Сафарзода Гулбегим Гурез «Баландбардории фоидаи корхонаҳои саноати маҳсулоти ширӣ»
Дар ин китоб асосҳои назариявии мудирияти баландбардории фоидаи корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширй таҳқиқ гардида, консепсияҳои илмӣ оид ба нақши фоида дар корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва идоракунии зиёд намудани ҳаҷми он дида шудаанд.
Ҳолати муосири идоракунии баландбардории фоидаи корҳонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар мисоли корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширии шаҳри Душанбе таҳқиқ карда шуда, дар шароити рақобати бозорӣ бо роҳи вусъат бахшидан ба идоракунии рушди интенсивонии фаъолияти баландбардории фоидаи корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ нишон дода шудааст. Дар кор такмилдиҳии роҳҳои идоракунии баландбардории фоидаи корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар шаҳри Душанбе бо ҷудокунии перспективаи самтҳои афзалиятноки фоидагирии корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ асоснок гаштаанд.
Китоб ба кормандони илмӣ, мутахассисони соҳа, омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси иқтисодӣ ва доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.
Дар пешгуфтори китоб омадааст, ки мақсади таҳқиқоти мазкур дар коркарди роҳҳои самараноки идоракунии иқтисодии баландбардории фоидаи корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар марҳилаи таъмини рушди босуръати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мутобиқи мақсади гузошташуда таҳқиқи чунин вазифаҳо ҳангоми зоҳир гардидани муносибатҳои иқтисодӣ дар ҷараёни баландбардории фоидаи корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар мисоли корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширии шаҳри Душанбе ҳал карда шудааст:
- таҳқиқи асосҳои назариявии мафҳуми категорияи иқтисодии идоракунии баландбардории фоидаи корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва муайян намудани манбаҳои ташаккули фоида;
- таҳлили вазъи воқеии фоидаоварии корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва муайян кардани таъсири ҳамаи омилҳои хоҷагидории истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ба ин нишондиҳанда;
- муайян кардани роҳҳои оптималии идоракунии иқтисодии баландбардории фоидаи корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ бо назардошти нигоҳ дошта тавонистани сатҳи таъмини аҳолии шаҳри Душанбе ба маҳсулоти ширӣ;
- нишон додани бартарияти муносибатҳои иқтисодии самтҳои идоракунии баландбардории фоидаи корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар баландбардории рақобатпазирии моли корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар бозори истеъмолӣ;
- пешниҳод кардани механизмҳои иқтисодии идоракунии баландбардории фоидаи корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар шароити васеъ ҷорӣ кардани методҳои нави ташкили истеҳсоли корхонаҳои соҳа;
- коркард ва пешниҳоди механзимҳои иқтисодии идоракунии баландбардории фоидаи корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар шароити нигоҳ доштани рақобатпазирии маҳсулоти корхона дар вақти таъмин кардани рушди инноватсионӣ ва паст кардани нархи фурӯши маҳсулоти корхона.
Асосҳои назариявӣ-методологии тадқиқотро асарҳои илмии классикони назарияи иқтисодӣ, дастовардҳои илмии иқтисоди ҷаҳонӣ, консепсияҳои олимони хориҷӣ ва ватанӣ дар соҳаи илми иқтисодӣ, иқтисодиёти корхона ва таҳлили фаъолияти хоҷагидории корхона ва махсусан, доир ба идоракунии фоида ва роҳҳои баланд бардоштани он дар корхонаҳои саноатӣ ташкил намуданд. Ҳангоми навиштани рисола баромадҳо ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисоботҳои молиявии фоида ва зарари корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширии шаҳрӣ Душанбе, маводи чопи даврагии иқтисодӣ ва ВАО, маводи таҳлилӣ ва тадқиқотӣ, захираҳои иттилоотии шабакаи “Internet” истифода шудаанд.
Натиҷаҳо аз ҷараёни коркарди нақшаҳои идоракунии фоидаи корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ширии шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркарди рушди соҳа дар оянда истифода шуда метавонанд. Инчунин натиҷаҳои тадқиқотро дар ҷараёни фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва корхонаҳои ҷудогонаи хусусии соҳа дар ҷодаи коркарди барномаҳои рушди корхонаҳои саноати истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар шаҳри Душанбе ва миқёси вилоятҳои кишвар, омӯзиши фанҳои микроиқтисод, ташкили истеҳсолот дар корхона, менеҷменти стратегӣ, таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ, маркетинг ва таҳқиқоти минбаъдаи муаммоҳои ташаккулёбии фоидаи корхонаҳои саноатӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолии кишвар истифода намудан мумкин аст.
Хонандагон китоби мазкурро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.
Шакли электронии китоб ин ҷост: БАЛАНДБАРДОРИИ ФОИДАҲОИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ МАҲСУЛОТИ ШИРӢ