Сафари Боку. Суханрониҳо дар ҳамоишҳо, дидор бо сарварони китобхонаҳо-меҳмонони конференсия дар пойтахти Озарбойҷон
Ҳамчуноне қаблан ҳам хабар дода будем, рӯзҳои 19-23 сентябри соли ҷорӣ Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода бо даъвати директори Китобхонаи миллии Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилалии «Китобхонаҳои миллӣ – муҳофизи сарвати маънавии халқҳо», бахшида ба 100-солагии Китобхонаи миллии Озарбойҷон дар сафари хидматӣ қарор дошт.
Дар конференсияи мазкур директорони китобхонаҳои миллии кишварҳои Озарбойҷон, Россия, Удмуртия, Казоқистон, Қирқизистон, Узбекистон, Туркманистон, Беларус, Молдова, Литва, Қатар, директори Китобхонаи миллӣ ва донишгоҳи Босния ва Ҳерсоговина, директорони Китобхонаи давлатии Россия, Китобхонаи президентии ба номи Б.Н. Елсин, Китобхонаи Президентии идоракунии корҳои Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, директори генералии Китобхонаи давлатии умумироссиягии адабиёти хориҷӣ ба номи М.И. Рудомино, директори генералии Китобхонаи миллии Туркия, директорони Китобхонаи марказии миллии Рум, Ватикан, намояндагони Китобхонаи марказии илмии Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон, китобхонаҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон, вилояти Ҷиззахи Узбекистон, устодони Донишгоҳи давлатии фарҳангу санъати Озарбойҷон, Донишгоҳи давлатии Боку шикат ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон, раиси кумита оид ба фарҳанги Маҷлиси миллии Озарбойҷон, як нафар узви Маҷлиси миллии Озарбойҷон, директори Китобхонаи миллии Озарбойҷон, директорони Китобхонаи давлатии Россия, Китобхонаи миллии Узбекистон, Китобхонаи марказии миллии Рум, мудири шуъбаи Китобхонаи миллии Туркия суханронӣ намуданд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи дуюми ин ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзуи «Мероси хаттӣ ҳамчун омили рушди ҳамкориҳои байникитобхонавӣ» маърўза кард. Зимни ироаи маърўза оид ба масъалаи ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ривоҷу равнақи соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид баҳри ҳифзу нигоҳдошт ва ба наслҳои оянда бегазанд интиқол додани мероси гаронбаҳои хаттии ниёгон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Профессор Файзализода ҳамчунин рӯзи 21-уми сентябр дар доираи чорабиниҳои конференсияи байналмилалӣ дар 27-умин ҷаласаи умумии аъзоёни ҳамкории ғайритиҷоратии «Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё» иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба муқаррар намудани андозаи ҳаққи узвият барои аъзо шудан ба Ассамблея ва пардохти солонаи ҳаққи узвият, ҳамкориҳои мутақобилаи китобхонаҳои наздисарҳадии кишварҳои Осиёи Марказӣ, чорабиниҳои соҳавии китобхонаҳои узви Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё дар нимсолаи дуюми соли 2023, таҳия ва баргузории лоиҳаву чорабиниҳо дар доираи таҷлили 225 солагии А.С. Пушкин дар соли 2024, Нақшаи чорабиниҳои Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар ҶБВ (соли 2025), интихоби аъзои нави Ассамблея ва директори генералии Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё дар давраи сентябри соли 2023 – сентябри соли 2027 баррасӣ гардиданд.
Дар давраи навбатӣ ба вазифаи директори генералии Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё Гайшун Ирина Владимировна интихоб гардид.
Рӯзи 22-сентябр бошад, боз ҳам дар доираи чорабиниҳои конференсияи байналмилалӣ дар 6-умин ҷаласаи директорони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир гардид, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташаккули коллексияи электронии нишондиҳандаҳои асосии китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) ва такмили ҳамасолаи он, созмондиҳии феҳристи ягонаи электронӣ ва китобхонаи электронии китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), баррасии пешниҳоди Озарбойҷон ба ЮНЕСКО, таҳкими равобити тарафайни китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), интихоби раиси нави Шӯрои китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) мавриди баҳсу баррасӣ қарор гиифт.
Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи ояндаи директорони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) дар Туркия баргузор мегардад.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода баробари иштирок дар чорабиниҳои мазкур бо намояндагони китобхонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла директорони китобхонаҳои миллии Озарбойҷон, Россия, Удмуртия, Казоқистон, Қирқизистон, Узбекистон, Туркманистон, Беларус, Китобхонаи давлатии Россия, Китобхонаи президентии ба номи Б.Н. Елсин, директори генералии Китобхонаи давлатии умумироссиягии адабиёти хориҷӣ ба номи М.И. Рудомино оид ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд – мубодилаи китоб, рўзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ, таҷрибаомўзии мутахассиони соҳаи китобдорӣ, автоматикунонии равандҳои китобдорӣ-иттилоотӣ, роҳу услубҳои нави тарғиби китоб ва ҷалби наврасону ҷавонон ба хониш суҳбату мулоқот анҷом дод.