“Саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик”. Маҳфили фарҳангӣ  дар Китобхонаи миллӣ

Дар Китобхонаи миллӣ бо мақсади арҷгузори ба хидматҳои шоистаи овозхон, фалаксаро ва оҳангсози суннатии тоҷик Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Узбекистон, барандаи Ҷоизаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2012), дорандаи  Ордени «Шараф» дараҷаи I; Ордени «Дӯстӣ»; Ордени дараҷаи олии сарояндагӣ ва навозандагӣ Давлатманд Холов таҳти унвони “Саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик” маҳфили фарҳангӣ доир шуд.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода наздикону пайвандни устод Давлатманд Холов ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.

Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода суханронӣ кард. Профессор Файзализода доир ба рӯзгори нобиғаи санъати тоҷик сухан карда гуфт, ки Давлатманд Холов ба сифати мусиқишиноси касбӣ ва иҷрокунандаи беҳамтои мусиқии анъанавӣ бисёр шохаҳои муҳими ғазалу таронаҳо ва қисматҳои мусиқии фалакро бо сабки хос суруда, мусаннифи садҳо суруду таронаҳо аз осори шоирони классику муосир ва эҷодиёти халқ аст. Сурудаҳои ӯ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои форсизабон низ машҳур гаштаанд. Давлатманд Холов яке аз сутунҳои устувори кохи бегазанди санъати «Фалак» буд, ки тамоми умри пурбаракаташро фидокорона барои рушду нумўи санъати касбӣ сарф намудааст.

Дар идомаи суханронии худ Директори Китобхонаи миллӣ фармуд: “Давлатманди Хол падари Фалак аст! Бидуни ягон шакку шубҳаву тардид. Зеро ӯ ба фалак дар давроне майл карду пурра худро ба он бахшид, ки «Фалак» унсури санъати миллӣ маҳсуб намерафт. Ҳокимони давру замон «Фалак»-ро чун фолклор ва ё худ як ҷузъи санъати даҳонӣ муаррифӣ кардаву ба ягон саҳнаи расмӣ ва консертҳои бузург роҳ намедоданд”- илова намуд, Файзализода зимни суханронии худ.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар дар идомаи ҳамоиш суханронб кард. Ӯ гуфт Давлатманди Хол, ки аз номоварони ин жанри ҳунарӣ ба ҳисоб меравад, бо савтиёти навъи мусиқӣ ва ҳунари овозҳонии “Фалакиёт”, ки ба навъҳои “Даштӣ”, “Роғӣ”, “Кўҳистонӣ”, “Қаландарӣ”, “Дарвешӣ”, “Ишқӣ”, “Иҷтимоӣ” ва ғайра ҳамбастагии қавӣ бо такмил ва навгароӣ дубора эҳё намудааст, ба хазинаи маънавии санъати халқӣ афзунӣ бахшидааст.

Дар ҳамоиш, Сафаралӣ Қурбоналиев роҳбари дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон низ суханронӣ карда, иброз дошт, ки фалаки кӯҳистонии миллати тоҷик тавассути устоди ҳунар Давлатманд Холов машҳур гардид. Аз ин лиҳоз саҳми устоди зиндаёд дар рушду инкишофи ин жанри мусиқӣ басо бузург аст.

Рӯзноманигор ва мақоланависи шинохта Алихон Зарифӣ  зимни суханронии худ гуфт, ки ба мо гуфт, ки Давлатманд Холов як шахсияти нотакрор дар роҳи санъат ва фалакхонӣ буданд. Устод истеъдоди Худододӣ доштанд ва жанри фалакро ба авҷи аъло расониданд.

Дар идома, мудири шуъбаи  санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Аслиддин Низомӣ таҳти унвони “Давлатманд Холов ва рушди мусиқии тоҷик”, Мушовири  адабии   Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода Акбар Абдулло таҳти унвони “Хотираҳо аз устод Давлатманд Холов” ҳамчунин ҳунармандони маъруф Файзалӣ Ҳасан, Ортиқи Қодир, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва наздикони устод Давлатманди Хол дар маҳфил аз хотираҳои неки ӯ ёд карда, хотири ин фалаксарои зиндаёдро гиромӣ доштанд.

Ҳамчунин, дар маҳфил сурудҳо аз эҷодиёти устоди ҳунар Давлатманд Холов дар иҷрои писарашон Лоиқ Холов ва пайравони мактаби адабию фарҳангии устод пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки устод Давлатманд Холов яке аз тарғибгарони бузурги санъати касбии тоҷик маҳсуб мешавад. Сурудаҳои ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои форсизабон низ шунавандаи худро доранд.

Шодравон Давлатманд Холов дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) дар оилаи ҳунарманди суннатии тоҷик ва аҳли фарҳанг ба дунё омадааст. Ӯ аз овони наврасӣ бо хондани сурудҳои мардумӣ шӯҳрат пайдо кард. Нахустин оҳанги худро Давлатманд Холов дар соли 1963 дар синни 13-солагӣ ва дар сугвории падараш хондааст. Ӯ навохтани бисёре аз созҳои мусиқӣ ва муҳаббат ба ашъори Мавлоно Румиро аз падараш мерос гирифтааст.

Соли 1971 ба шуъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил мешавад. Баъди хатми Донишкада ба Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кўлоб ба кор меояд. 20-уми июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кўлоб таҳти сарварии ҳунарманди варзида Давлатманд Холов Ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Аз соли 2004 бо таъсис ёфтани Ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии он кор кардааст. Ҳунарманд, инчуин ба ҳайси омўзгорӣ Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов кор кардааст.

Ӯ дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш қариб ба 100 мамолики ҷаҳон беш аз 150 сафари ҳунарӣ анҷом дода, санъати миллиро муаррифӣ кардааст. Матни бештари сурудҳои ў ашъори Мавлоност. Зеро мегуфт: дар ғазалиёти Мавлоно ғаразе нест ва аз сўйи дигар ба ашъори ў метавон ба роҳат оҳанг баст.

Давлатман ХолДавлатманд Холов ба сифати мусиқишиноси касбӣ ва иҷрокунандаи беҳамтои мусиқии анъанавӣ бисёр шохаҳои муҳими ғазалу таронаҳо ва қисматҳои мусиқии фалакро бо сабки хос суруда, мусаннифи садҳо суруду таронаҳо аз осори шоирони классику муосир ва эҷодиёти халқ аст. Сурудаҳои ӯ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои форсизабон низ машҳур гаштаанд. Давлатманд Холов яке аз сутунҳои устувори кохи бегазанди санъати «Фалак» буд, ки тамоми умри пурбаракаташро фидокорона барои рушду нумўи санъати касбӣ сарф намудааст.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.

 

Теги: адабиёт доир ба фарҳанг, робита бо ҷомеа