иштирокдорон ба 5 даста ҷудо шуда, ҳар кадом дар  созмон додани китобхона саҳм гузошт.

Сафар ба қалби РусияДар ин баробар иштирокдорони Барномаи “Насли нав” дар толори Китобхонаи давлатии Русия филми мустанади «Стихи Победы»-ро, ки Маҷмааи Авруосиё ва Китобхонаи президентии ба номи Б. Н Елсин бо кӯмаку ширкати китобхонаҳои миллии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар асоси асноди бойгонӣ сохта аст, тамошо карданд.

Ҳамин тавр нимаи аввали рӯзи 17-уми октябр гузориши ихтисосии мудири шуъбаи ҳамоҳангсозии хизматрасониҳои афзалиятнок барои мақомоти давлатии Китобхонаи давлатии Русия Инна Малахова шунида шуд.

Сафар ба қалби РусияТибқи барнома 18-уми октябр кормандони Китобхонаи миллӣ Осорхонаи Ғалабаро дар шаҳри Маскав тамошо намуданд. Ин осорхона бо сурату тарҳи (макет) зинда ва намоишгоҳи зинда ҷалби таваҷҷуҳ мекард.

Роҳбаладони касбӣ, фазои муносиб, ки даврони Ҷанги Бузурги Ватаниро пешорӯи бининанда зинда мекард, ҷолибтарин ҷои сафар буд. Баъзе саҳнаҳое, ки роҳбалад нақл мекард, зинда мешуданд. Яъне одами зинда он саҳнаро иҷро мекард.

Сафар бо таасуроту бардоштҳои нек ба фарҷом расид ва умед аст, ки таҷрибаву дониши омӯхта дар кор истифода мешавад.

Раҳима Аъзам,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.