Саҳми Китобхонаи миллӣ дар баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳафтум маротиба дар мамлакат баргузор мегардад, ки ба андешаи коршиносон ва донишмандон ин тадбир дар самти кашфи истеъдодҳои нави сухандону китобхон дар ҷомеа мусоидати ҷиддӣ кардааст. Ин озмун дар давоми солҳои 2019-2025 ҳаводорони зиёд пайдо карда, ба мактаби воқеии худшиносиву худогоҳии миллӣ ва минбари баланди арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни башарӣ табдил ёфт. Ҳамзамон, озмуни мазкур шавқи китобхониро дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа баланд бардошта, дар замири наврасону ҷавонон малакаи донишандўзиро бедор кард.

Лозим ба ёдоварист, ки соли дуюм аст, ки бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ дар радифи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фурўғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад. Дар робита бо ин, тамоми кормандони Муассиса барои дар сатҳи баланд баргузор шудани озмунҳои мазкур саъю кўшиш ба харҷ медиҳанд. Барои ташкил ва гузаронидани озмунҳои зикршуда дар китобхона толорҳои махсус бо тамоми шароит, аз ҷумла бо пешниҳоди адабиёти чопӣ ва электронӣ, тибқи рўйхати адабиёти тавсияшаванда барои довталабони озмунҳо муҳайё карда шудааст.

Дар созмондиҳӣ ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ саҳми   Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази «Тоҷикшиносӣ», Шуъбаи менеҷмент ва маркетинги фаъолияти китобдорӣ, Бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи Китобхонаи миллӣ   назаррас мебошад. Масъулини ин ниҳодҳо ҷиҳати иштироки довталабон ба озмунҳо ва давраҳои баргузории онҳо иттилои заруриро тавассути васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сомонаи худи Китобхонаи миллӣ саривақт пахш менамоянд.

Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Илм ва табиат», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Душанбе», Агентии иттилоотии «Ховар», радиоҳои «Азия Плюс», «Фарҳанг, «Тоҷикистон» ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарномаҳо оид ба озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» ва давраҳои баргузории он пахшу паҳн карда мешаванд.

Кормандони Китобхона бо як қатор иштирокчиёни озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» аз Донишгоҳи байналмилаии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода нишастҳо баргузор намуда, вобаста ба дуруст омода намудани ҳуҷҷатҳо ба даври ҷамъбастии озмун корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд. Ҳамзамон бо ҳамин мақсад кормандони Китобхонаи миллӣ ба Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази омўзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла ба Коллеҷи омўзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, Коллеҷи кўҳии ба номи Соро Юсуфова дар назди Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон сафарбар гардида, суҳбату вохўриҳо доир намуданд. Зимни суҳбату мулоқотҳо маълум гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, хонандагон ҷиҳати иштирок дар ин озмунҳо майлу рағбати беандоза дошта, зери роҳбарии устодони ботаҷриба омодагии ҷиддӣ мебинанд.

Хурсандибахш аст, кормандони Китобхонаи миллӣ дар баробари фаъолияти роҳбаладӣ худ низ ҳамчун довталаб – иштирокчии бевоситаи озмунҳо мебошанд. Масалан, мутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»  Назира Доруева баъд аз иштирок дар давраи аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби ҳакамон ба давраи ноҳиявии озмуни мазкур роҳхат гирифт.

Дар маҷмуъ метавон хулоса намуд, ки Китобхонаи миллӣ барои дар сатҳи баланд доир намудани озмунҳои ҷумҳуриявии китобхонӣ тамоми шароитҳоро муҳайё сохта, ҳамчун роҳбалад саҳм мегирад.

Меҳроҷ КОМИЛОВ,
сардори шуъбаи
илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ