Сафарбӣ Қурбоналиева. Низоми нашрҳои библиографии Китобхонаи миллии Тоҷикистон: вазъ ва тамоюли рушд
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобу китобдории тоҷик такони бузург бахшидаанд.
Китобу китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Ин пеш аз ҳама қабули як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, таъсиси мағозаҳои китобфурўшӣ дар тамоми манотиқи кишвар, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, нашри силсилаи китобҳои «Ахтарони адаб» иборат аз 50 ҷилд, таҷлил «Рўзи китоб», бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва биноҳои нави китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошанд.
Шакли пурраву комили мақола: Низоми нашрҳои библиографии Китобхонаи миллии Тоҷикистон